ХАБАРҲОИ ЗИДДУНАҚИЗ АЗ ДАРАИ КАМАРОБ
Мақомоти Тоҷикистон гузоришҳои нашршуда дар бораи вуқӯъи даргириҳои ҷадид дар дараи Камароб, 185-километрии шарқи Душанберо радд мекунанд. Тоҳир Норматов, сардори ситоди вазорати умури дохила дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ ин хабарҳоро бепоя хонд ва гуфт, рӯзи шанбеи 2 октябр дар он минтақа ягон садои тир баланд нашудааст. Якчанд соат пеш хабаргузории русии ИТАР-ТАСС бо такя ба манобеи худ дар ниҳодҳои қудратии Тоҷикистон аз оғози задухӯрди байни нерӯҳои давлатӣ ва гурӯҳҳои шӯришӣ иттилоъ дод.
ИТАР-ТАСС гуфт, ки даргириҳо дар баландкӯҳҳои дараи Камароб, воқеъ дар қисмати шарқии Тоҷикистон, идома дорад ва мақомоти кишвар гуфтаанд, ки гурӯҳҳои мусаллаҳ аз мухолифони давлат ва зархаридони хориҷӣ иборатанд. Ёдовар мешавем, ки вазъ дар минтақаи кӯҳдомани Камароб сар аз 19-уми сентябр ноором шуда, даргириҳои ҳукумат бо гурӯҳҳои мусаллаҳ қурбониҳоеро ҳам ба бор овардааст.
Ахиран дабири Шӯрои амнияти Тоҷикистон Амирқул Азимов, ки сафареро дар ҳамин минтақа анҷом медиҳад, ба хабарнигорон гуфт, аз гурӯҳҳои мусаллаҳ талаб дорад, ки оҷилан силоҳ ба замин гузоранд, ё комилан аз байн бурда хоҳанд шуд. Ҷаноби Азимов ҳамчунин гуфта буд, ки мақомоти Тоҷикистон кишварҳои ҳаводори нооромӣ дарТоҷикистонро мешиносанд ва агар онҳо аз "аъмоли фитнаангез"- и худ даст накашанд, мақомот далели тахрибкориҳои онҳоро ошкор хоҳанд кард.
ШУРӮИ ДУБОРАИ ДАРГИРИҲО ДАР ДАРАИ КАМАРОБ
«Озодӣ»
Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/news/13-news/3268-2010-10-02-15-13-19.html