10:15:41 19-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

АФСАРИ АРШАДИ ОҶОНСИ ЗИДДИ МАВОДИ МУХАДДИР АЙБДОР ШУД

Додситонии кулли Тоҷикистон айбномаи муовини сардори раёсати Оҷонсии мубориза бар маводи мухаддирро эълон кард. Додситонии кулли Тоҷикистон полковник Абдусалом Акрамов, муовини сардори Раёсати амалиёти фаврӣ ва ҷустуҷӯии Оҷонсии мубориза бо гардиши ғайриқонунии маводи мухаддирро ба сӯиистифода аз вазифаи давлатӣ ва зиёдаравӣ дар иҷрои ваколатҳои худ айбдор кард.

/images/stories/2012/04/18_vazorati-narkotic_1812.jpgЯк намояндаи Доситонии кулли Тоҷикистон, ба шарти махфӣ мондани номаш рӯзи 18-уми апрел, ба мо гуфт, ки полковник Акрамов тибқи бандҳои 314 ва 316 Кодекси ҷиноии Тоҷикистон айбдор дониста шуда, қарор аст, бо пешинҳод Додситонии кулли кишвар вай дар рӯзҳои наздик боздошт шавад.

Аммо дар Оҷонсии мубориза бо гардиши ғайриқонунии маводи мухаддири назди раёсатҷумҳурии Тоҷикистон ин хабарро тасдиқ ва ё рад накарданд. Вале гуфтанд, ки як моҳ қабл сардори ҳамин раёсат, Равшанбек Мирзоаҳмадов бо ҳамин айбномае, ки Акрамов муттаҳам дониста мешавад, боздошт шуда буд. Ба қавли намояндаи оҷонсӣ ҳам Мирзоаҳмадов ва ҳам Акрамов аз оғози фаъолияти ин ниҳод масъулияти бахши зудамал ва амалиёти фаврӣ ва ҷустуҷӯии онро дар зимма доштанд.

Мирзоаҳмадов аз кормандони кӯҳнаи оҷонсии мазкур буд, ки фаъолияташро аз замони ташкил шудани ин ниҳод шурӯъ кард ва то замони боздошт дар вазифаҳои гуногун, аз ҷумла сардори шӯъбаи Раёсати фаврӣ, сардори Раёсати сайёри оперативӣ, сардори шӯъбаи амнияти дохилӣ ва тақрибан 3 - 4 моҳ ба ин сӯ сардори Раёсати фаврӣ- ҷустуҷӯӣ кор кардааст. Ӯ аз соли 1981 дар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ фаъолият дошт ва рутбаи сарҳанг ё полковники хизмати назорати маводи нашъаоварро дарёфт кардааст.

Дар гузашта низ Оҷонсии мубориза бо гардиши ғайри маводи мухаддири назди раёсатҷумҳурии Тоҷикистон аз боздошти 9 кормандаш бо иттиҳомоти гуногун гузориш дода буд. Аммо дар охирҳои моҳи январи соли равон расонаҳо аз як навъ маъракаи зидди қочоқбарони "пагондор" оғоз намуданд. Он вақт се нафаре бо гумони қочоқи маводи мухаддир боздошт шуданд, ки аз рӯи вазифа худ бояд бо ин падидаҳо мубориза кунанд.

Яке аз онҳо бародари муовини аввали раиси Кумитаи амнияти миллии Тоҷикистон аст. Ҳамагӣ як ҳафта пеш аз ин боздошт, як полковники Кумитаи ҳолатҳои изтирорӣ ва муовини сиёсии фармондеҳи як воҳиди низоми Вазорати дифоъ ва писарони як генерал ва дипломати тоҷик низ бо гумони қочоқ боздошт шуданд.
«Озодӣ»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

Дуои борон

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi