МУҲОКИМАИ ПАРВАНДАИ ПИСАРИ СОБИҚ ДОДСИТОНИ КУЛЛ
Додгоҳи олӣ баррасии парвандаи Файзулло Бобохонов, собиқ додситони ноҳияи Ҳисорро шурӯъ кард. Додситонӣ Файзулло Бобохоновро дар асоси 10 модда, ба 22 мавриди нақзи Кодекси ҷиноии Тоҷикистон муттаҳам мекунад.
Абдулхайр Олимов, айбдоркунандаи давлатӣ ҳангоми муаррифии айбнома гуфт, Файзулло Бобохонов ҳангоми муовини додситони ноҳияи Шоҳмансур ва додситони ноҳияи Ҳисор буданаш, ҷиноят содир кардааст. Вай афзуд, писари собиқ додситони кулл бо истифода аз мақоми давлатӣ, зӯроварӣ ва қаллобӣ беш аз 100 ҳазор доллари амрикоиро аз афроди гуногун, аз ҷумла тоҷирон ситонидааст.
Ҳамчунин, додситонӣ писари Бобоҷон Бобохоновро дар харидуфурӯши ғайриқонунии замин, аз ҷумла дар деҳаи Якуми Майи ҷамоати Қӯштеппаи ноҳияи Рӯдакӣ гунаҳкор медонад. Ба иддаои додситонӣ, Бобохонов дар ҳамдастӣ бо ронандаи падараш, ки додситони кул буд, тариқи асноди ҷаълӣ бо заминфурӯшӣ машғул будааст.
Ҳангоми додситони ноҳияи Ҳисор буданаш Файзулло Бобохонов 4,5 гектар замини обии корамро аз худ карда, онро истифода накардааст ва андозу дигар пардохтҳоро дар ҳаҷми беш аз 500 сомонӣ насупурдааст.
Собиқ додситони ноҳияи Ҳисор инчунин барои тақаллуби асноди худу модараш ҳангоми маросими ҳаҷ дар соли 2009 муттаҳам мешавад. Ба гуфтаи ин манбаъ, ӯву модараш, ки сокини Ҳисор набудаанд, аз ҳисоби квотаи ин ноҳия ба ҳаҷ рафтаанд.
Дар як маврид, ба иддаои додситонӣ, Файзулло Бобохонов ба гирифтани пора дар ҳаҷми 2 ҳазор доллари амрикоӣ муттаҳам мешавад, ки бо муфаттиши додситонӣ Шоҳрух Нуралиев тақсим кардаанд. Дар зимн, ахирӣ низ дар парвандаи Файзулло Бобохонов ҳамҷавобгар аст ва ба ҷуз ин маврид, дар як мавриди дигар - ғайриқонунӣ нигоҳ доштани муттаҳам дар боздоштгоҳ гунаҳкор мешавад.
Дар мурофиаи додгоҳии Файзулло Бобохонов, ки ба таври боз баргузор шуд, падараш - Бобоҷон Бобохонов, собиқ додситони кулли Тоҷикистон низ ширкат дошт, аммо ӯ бо рӯзноманигорон сӯҳбат накард. Файзулло Бобохонов дар моҳи июли соли гузашта аз сӯи мақомоти интизомии кишвар дастгир шуд ва додгоҳ низ иҷозаи ҳабси ӯро содир кард.
Фарҳоди Милод, «Озодӣ»