17:49:13 01-уми Июни 2025 сол
Внимание
  • Lack of access rights - File '/images/stories/2010/09/23_ahmadov_25487'
  • Lack of access rights - File '/images/stories/2010/09/23_ahmadov_25487'

ПУЛИС: АҲМАДОВ ЗИНДА, ВАЛЕ ФИРОР КАРДААСТ

Пулиси Тоҷикистон хабар дод, ки Мирзохӯҷа Аҳмадов тавонистааст, аз амалиёти нерӯҳои амниятӣ ҷон ба саломат бубарад. Тибқи иттилоъи пулис оқои Аҳмадов, фармондеҳи мухолифони пешини давлати Тоҷикистон фирор карда, феълан амалиёти ҷустуҷӯй ва боздошти вай идома дорад.

 

Ҳамчунин ин манбаъ хабар дод, ки теъдоди кушташудагон дар ҳамла ба низомиён дар дараи Камароб ба 28 нафар расидааст. Маҳмадулло Асадуллоев, сухангӯйи Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон, рӯзи панҷшанбеи 23 сентябр ба Би-би-сӣ гуфт, ки Мирзохӯҷа Аҳмадов, собиқ фармондеҳи нерӯҳои мухолифони собиқ, зинда аст ва аз маҳали амалиёти нерӯҳои давлатӣ фирор кардааст. Оқои Асадулолев афзуд, феълан ниҳодҳои интизомӣ ва амниятӣ машғули идомаи амалиёти боздошти ин фармондеҳи собиқ ҳастанд.

 

Вай ҳамчунин хабард дод, ки исми Олим Одилов, яке аз шахсони наздик ба оқои Аҳмадов, ки тайи чанд рӯзи ахир дар робита ба буду боши оқои Аҳмадов ба хабарнигрон иттилоъ медод, дар феҳристи фавтидагони амалиёти рӯзи гузашта набудааст. Ин масъули пулис ба далели ворид накардани ихлол дар идомаи амалиёт аз ироаи номи панҷ тан аз кушташудагон дар ин амалиёт худдорӣ кард.

 

Баъд аз зуҳри рӯзи чаҳоршанбе, нерӯҳои амниятӣ дар ноҳияи Рашт барои боздошти Мирзохӯҷа Аҳмадов ва ҷонибдоронаш амалиёти вижа оғоз карданд, ки панҷ кушта бар ҷоё гузошт. Эълом шуд, Ҳалим Исоев, як нафар, ки ӯ ба унвони тарафдори Мирзохӯҷа Аҳмадов муъаррифӣ мешавад, 22 августи соли ҷорӣ дар шаҳри Душанбе боздошт шуда буд.

 

Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон оқои Аҳмадовро аз дастандаркорони ҳамла ба низомиён дар дараи Камароб хонда ва эълом кардааст, ки “Мулло Абдуллоҳ”, ки дар оғоз мубтакири аслии ин қазия унвон шуда буд, муддати тӯлонӣ дар манзили Мирзохӯҷа Аҳмадов паноҳ бурдааст.

 

Худи оқои Аҳмадов дар мусоҳибаи дирӯзи худ бо ҳафтаномаи Asia Plus, нашрияи русизабони чопи Душанбе гуфта буд, ки “якҷоя бо нерӯҳои давлатӣ барои муқобала бо гурӯҳи “Мулло Абдуллоҳ” омода аст, вале давлатиҳо инро нахостанд”.

 

Вай дар мусоҳиба ба ин нашрия ҳамчунин гуфтааст, ки ӯ дар охири даҳаи 1990 якҷо бо нерӯҳи давлатӣ гурӯҳи “Мулло Абдуллоҳ”-ро ба муҳосира гирфита буд, вале дар ниҳоят давлат ба Мулло Абдуллоҳ иҷоза дода буд, ки вай бо тарафдоронаш “бо утубусҳо аз маҳалли муҳосира берун шавад”.

 

Аз сӯйи дигар, ба назар мерасад ки Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон то як моҳи қабл аз фаъолиятҳои ғайриқонунии оқои Аҳмадов огоҳ будаанд. Ҳамакнун суоли матраҳ ин аст, ки чаро дар ин муддат Мирзохӯҷа Аҳмадов боздошт нашуда буд?

 

Ин дар ҳолест, ки то даҳ рӯзи қабл аз баргузории музокироти мақомоти низомӣ, интизомӣ ва амниятии Тоҷикистон бо фармондеҳони собиқи мухолифон, аз ҷумла бо Мирзохӯҷа Аҳмадов дар ноҳияи Рашт гузориш шуда буд. Бо ин вуҷуд, ҳоло Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон иддаъо дорад, ки оқои Аҳмадов қасд доштааст, дар пойтахти кишвар чанд амали теруристӣ анҷом бидиҳад.

 

Мавзӯъи дигари матруҳа ин аст, ки рӯзи вуқӯъи ҳамла ба низомиён дар дараи Камароб, Вазорати дифоъи Тоҷикистон гурӯҳҳои “Мулло Абдуллоҳ” ва “Алӣ Бедак”-ро дар ин ҷионят муттаҳам карданд, вале акнун ниҳодҳои амниятӣ мегӯянд, ки Мирзохӯҷа Аҳмадов ин “ҳамлаи ноҷавонмардонаро сарварӣ мекард".

 

Дар ҳамин ҳол Маҳмадулло Асадуллоев хабар дод, ки шаби гузашта дар бемористонҳо боз се тан аз сарбозоне, ки мавриди ҳамла қарор гирфита ва ҷароҳатҳо бардошта буданд, ҷони худро аз даст додаанд.

 

Ба ин тартиб, теъдоди расмии кушташудагон дар пайи ҳамалаи Камароб ба 28 нафар расид. Вале манобеъи ғайрирасмӣ мегӯянд, теъдоди кушташудагон бештар аз ончи эълом шудааст мебошад ва эҳтимол дорад, чанд тани дигар ба асорати гурӯҳи ҳамлагар даромада бошанд. Вазорати дифоъи Тоҷикистон имрӯз хабар дод, ки ба хонаводаи ҳар як сарбоз ва афсари фавтида дар ин ҳамла кӯмаки пулӣ расонида мешавад.

 

МАҚОМОТИ ТОҶИКИСТОН МИРЗОХУҶА АҲМАДОВРО МАСЪУЛИ КУШТАНИ НИЗОМИЁН ХОНДААНД

ИТТИҲОМИ ТЕЛЕВИЗИОНӢ АЛАЙҲИ МИРЗОХӮҶА АҲМАДОВ

Би-Би-Си

Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/news/13-news/3192-2010-09-23-09-03-12.html

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854