03:20:37 20-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Феврал 2011 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
  1 2 3 4 5 6
7 8 9 10 11 12
14 15 16 17 18 19 20
21 22 23 24 25 26 27
28            

ПРОФЕССОР ИБРОН ШАРИПОВ 80-СОЛА ШУД

Дар Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А. М. Баҳовуддинови АИ ҶТ ба ифтихори 80-солагии зодрӯзи файласуфи маъруфи кишвар, доктори илмҳои фалсафа, профессор Иброн Шарипов ҷаласаи тантанавӣ баргузор гардид.

/images/stories/2011/09/17_ibron-sharipov-4_16.9.2011.jpgҶаласаро бо сухани муқаддимавӣ директори Институт, доктори илмҳои фалсафа Абдувоҳид Шамолов кушод. Соҳибҷашнро  ноиби президенти АИ ҶТ, доктори илмҳои фалсафа, профессор Кароматуллоҳ Олимов аз номи раҳбарияти Акдемияи илмҳои Тоҷикистон табрику муборакбод гуфта ба ин муносибат ба Иброн Шарипов Ифтихорномаи АИ ҶТ-ро супорид.

Муовини директори Институт, доктори илми фалсафа Насиба Содиқова дар бораи роҳи эҷодии соҳибҷашн сухаронӣ намуда азҷумла гуфт, ки «аз солҳои 60-уми асри сипаришуда то ба имрӯз Шарипов Иброн Шарифович 8 монография, 6 китобча, ду китоби дарсӣ, як маҷмӯаи мақолаҳо, дар маҷмӯъ 140 номгӯй мақола таълиф ва ба нашр расондаанд, ки ба масоили гуногуни мубрами ҳаёти ҷомеа, фалсафаи иҷтимоӣ, ахлоқ ва дигар ҷанбаҳои илми фалсафа бахшида шудаанд.

Монографияҳои фундаменталии Иброн Шарипов дар инкишофи илми сиёсатшиносӣ ва фалсафаи иҷтимоӣ ҳамчун дастури методологӣ имрӯз низ аҳамияти худро гум накардаанд. Дар таҳқиқ ва ташаккули муносибатҳои иҷтимоӣ-сиёсӣ ва маънавии ҷамъияти имрӯза низ  корҳои таҳқиқии Иброн Шарипов аҳамияти хос доранд».

/images/stories/2011/09/17_ibron-sharipov-2_16.9.2011.jpgДар ҷаласа соҳибҷашнро ҳамкоронаш академикҳо Мӯсо Диноршоев, Тоҳир Фозилов, аъзо корреспондентҳои АИ ҶТ Ғаффор Ашӯров, Шоназар Шоисматуллоев, докторҳои илми фалсафа Хаёлбек Додихудоев, Абдусамад Самиев, номзади илми фалсафа Комил Бекзода, ва дигарон табрику муборак гуфта ба ӯ саломатӣ ва комёбиҳои нав ба нави эҷодиро таманно карданд.

Сӯҳроб Шарифов, директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти ҶТ, фарзанди соҳибҷашн, дар бораи нақши падар дар тарбияи ҳафт нафар фарзанд дар оила нуктаҳои ҷолиберо ба ҳозирин ироа кард.

Ҳайати эҷодии сомонаи «Рӯзгор» низ ба ин табрикоти дӯстон ва ҳамкорони соҳибҷашн ҳамроҳ шуда ин олими маъруф ва шахсияти наҷибро бо ин рӯзи муборак самимона табрик гуфта барояшон тамоми хушиҳои рӯзгорро орзу мекунанд.

80-СОЛАГӢ МУБОРАК, УСТОДИ ГИРОМИҚАДР ИБРОН ШАРИПОВИЧ!

«Рӯзгор»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

Дуои борон

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi