МУАММАР ҚАЗЗОФӢ БА ЗИМБАБВЕ ГУРЕХТААСТ
Як рӯзномаи чопи Лондон, тайи хабаре муддаъи шуда, ки диктатори Либия аз ҳафтаи гузашта ба Зимбабве гурехтааст.
Тибқи гузориши «Форс», рӯзномаи «Daily Mail»-и Лондон, муддаъи шуда, ки Муаммар Қаззофӣ, диктатори Либия ҳафтаи гузашта, тавассути ҳавопаймои хусусии Роберт Мугаба, президенти Зимбабве ба ин кишвар рафтааст. Ин хабар дар ҳоле мунташир мешавад, ки Джордж Чарамба, сухангӯи Роберт Мугаба ҳузури Қаззофӣ дар Зимбабверо рад кард. Вай гуфт: «Агар Қаззофиро дидед, саломи манро ба ӯ бирасонед».
Тайи рӯзҳои ахир, гумонзаниҳо дар ин бора, ки Зимбабве маҳаллӣ амниятиро барои раҳбари фарории Либия фароҳам карда, афзоиш ёфтааст. Бархе гузоришҳо ҳокӣ аз он аст, ки вай чаҳоршанбеи ҳафтаи пеш вориди Ҳарора шудааст.
Ҳамчунин мухолифони Роберт Мугаба, президенти Зимбабве, муддаъи шуданд, ки Сарҳанг Қаззофӣ бо истифода аз ҳавопаймои нерӯҳои ҳавоии ин кишвар дар соати аввалияи субҳи рӯзи чаҳоршанбеи гузашта, вориди Зимбабве шудааст. Онҳо мегӯянд, диктатори Либия ба як хона дар шаҳри Ҳарора, пойтахти ин кишвар мунтақил шудааст.
Як сухангӯи ҷиноҳи мухолифи ҷунбиш барои тағйироти демократӣ дар Зимбабве гуфтааст, ки ҳеҷ тардиде вуҷуд надорад, ки Қаззофӣ инҷо аст.
«Рӯзгор»
Шарҳҳо
RSS Обуна