07:28:34 08-уми Июни 2025 сол

ДАЪВАТИ Э. РАҲМОН БА ТАҚВИЯТИ КОРИ СОЗМОНИ АВРУОСИЁ

Раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, ба тақвияти кори шӯрои байнидавлатии созмони ҳамкориҳои Авруосиё даъват кард.

 

Дар нишасти сарони ин ниҳод дар Маскав, пойтахти Русия, Раҳмон гуфт, густариши фаъолияти он ба рафъи пайомадҳои бӯҳрони ҷаҳонии молиявӣ ва иқтисодӣ мусоадат хоҳад кард. Дар ин ҳамоиш масъалаҳои марбут ба бунёди Иттиҳоди гумрукӣ ва фазои ягонаи иқтисодӣ, иттиҳоди нақлиётӣ, амнияти озуқавӣ ва муҳоҷирати корӣ баррасӣ шуданд. Русия, Беларус, Тоҷикистон, Қазоқистон ва Қирғизистон аъзои созмони ҳамкориҳои Авруосиё ҳастанд. Узбакистон узвияти хешро дар они ба ҳоли таълиқ дароварда, Арманистон узви нозир ба шумор меравад.

 

«Озодӣ»

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854