18:15:44 20-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

ВИДЕОИ ҲАБС ВА МУҲОКИМАИ ВЛАДИМИР ПУТИН

Видеои кӯтоҳи “Ҳабси Владимир Путин. Гузориш аз додгоҳ” дар ду рӯз наздик ба 2 миллион бор дар YouTube дида шуд. Онро ҳамчунин даҳҳо блог ва торнамоҳои Русия бознашр намуданд. Бинандагон 18 000 шарҳ гузоштанд ва наворро барои таҳрири олӣ ба ҷоизаи Оскар пешниҳод карданд.

putinНавори воқеънигорона дар сабки гузоришҳои хабарии телевизионҳои Русия сарвазири “собиқ” Владимир Путинро дар додгоҳ, паси панҷара нишон медиҳад ва гуфта мешавад, ӯ ба дуздии маблағҳои азими давлатӣ ва ширкат дар амали террористӣ бо мақсади тарсондани мардум ва таъсиргузорӣ ба ҳукумат абйдор мешавад.

Айбномаи дувум, зоҳиран, таркишҳои соли 1999-ро дар назар дорад, ки бар асари он биноҳои баландошёна фурӯ афтода, даҳҳо нафар ба ҳалокат расиданд. Дар ин амалҳо ҷудоихоҳони чечен айбдор шуда буданд. Ин дар даврае буд, ки Путин дар арафаи ба даст гирифтани раёсатҷумҳурӣ дар соли 2000-ум буд.

Дар навор Путин бо ҳоли афсурда ва ғамзада ба пурсишҳои додвар посух медиҳад. Садои Путин аз гузориши телевизиони соли 2010 дар бораи ширкати Путин дар саршумори аҳолӣ гирифта шудааст.

Дар ниҳояти амр, ин видео шоҳкори таҳрири компютерист, ки муҳокимаҳои додгоҳии олигархи собиқ Михаил Ходорковскийро ба хотири бинанда меорад. Дар ҳақиқат, додвар Виктор Данилкин, ки дар ин филм нишон дода мешавад, ба муҳокимаҳои охири Ходорковский дар соли 2010 раёсат мекард. То ҳоло ягон вокуниши расмие ба ин видео на аз тарафи Путин ва на додситонҳо дастрас нашудааст.

«Озодӣ»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

Дуои борон

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi