РАВОБИТ БО ЭРОН БОЯД АВЛАВИЯТИ АВВАЛИ СИЁСАТИ ХОРИҶИИ ТОҶИКИСТОН БОШАД
Ба гузориши хабаргузории «Форс», ширкаткунандагон дар як назарсанҷии расонаӣ, ки тавассути яке аз пойгоҳҳои муҳими хабарии Тоҷикистон сурат гирифта, мӯътақиданд, ки Теҳрон муҳимтарин шарики хориҷии Душанбе аст.
Тибқи ҳамин гузориш, бар асоси натоиҷи ин назарсанҷӣ, ки тавассути пойгоҳи муҳими хабарии тоҷикӣ анҷом шудааст, ҳудуди 54 дарсад аз афроди ширкаткунанда, дар ин назарсанҷӣ эълон кардаанд, ки ҳамкорӣ бо Эрон бояд дар авлавияти сиёсати хориҷии Тоҷикистон қарор дошта бошад.
Бар асоси натоиҷи ин назарсанҷӣ, танҳо 26,5 дарсад аз ширкаткунандагон ба равобит бо Русия, 7,7 дарсад ба густариши ҳамкориҳо бо Амрико, 5,3 дарсад низ ба таҳкими муносибот бо Чин райъ додаанд.
Ҳамчунин 2,6 дарсад ширкаткунандагон дар ин назарсанҷӣ Афғонистон, 2,4 дарсад Ӯзбакистон ва 1,6 дарсад Қазоқистонро ба унвони муҳимтарин шарики хориҷии Тоҷикистон донистаанд.
Пойгоҳи хабарии «Рӯзгор» (www.ruzgor.tj), дар Тоҷикистон ва хориҷ аз он ба хусус дар миёни муҳоҷирони кории тоҷик дар Русия, ки теъдоди онҳо бар асоси омори расмӣ ва ғайри расмӣ ба ҳудуди як миллион нафар дар сол мерасад, аз тарафдорони болоии бархурддорӣ буда ва бештари боздидкунандагон он афроди таҳсилкарда ҳастанд.
Хабаргузории «Форс»
Шарҳҳо
По словам председателя НАНСМИТ Нуриддина Каршибоева, игнорирование обращений граждан, бюрократическая волокита при рассмотрении их жалоб и писем заставляют людей обращаться в СМИ. Ряд участников круглого стола заявили о том, что в Таджикистане наблюдается дефицит доверия населения к власти. По их мнению, причины этого кроются, прежде всего, в неэффективности и чрезмерной закрытости властной системы.
RSS Обуна