00:37:57 27-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

ДОДСИТОНӢ ШАРҲНАВИСОНИ ТУНДЛАҲНРО МЕҶӮЯД?

Додситонии кулл аз масъулони «Азия-Плюс» хостааст, IP-адреси афродеро ба додситонӣ супорад, ки дар матолиби ин сомона шарҳ менависанд.

/images/stories/2012/04/11_marat-mamadshoev-1112.jpgМарат Мамадшоев, муҳаррири ҳафтаномаи «Азия-плюс» ин хабарро таъйид кард ва афзуд, ҳоло бо ин мавзӯъ ҳуқуқшиносони нашрия сарукор доранд ва тафсилоти бештар дода наметавонанд. «Азия-Плюс» аз сомонаҳои пешгоми Тоҷикистон аст, ки ҳамарӯза ҳаводиси Тоҷикистонро пайгирӣ мекунад ва аз як сол ба ин сӯ дар сомонаи он хадамоти баҳс низ роҳандозӣ шудааст.

Хонандагони сомона ҳангоми баррасии матни сомона, назарҳои интиқодии худро дар бораи ҳукумати Тоҷикистон низ ба лаҳни шадид баён мекунанд.

Марат Мамадшоев мегӯяд, додситонӣ шояд ба хотири ошкор кардани ҳамин афроди интиқодгари ҳукумат, ба «Азия-плюс» муроҷиат кардааст. IP ё Internet Protocol нишонаи махсуси ҳар як ройона ё компютер аст, ки ҳангоми васл шудан ба шабакаи ҷаҳонии Интернет муайян мешавад. Дар ҳоли зарурат аз рӯйи чунин нишона метавон дарёфт кард, ки ин ё он шарҳ аз кадом компютер навишта ва фиристода шудааст.

Ин барои аввалин бор аст, ки додситонӣ  барои шиносоӣ кардани назарнависон дар сайтҳои интернетӣ, муроҷиат кардааст.

Дар чанд соли ахир навиштани назару шарҳҳо дар пайи матолиби сайтҳои интернетӣ маъмул шудааст. Бештари корбарони интернет аз дохил ва хориҷи Тоҷикистон бо номҳои мухталиф назари худро дар бораи фаълияти мақомоти давлатӣ ва мушкилоти ҷомеа баён медоранд. Дар ҳоле, ки онҳо имкони баёни андешаҳои худро аз тариқи расонаҳо надоранд.

Намояндагии Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо дар Тоҷикистон чанд моҳ пеш зимни як пажӯҳиш муайян карда буд, ки ширкати шаҳрвандони Тоҷикистон дар чунин баҳсу форумҳои интернетӣ ва одати навиштани андеша дар ҳошияи матолиб сатҳи озодии баёнро дар кишвар ба маротиб густариш додааст ва махсусан ҷавонон дар изҳори ақидаи худ ҷасуртар ва озодтар шудаанд. Ҳамзамон дар бархе аз шарҳу номаҳо зиёдаравӣ ва нақзи ҳуқуқи дигарон, таҳқиру тавҳин низ афзоиш ёфтааст.

«Озодӣ»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

Дуои борон

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi