11:12:38 01-уми Июли 2025 сол

ЯКЕ АЗ БИНОҲОИ ДОНИШГОҲИ ДАВЛАТИИ ХУҶАНД ОТАШ ГИРИФТ

Субҳи рӯзи сешанбеи 12 апрел дар сохтмони факултети санъати Донишгоҳи давлатии шаҳри Хуҷанд ба номи Бобоҷон Ғаффуров оташсӯзии бузурге ба амал омад. Ин бино, ки дар хиёбони ба номи Фирдавсӣ, дар маркази шаҳри Хуҷанд воқеъ аст, ҳудуди соъати 8:30 субҳ оташ гирифт.

Гуфта мешавад ошёнаи дуввуми ин бино дар асари оташсӯзӣ комилан тахриб шудааст ва оташсӯзӣ ҳамчунон хомӯш нашудааст. Дар бораи осебдидагон ва ё хисороти ворида аз ин оташсӯзӣ иттилоъе нарасидааст. Аммо пулис ва маъмурони давлатӣ ба наздик омадани хабарнигорон ба маҳалли ҳодиса ва ё аксбардории онҳо аз бинои оташ гирифта, монеъ мешаванд.

Ҳоло дар маҳалли ҳодиса куллия бахшҳои оташнишонии шаҳри Хуҷанд ва навоҳии атроф, аз ҷумла Қайроқум ва ноҳияи Бобоҷон Ғаффуров ба талошҳои худ барои фурӯ нишондани оташ талош мекунанд. Ҳанӯз сабаби ба амал омадани сӯхтор мушаххас нест. Сохтмоне, ки ба коми оташ рафт, маҳалли аслии таҳсили донишҷӯёни ҳунари мусиқии клосик ва мардумии вилояти Суғд будааст.

Ин сохтмон аз ҷумла маҳалли кори гурӯҳи мусиқии шинохтаи Тоҷикистон мавсум ба "Нури Хуҷанд", ки раҳбарии онро Ҷӯрабек Муродов, овозхони машҳури шашмақом бар ӯҳда дорад, будааст. Гуфта мешавад, сохтмони факултети санъати Донишгоҳи давлатии шаҳри Хуҷанд яке аз сохтмонҳои қадими шаҳр маҳсуб мешавад ва сохтмон ҳатто қабл аз вуқуъи ҳодисаи оташсӯзӣ фарсуда буду ниёз ба таъмир дошт.

Би-Би-Си

Шарҳҳо   

 
+1 #1 Guest 12.04.2011 21:49
Дар мо дуо рафтагияй.. Бояд ягон университет дар як сол ё ду сол пас бояд бисузад,аниктар аш сузонанд...
 

Назари Шумо

Security code
навсозӣ