УСТОД РАББОНӢ ДАР ЯК ҲАМЛАИ ИНТИҲОРӢ КУШТА ШУД
Устод Бурҳониддин Раббонӣ, раиси Шӯрои Олии сулҳи Афғонистон ва раиси ҷумҳури собиқи ин кишвар бар асари як ҳамлаи интиҳорӣ дар манзили зисташ дар минтақаи Вазир Акбархони шаҳри Кобул ба шаҳодат расид.
Тибқи иттилои хабаргузории «Форс» ду нафар худро аз фармондеҳони барҷастаи толибон муаррифӣ намуда эътимоди Стонакзай-раиси дастгоҳи иҷроияи Шӯрои Олии сулҳро ба даст оварда вориди хонаи устод Раббонӣ мешаванд. Ин ду нафар, ки дар тан маводи тарканда доштаанд, худро дар назди устод Раббонӣ мунфаҷир месозанд, ки дар натиҷа профессор Раббонӣ ва боз чанд нафари дигар ба ҳалокат мерасанд.
«Рӯзгор»
Шарҳҳо
Эхдо ба Бурхониддин Раббони
Ба суи колбади хонахо салом биё,
Ба остони садомурда чун калом биё.
Деворхо ба суи само лоба мекунанд,
Ки эй фариштаи рахмат , ба пардабом биё.
Ту бози давлати мо боиси шикор машав,
Зи бахри дом бигузар , аз фарози бом биё.
Гар аз шаходати кавме нишон хамепурси,
Ба пеши шохиди шабхо -махи тамом биё.
Аз он чи нону намак буду ишку имон буд,
Нишон чи металаби, дар суроги ном биё.
Чу чони зиндаю арвохи мо парешонанд,
Ба поси рух биё , ишкро давом биё .
Хазорхо афсус, ки устод Раббони , ки бози давлати кавми точик дар Афгонистон буд мавриди шикори душманони миллатамон карор ёфт. Ин андухи чуброннопазирро ба хамаи точикону форсизабонони дунё тассалият мегуям!
Дар ин лахзахо, ки устоди азиз Бурхониддин Рабонни дигар дар канори мо нестанд мисрахои устод Муъмин Каноат ба ёдам расид, ки дар соли 1992 дар нисбати устод Раббони эчод карда буд
19.Касоне, ки ба Худову паёмбараш имон овардаанд, ростгӯёну росткоронанд. Ва шаҳидон дар назди Парвардигорашон ҳастанд. Соҳиби подошу нури хешанд. Ва онҳо, ки кофиранд ва оёти Моро дурӯғ мешуморанд, дар ҷаҳаннаманд.
20.Бидонед, ки зиндагии инҷаҳонӣ бозича аст ва беҳудагиву ороиш ва фахр кардану афзунҷӯӣ дар амволу авлод монанди бороне ба вақт аст, ки рӯиданиҳояш кофиронро ба шигифт афканад (ҳайрон кунад). Сипас пажмурда мешавад ва бинӣ, ки зард гаштааст ва хошок шудааст ва дар охират насиби гурӯҳе азоби сахт аст ва насиби гурӯҳе омурзиши Худо ва хушнудии ӯ. Ва зиндагии дунё ҷуз матоъе фиребанда нест.
Содиконро аламу ранчу чафое дигар аст.
Рахмати Худованд бар равони покат устод.
RSS Обуна