00:58:22 16-уми Октябри 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2011 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
        2 3
4 5 6 7 8 9 10
11 12 13 14 15 16 17
18 19 20 21 22 23 24
25 26 27 28 29 30  

ВОКУНИШИ ҲНИТ ДАР ИРТИБОТ БО НАШРИ МАВОДИ ZVEZDA.RU ЧӢ ГУНА ХОҲАД БУД?

Вазъи кунунии кишвар ва бархе аз мушкилоте, ки ҲНИТ дар марҳилаи кунунӣ бо он рӯ ба рӯ шудааст, аниқтараш мушкилэҷодкуниҳое, ки ба фаъолияти имрӯзаи ин ҳизб таъсир мегузоранд, мавзӯи асосии баҳсу баррасии ҷаласаи изтирории аъзои Раёсати Олии ҲНИТ хоҳад буд,- гуфт дар сӯҳбат ба хабарнигори сомонаи «Рӯзгор» узви ин Раёсат, сардабири ҳафтаномаи «Наҷот» Ҳикматуллоҳ Сайфуллоҳзода.

sayfullozodaҶаласаи мазкур фардо соати 9: 00 дар қароргоҳи марказии ҲНИТ дар шаҳри Душанбе баргузор мегардад. Ба гуфтаи ҷаноби Сайфуллоҳзода бо эҳтимоли қавӣ дар ин ҷаласа атрофи маводҳое, ки дар бархе аз расонаҳои электронии Русия ахиран ба нашр расиданд ва дар онҳо дар оянда аз шадид шудани муносибати ҳукумат ба ҲНИТ  хабар дода шудааст, низ баҳсу мунозираҳо сурат хоҳанд гирифт.

Ёдовар мешавем, ки дар аввалҳои моҳи ҷорӣ дар сомонаи Звезда.ру таҳти унвони «Тоҷикистон дар арафаи инқилоб» матлабе ба нашр расид, ки дар замимаи он чанд асноди махфие аз ҷаласаи ҳукуматӣ оварда шудааст. Тибқи ин аснод ба мақомоти амниятӣ ва дохилии кишвар амр дода шудааст, ки назоратро аз болои раҳбарон ва аъзои ҲНИТ шадидтар кунанд ва ҷои зисти ҳар кадоми онҳоро муайян бисозанд.

Бархеро тавассути ҳавасмандгардонӣ аз ҳизб бикашанд. Одамони обрӯмандро ташвиқ кунад, ки ба сафи ҲХДТ шомил шаванд, ки ин ҳама нуктаҳо мухолифи талаботи Қонуни асосии кишвар мебошад. Худи ҳамон рӯз дастрасии муштариён ба бархе аз сомонаҳои интернетӣ, ба хусус Фейсбук, Звезда.ру ва чанд сомонаи дигар дар кишвар масдуд гардид.

Бег Зуҳуров, вазири алоқаи кишвар сабаби қатъ шудани дастрасӣ ба ин сомонаҳоро илали фаннӣ номид. Вале Анҷумани дастрасткунандагони интернет ба муштариён гуфтааст, ки ин кор бо дастури мақомоти марбутаи ҳукумат сурат гирифтааст.

Дар вокунишҳои нахустин масъулини ҳукумат, азҷумла Давлат Назрӣ, сухангӯи ВУХ, Абдураҳим Қаҳҳоров, котиби Шӯрои Амният, Рамазон Раҳимов, вазири умури дохилаи Тоҷикистон иброз доштанд, ки асноди мазкур тақаллубӣ буда воқеият надоранд.

Сергей Строган, таҳлилгари рӯзномаи «Коммерсант», ки исмаш дар зери мақолаи мазкур ҳамчун муаллифи он омадааст, дар як мактуби худ ба Сафорати Тоҷикистон дар Маскав иброз доштааст, ки мақолаи мазкурро ӯ нанавиштааст ва намедонад чӣ касе ва барои чӣ аз номи ӯ сӯистифода намудааст.

Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон баён доштааст, ки дар робита бо интишори мақолаи мазкур тафтишотро оғоз кардааст.

Дар ин миён дар иртибот бо ин маводҳо танҳо ҲНИТ вокунише аз худ нишон надодааст. Ин вокуниш дар кадом шакл: изҳорот ва ё нишасти матбуотии сарони ин ҳизб сурат хоҳад гирифт фардо ҷаласаи Раёсати Олии ҲНИТ дар ин бора тасмим мегирад, афзуд Ҳикматуллоҳ Сайфуллозода.

«Рӯзгор»



Шарҳҳо   

 
0 #1 Guest 12.03.2012 02:16
HNIT xelo raftori xub az xud nishon dod ,ki in ham boshad boz hamon sabre ,ki dosht hamon bud ,ammo mutaassifona kosai sabr ham ba xud yak zarfiyate dorad ,ki ruze digar ba rezish nazdik meshavad. Boyad masulini hukumati niz kame adolat va sabr doshta boshand ,zero avval ,ki musalmonand duyumash qonunan nohaqand .
Bo umedi hamdigarfahmi va subotu oromii kishvari azizamon
 

Назари Шумо

Security code
навсозӣ

Дуои борон

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi