11:11:12 18-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

МОҶАРОИ ҶАВОНОН ДАР ВАҲДАТ. ЯК НАФАР КУШТА, 4 ТАН ЗАХМӢ

Бар асари задухӯрди ду гурӯҳи ҷавонон дар шаҳри Ваҳдат, як нафар кушта ва ва чор нафари дигар захмӣ шудаанд.

/images/stories/2012/04/11_bda-1112.jpgМаҳмадулло Асадуллоев, сухангӯи вазорати корҳои дохилӣ гуфт, Анушервон Шероромов, сокини 23 - солаи шаҳри Ваҳдат ҳангоми задухӯрди ду гурӯҳи ҷавонон дар майдончаи варзишии мактаби миёнаи № 1 аз олоти буранда ҷароҳати ҷисмонӣ гирифта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст. Вай афзуд, задухӯрд ҳангоми бозии футбол миёни ду даста сар задааст.

Бино ба гуфтаи ин манбаъ, дар ҳоли ҳозир 7 нафар дастгир шуда, 3 нафари дигар дар ҷустуҷӯ қарор доранд. Задухӯрд миёни гурӯҳҳои ҷавонон ва мактабиён солҳои ахир нигаронии мақомотро низ ба бор овардааст. Чанде қабл аз афзоиши ҳамчунин маворид шахсан Рамазон Раҳимов, вазири корҳои дохилӣ изҳори нигаронӣ карда буд.

Хадамоти (идораи) пешгирии ҷинояткорӣ дар байни ноболиғон ва ҷавонони ин вазорат дастур гирифтааст, ки дар мактабҳои маъракаҳои фаҳмондадиҳӣ роҳандозӣ кунад.

Аммо бино ба иттилои манобеи ғайрирасмӣ, даргирӣ миёни шогирдон ба ҷуз шаҳри Душанбе дар дигар шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон ҳам рух медиҳанд.

Тибқи иттилои вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон, соли 2011 дар шаҳри Душанбе 10 мавриди даргирӣ миёни мактабиён сабт шудааст.

«Озодӣ»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

Дуои борон

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi