20:22:32 07-уми Июни 2025 сол
Внимание
  • Lack of access rights - File '/images/stories/2010/09/13_borderposterk125478933'
  • Lack of access rights - File '/images/stories/2010/09/13_borderposterk125478933'

ҶУЗЪИЁТИ ТОЗАИ ҲОДИСАИ ДАРГИРӢ ДАР МАРЗ

Бештари афроде, ки шаби 8 сентябр қасди вуруд аз Афғонистон ба Тоҷикистонро доштанд, аъзои ҷунбиши Толибон ва Ҷунбиши Исломии Ӯзбакистон (ҶИӮ) будаанд. Дар пайи даргирӣ бо марзбонони тоҷик, беш аз 20 тан аз ин афрод кушта шудаанд. Ин ҳодиса дар ҷазоири рудхонаи Панҷ дар марзи миёни Тоҷикистон ва Афғонистон рух додааст. Ин ҷазоир қаламрави озод дар миёни Тоҷикистон ва Афғонистон ҳастанд, ки то соли 2001 паноҳгоҳи аслии гурезаҳои афғон маҳсуб мешуд.

 

Манобеъи марзбонӣ гуфтанд, ки марзшиканон бархе аз аҷсоди ҳамдастони кушташудаи худро ба рӯдхонаи Панҷ андохта, бархе аз онҳоро бо худ бурдаанд. Манобеъи раёсати марзбонии Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон мегӯянд, дар чанд соли ахир дар марзи миёни Афғонистон бо Тоҷикистон чунин ҳодисаи талоши дастҷамъонаи убури ғайриқонунӣ аз марз бесобиқа будааст.

 

Ба гуфтаи ин манобеъ, теъдоди ин гурӯҳ ҳудуди чиҳил нафар будааст. Дар маҳалли даргирӣ марзбонон миқдоре аз маводди мухадирро низ кашф кардаанд. Ҳамчунин миқдори зиёди адабиёти мазҳабӣ ва ифротгароёна ва аслиҳа мусодира шудааст. Маркази матбуъотии раёсати марзбонии Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон хабар дод, ки ҳодисаи талоши убури ғайримуҷози ин гурӯҳ аз марз таввасути Сафаралӣ Қурбонови 23-сола, як марзбони тоҷик ошкор шудааст.

 

Худи оқои Қурбонов дар натиҷаи ҳамлаи мусаллаҳонаи марзшиканон ба ӯ кушта шуд, вале ӯ тавонистааст қабл аз ҷароҳат бардоштан ба посгоҳи марзбонон за талоши марзшиканон хабар диҳад. Дар ҳамин ҳол, манобеъи нерӯҳои интизомии Афғонистон хабар доданд, ки ин гурӯҳи беш аз чиҳилнафарӣ дар пайи таъқиби нерӯҳои эътилофи НОТУ ва ниҳодҳои низомии Афғонистон дар ин кишвар, хостанд дар қаламрави Тоҷикистон паноҳ бибаранд.

 

Манобеъи Афғонистон бар ин боваранд, ки ин афрод аъзои ҷунбиши Толибон буданд ва мавриди пайгарди қонунӣ қарор доштанд. Ҳамзамон Муҳаммад Аюб Ҳақёр, раиси вулусволии Имом Соҳиби Афғонистон ба хабаргузории мустақили "Пажвок" дар ин кишвар гуфтааст, ки эҳтимол дорад дар миёни ин афрод зиндониёни фирории тоҷик низ буда бошад.

 

Дар таҳаввуле дигар, як манбаи пулиси Тоҷикистон, ки аз бурдани номаш худдорӣ кард, хабар дод, ки ҳуввияти яке аз маргталабон, ки ба сохтмони пулис дар шаҳри Хуҷанд ҳамлаи интиҳорӣ анҷом додаанд, мушшахас шудааст. Ин манбаъ бидуни номбурдан аз ин фард, танҳо гуфт, ки вай аз фаъолони ҶИӮ дар виоляти Суғд будааст. Мақомоти вазорати умури дохилаи Тоҷикистон низ субҳи рӯзи 3 сентябр, баъд аз вуқӯъи ин ҳодиса изҳор доштанд, ки ҶИӮ аз омилони ин ҳамла мебошад.

 

Мақомоти Тоҷикистон пайваста аз густариши фаъолияти ҶИӮ дар қаламрави ин кишвар изҳори нигаронӣ мекунанд. Тобистони имсол дар посгоҳи Майхура дар роҳи мошингради Душанбе-Хуҷанд як маъмури пулис аз сӯйи афроди ношинос кушта шуд. Дар пайи амалиёти боздошти ин афрод ду нафар кушта шуд, ки маъмурони пулис онҳоро аъзои ҶИӮ муаррифӣ карданд.

 

Миёни фирориёни боздоштгоҳи Кумитаи давлати амнияти миллии Тоҷикистон, ки шаби 23 август рух дод, низ ду нафар аз аъзои ҶИӮ буданд, ки барои фаъолиятҳои ғайримуҷоз ба мӯҳлатҳои тӯлонӣ равонаи зиндон шуда буданд. Ахиран, Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон баъд аз боздошти ду нафар аз фирориён эълом кард, ки ин афрод қасд доштаанд, қаламрави кишварро тарк накарда, балки ба анҷоми аъмоли теруристӣ машғул шаванд.

 

Би-Би-Си

Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/news/13-news/3105-2010-09-13-13-07-59.html

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854