09:47:12 08-уми Июни 2025 сол

НИГИНА РАУФОВА, САРОЯНДАИ "АСКАРБАЧА" ДАРГУЗАШТ

Субҳи рӯзи чаҳоршанбеи 22 декабр Нигина Рауфова, овозхони машҳури тоҷик ва дорандаи ҷоизаи давлатии Абӯабдуллои Рӯдакӣ дар синни 65-солагӣ даргузашт. Тибқи иттилоъи расида аз афроди наздик ба вай, хонум Рауфова дар асари сактаи қалбӣ даргузаштааст.

 

Нигина РауфоваРӯзи чаҳоршанбеи 22 декабр соъати дуи пас аз зӯҳр дар манзили Нигина Рауфова маросими видоъ бо ӯ сурат мегирад ва соъати сеи пас аз зӯҳр ҷанозаи ин ҳунарманди шуҳратёр дар қабристони маҳаллаи Лучоб ба хок супорида хоҳад шуд. Нигина Рауфова, ҳунарманди мардумии Тоҷикистон умдатан дар жонри мусиқии мардумӣ ва шашмақом овозхонӣ карда ва дар солҳои 1970 ва 1980 ба авҷи шӯҳраташ расида буд. Хонум Рауфова тахассуси вижаи мусиқӣ надошт, вале замоне, ки дар дастаи мусиқии корхонаи бофандагӣ дар соли 1969 ҳунарнамоӣ кард, ӯро ба хотири истеъдоди ҳунарӣ ва овози дилнишинаш ба гурӯҳи мусиқии касбии "Рубобнавозон" ба кор гирифтанд.

 

Дертар ӯ бо ҳунари овозхониаш дар саросари Тоҷикистон шӯҳратёр шуд ва ӯро барои кор ба Кумитаи родию ва телевизиюни ин кишвар барои кор даъват карданд. Овозхон Саидқул Билолов, ҳамкасб ва ҳамкори чандинсолаи Нигина Рауфова марги нобаҳангоми ӯро талафоти бузург барои ҳунари тоҷик хонд.

 

Вай гуфт: “Нигина барои ҳамеша дар дилҳои мо ҳамчун овозхоне, ки истеъдоди худодод дошт боқӣ мемонад. Овози ӯ, симои ӯ, либоси ӯ, рафтори ӯ хеле тоҷикона буд ва беҳтарин сурудҳои мардумӣро низ Нигина иҷро кардааст.”

 

Нуқра Раҳматова, овозхони дигари маъруфи тоҷик ва дӯсти деринаи Нигина Рауфова мегӯяд, ки имрӯз қабл аз ҳама бо дӯсташ видоъ мекунад, то бо ситораи мардумӣ. Вай гуфт, бовараш намеояд, ки “дигар ҳеҷ гоҳ дар маҳфилҳои дӯстона, латифаҳои Нигина, саргузаштҳои хандадор ва хандаи ӯро” нахоҳад шунид.

 

Хонум Раҳматова афзуд: “Ҳама медонад, ки ҳарчанд Нигина тахассуси мусиқии касбӣ надошт, аммо садҳо маротиба беҳтар ва касбитар аз бештари овозхонҳои касбӣ буд. Нигина ҳеҷ оҳанге нахондааст, ки маъруф нашуда бошад ва дар дили мардум барои ҳамеша ҷоқ пайдо накарда бошад.”

 

Ҳарчанд Нигина Рауфова дар соли 1989 бознишаста шуд, вале то поёни умри худ дар гурӯҳи мусиқии "Дарё" дар Кумитаи родию ва телевизиюни Тоҷикистон фаъолияти ҳунарии худро идома дод. Нигина Рауфова 21 майи соли 1945 дар ноҳияи Файзободи Тоҷикистон ба дунё омада дар авоили даҳаи 1970 вориди арсаи ҳунар шуд.

 

Оҳангҳои "Аскарбача", "Қадат баланд аст", "Ман садқаи ту", "Духтари каҷтоқӣ" аз миёни таронаҳои машҳури Нигина Рауфова маҳсуб мешаванд. Вай дар соли 1977 унвони Артисти халқии Тоҷикистон ва дар соли 1996 ҷоизаи Абӯабдуллоҳ Рӯдакӣ, аз муҳимтарин ҷавоизи ҳунариро ба худ ихтисос дод.

 

Би-Би-Си

Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/news/28-latestnews/3944--qq-.html

Шарҳҳо   

 
+3 #3 Guest 22.12.2010 21:55
Иннолиллохи ва иноиллохи рочиъун. Худованд хонаи охиратуша обод гардонад. Бисёр шахсияти бузургдил буданд.
 
 
+3 #2 Guest 22.12.2010 16:26
Худо рахмат кунад апаи Нигинаро. Дар зиндагиаш хазорхо инсонро дами хурсанди бахшидааст. Худованд уро эътои чое дар бихишт хурсанд бисозад. Омин ё Раббулоламин
 
 
+2 #1 Guest 22.12.2010 14:53
Худованд ин апаи мархуми моро хонаи охираташро обод гардонад. Ба бозмондагони апаи Нигина аз Худованди мехрабони сабри чамил хохонам. Худованд хамаи мову шуморо биёмурзад...
 

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854