БОЗДОШТИ ЧАҲОР НАФАР БАРОИ ГАРАВГОНГИРӢ
Чаҳор сокини ноҳияи Мастчоҳи вилояти Суғд ба иттиҳоми гаравгонгирии як табаъаи Ӯзбакистон аз сӯйи маъмурони пулиси маҳаллӣ боздошт шудаанд. Ин афрод ба гаравгонгирии Беҳзод Холбоев, як сокини Ӯзбакистон, муттаҳам шудаанд.
Бино ба иттилоъи Раёсати умури дохилаи вилояти Суғд, афроди муттаҳам рӯзи 2 декабр аз ҳудуди деҳаи Гулистони ноҳияи Мастчоҳ, Беҳзод Холбоеви 21-соларо бо роҳи зӯрӣ боздошт карда ва барои ба хонааш баргаштан аз волидонаш ду ҳазор дулои омрикоӣ талаб кардаанд. Ноҳияи Мастчоҳ дар шимоли Тоҷикистон бо ноҳияи Бекободи Ӯзбакистон ҳаммарз аст. Беҳзод Холбоев сокини ноҳияи Бекободи Ӯзбакистон буда ва зоҳиран барои анҷоми коре вориди Тоҷикистон шудааст.
Пулис мегӯяд, ки дар амалиёте вижа Беҳзод Холбоев аз дасти ин афрод раҳо карда шуда, вале дар ин робита чаҳор сокини ноҳияи Мастчоҳ боздошт шудаанд. Бино ба иттилоъи манобеъи пулис, мақомоти марбута Мастчоҳ бар асоси моддаи 181 қонуни кайфарии Тоҷикистон алайҳи ин чаҳор сокини ноҳияи ба иттиҳоми одамрубоӣ парвандаи ҷиноӣ боз кардаанд.
Би-Би-Си