07:12:39 27-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

БОЗДОШТИ РАИСИ СОБИҚИ ДОНИШКАДАИ ИҚТИСОД БА ЗАННИ ФАСОД

Кормандони Ожонси мубориза бо фасоди Тоҷикистон Нозимҷон Нидоев, раиси собиқи Донишкадаи иқтисодии ин кишварро бо иттиҳоми даст доштан дар фасод боздошт карданд. Расонаҳои дохилӣ бо истинод ба манобеъи огоҳ хабар додаанд, ки ин ниҳоди зиддифасод оқои Нидоевро дар тасарруфи маболиғи муассисаи давлатӣ муттаҳам медонанд.

/images/stories/2012/04/18_handcuffs_1812.jpgИн дар ҳолест, ки ҳоло парвандаи Имомалӣ Одинаев, масъули бахши хоҷагидории Донишкадаи иқтисодӣ бо иттиҳоми даст доштан дар фасод дар дасти муҳокима будааст. Гуфта мешавад, ӯ дар ҷараёни муҳокимаи парванда даст доштани оқои Нодировро дар муомилоти молии ғайриқонунӣ таъйид кардааст.

Эмомалӣ Одинаев низ пештар аз сӯйи кормандони Ожонси мубориза бо фасоди Тоҷикистон боздошт шуда буд. Вай ҳамчунин дар ҷараёни баррасии парвандааш гуфтааст, ки танҳо бахши кучаке аз маболиғи тасарруфшударо аз худ карда ва “бахши аслии даромад насиби муъовини раиси донишкада шудааст.”

Дар соли 2010 додситонии кулли Тоҷикистон Зафар Бобоев, сармуҳосиби Донишгоҳи давлатии Хуҷандро бо иттиҳоми аз худ кардани маболиғи аз фурӯши саҳҳоми “Роғун” бадастомада боздошт карда буд. Додситонии кулли Тоҷикистон он замон иттилоъ дода буд, ки оқои Бобоев ба маблағи 65 ҳазор дулор аз саҳоми нерӯгоҳи “Роғун”-ро ба сирқат бурдааст.

Ҳамчунин, ин муҳосиб ба сирқат ё дуздии маблағи беш аз ду милюн сомонии ин донишгоҳ муттаҳам шуда буд. Соҳибназарон мегӯянд, ки сирқат ва истифодаи ғайримуассир аз дороиҳои давлат ба мушкили ҷиддие дар фаъолияти ниҳодҳои давлатӣ дар Тоҷикистон табдил шудааст.

Зимнан, раиси Ожонси назорати давлатии молӣ ва мубориза бо фасоди Тоҷикистон, дар чанд нишасти хабарӣ Вазорати маъорифро аз ҷумлаи ниҳодҳои фасодзадаи кишвар унвон карда буд.

Раиси ҷумҳури Тоҷикистон низ дар чандин суханрониҳои худ ба ин нукта ишора мекунад ва зимни дидораш бо донишҷӯёну устодон дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон дар оғози соли таҳсил дар пойизи соли гузашта аз вазири маъориф тақозо карда буд, ки вазоратро аз афроди фасодзада пок созад.

Аммо тибқи пажуҳиши ахири Маркази мутолеъоти истротежики Тоҷикистон аксари шаҳрвандони Тоҷикистон ришвахориро навъи густардаи фасод дар кишвар мехонанд ва непотизми мавҷуд дар давлатро сабаби ин амр медонанд.

Дар ин пажуҳиш зери унвони “Назарсанҷии иҷтимоъӣ барои дарк ва муносибат бо фасоди молӣ ва мубориза бо он дар ҷомеъи Тоҷикистон” 78 дар сади пурсидашудагон сӯиистифода аз мансабро сабаби аслии густариши фасоди молӣ хондаанд.

Ҳудуди 70 дарсади дигар непотизм ва ё хешу қавмпарастӣ ва интисоби хешу табори мансабдорон ба симатҳои давлатиро навъи тавсеъаёфтаи фасод дар Тоҷикистон хонда ва 57 дар сади назардиҳандагон ба ин ақида будаанд, ки ришвахорӣ барои он дар Тоҷикистон вуҷуд дорад, ки мақомот “онро аз боло талаб мекунанд.”
Би-Би-Си



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

Дуои борон

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi