23:37:47 02-уми Июни 2025 сол

БАҲСИ ТУНДИ ВАКИЛОНИ МН БО ВАКОЛАТДОРИ ПРЕЗИДЕНТ

Рӯзи чоршанбе дар иҷлосияи навбатии МН тарҳи Кодекси гумруки Тоҷикистон бо пешниҳоди намояндаи ваколатдори президент Ҷумъа Давлат аз рӯзномаи иҷлосия баргирифта шуд.

/images/stories/2012/04/18_majlisi-namoyandagon-1812.jpgВа ин пешниҳоди ваколатдори президент як баҳси тунду тезро дар миёни вакилони МН ва намояндаи ваколатдори президент ба миён овард, ки Шукурҷон Зуҳуров, раиси Маҷлиси Намояндагон онро "бесобиқа" хонд.

Оқои Зуҳуров изҳори ташвиш кард, ки чаро ваколатдори президент қаблан дар баҳси ин тарҳ навоқиси онро ба вакилон ироа накард, вале бо вакилони Маҷлиси Миллӣ дар ин бора сӯҳбат кардааст.

Ҷумъа Давлат гуфтааст, ки тарҳи мазкур чанд нуқс дошта, минҷумла вазорати энергетика ва саноат, вазорати тандурустӣ ва Кумитаи давлатии амнияти миллӣ назари худро ба ин санад баён надоштаанд.

Ҳамин тавр тарҳи Кодекси гумрук, ки мебоист имрӯз ба тасвиб мерасид, ғайричашмдошти вакилони МН, бо пешинҳоди ваколатдори прездент баргардонида шудааст.
«Озодӣ»

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854