08:32:36 09-уми Июни 2025 сол

ОМОРИ РАСМИИ БЕКОРӢ ДАР ТОҶИКИСТОН

Вазорати кор ва таъмини иҷтимоъии Тоҷикистон гуфтааст, ки дар ин кишвар ҳудуди 47 ҳазор нафар аз бекорон сабт шудаанд. Бар асоси омори расмӣ, ин шумора дар муқоиса бо солҳои қаблӣ коҳишро нишон медиҳад, вале манобеъи мустақил мегӯянд, ки шумори воқеъии бекорон дар Тоҷикистон бамаротиб бештар аз омори расмист.

Маҳмадамин Маҳмадаминов, вазири кор ва таъмини иҷтимоъӣ, ин иттилоъро дар нишасте матбуъотӣ дар ихтиёри хабарнигорон гузошт. Вале оқои Маҳмадаминов афзуд, ки дар се моҳи аввали соли ҷорӣ дар Тоҷикистон беш аз 150 бозори макора (намоишгоҳи ҷойҳои корӣ) баргузор шуд ва дар ҷараёни он беш аз як ҳазор нафар аз бекорон ҷойҳои кори доимӣ пайдо кардаанд.

Коршиносон мегӯянд, ки бо вуҷуди он, ки дар 150 бозори макора машоғили зиёде барои довталабон пешниҳод шуда буд, вале бо таваҷҷӯҳ ба маъоши ночизе, ки барои ин фаъолиятҳо ба сокинон пешниҳод шуда, бисёре аз довталабон аз фаъолият дар ин муассисаҳо ва корхонаҳо худдорӣ мекунанд.

Ва онҳо меафзоянд, ки аксари афроди бекор дар Тоҷикистон кӯшиш мекунад, ки барои пайдо кардани машоғил бо даромади бештар ба хориҷ, аз ҷумла Русия ва Қазоқистон, сафар кунанд. Аммо вазири кор ва таъмини иҷтимоъӣ гуфтааст, ки ин ниҳод тасмим гирифтааст то охири соли ҷорӣ беш аз 40 ҳазор нафар аз ҷавононро барои соҳиби тахассус шудан ба давраҳои омӯзишии мухталиф ҷалб кунад.

Би-Би-Си

Шарҳҳо   

 
0 #1 Guest 23.04.2011 12:30
дар Тоҷикистон беш аз 150 бозори макора (намоишгоҳи ҷойҳои корӣ) ташикл шудааст -=- бо Ойлики 120 сомони - ба ки даркор аст ??? бо таариф кунед шармандаги бо изою шарм намедоред ! шармандаги! киро фиреб медихед чи одамо ба шумора гуспанд хастанд ! аз хаму фели СССР Комунистиатон намондед ки намондед ! барои хамин хам хама Чавонно ба Руссия-модар Сафр мекунанд ! оли быхрен быгарден ! хаммаи куаи кори баромада раванд бад мебинед ки ??? хозир Руссия -ро обод карда истодаанд ! то кая ! мухочират ! дуруга бин azкор ва таъмини иҷтимоъии Тоҷикистон гуфтааст, ки дар ин кишвар ҳудуди 47 ҳазор нафар аз бекорон сабт шудаанд - Не Не Не 500-000 ор нафар на кам ! дар руссия анд ! инхоро хисоб намекунед ! шармандаги !
 

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854