19:17:57 23-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

ЛАГЕРИ “ҶАВОНОН БАРОИ ҶОМЕАИ БЕҲТАР” БА КОРИ ХУД ШУРӮЪ КАРД

Якумин лагери ҷавонон таҳти шиори “Ҷавонон барои ҷомеаи бехатар” аз сӯи Сафорати ИМА дар Тоҷикистон ташкил карда шуд. Сӣ нафар ҷавони  синну солашон аз чордаҳ то бистсола бо ҳамроҳии даҳ нафар кормандони милитсия ва сарварони ҷомеа аз се ноҳия (Ғарм, Дӯстӣ ва Қайроққум) дар лагер иштирок намуданд.

/images/stories/2011/11/02_lager_javonon_2011.jpgМақсади гузаронидани чунин лагер, ки аз тарафи Эмерҷенс Групп ташкил карда шуда буд, дар оянда мустаҳкамтар кардани ҳамкорӣ байни ҷавонон ва милитсия, ташаккул додани дониш ва малакаҳо оиди ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ дар ҳамкории милитсия ва ҷомеа, муайян намудан ва ёфтани роҳи умумии ҳалли мушкилоти ҷавонон мебошад.

Барномаи лагер сессияҳои омузишӣ оиди маҳдудкунии ҳуқуқ, ҳамкорӣ, ҳалли мушкилот дар якҷоягӣ, идоракунии низоъ, малакаҳои сарварӣ ва инчунин чорабиниҳои фароғатиро дар бар мегирифт. Инчунин иштирокчиёни лагер моделеро, ки дар биниши онҳо ҷомеаи бехатар аст, бунёд намуданд ва барои ҳалли мушкилоти вобаста ба ҷавонон дар ҷомеаҳои худашон лоиҳаҳоро кор карда баромаданд, аз ҷумла, дастнорасии маълумоти олӣ барои ҷавондухтарон, пешгирии рафтори ғайриҷамъиятӣ, истифодаи маводи мухаддир ва ҷалби ҷавонон ба нигоҳ доштани муҳити атроф.

Ҷавонон лоиҳаҳои худро ба Кумитаи сарварони гуруҳҳои ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ (ҲТҶ) дар ҳамкории милитсия бо ҷомеа пешкаш намуданд, ки онҳо ин лоиҳаҳоро бо дастгирии марказҳои ҲТҶ, ки дар чорчӯбаи барномаи Сафорати ИМА таъсис дода шудаанд, амалӣ гардонанд.

“Рӯзгор”



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

Дуои борон

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi