08:40:13 29-уми Апрели 2025 сол

КӮМАКҲОИ ПУТИН БА ТОҶИКИСТОН РАСИД

Нахустин ҳавопаймои ИЛ-76 ҳомили кӯмакҳои башардӯстонаи Русия вориди Тоҷикистон шудааст. Ин кӯмакҳо бо дастури раиси ҷумҳури Русия фиристода шудаанд.

/images/stories/2012/04/04_samalet-russia_4412.jpgБино ба иттилое, ки маркази хабарии вазорати умури изтирории Русия мунташир кардааст, ин кӯмакҳо дар маҷмӯъ 38 оннаро ташкил дода, аз хайма, бухорӣ, дастгоҳи сайёри тавлиди барқ ва маводи ғизоӣ иборат мебошанд.

Гуфта мешавад, ки қарор аст, то ду рӯзи дигар боз ду ҳавопаймои ИЛ-76 аз Русия ба Тоҷикистон кӯмаки башарӣ интиқол диҳанд.

Гуфтанист, дар гуфтугуи телефонии рӯзи 30 -юми март, бо ишора ба вазъи душворе, ки ҳаводиси табиӣ дар пай доштааст, раиси ҷумҳури Тоҷикистон аз Владимир Путин, сарвазир ва президенти мунтахаби Русия хосттори расонидани кӯмаки башардӯстона шуда буд.

Владимир Путин зимни ин сӯҳбати телефонӣ ваъда дода буд, ки дар зудтарин фурсат кӯмаки башарӣ ба Тоҷикистон фиристода хоҳад шуд. Ва рӯзи 31-уми март Дмитрий Медведев, дастури интиқоли кӯмаки башарӣ ба Тоҷикистонро содир намуд.
«Озодӣ»

Назари Шумо

Security code
навсозӣ