20:02:04 28-уми Марти 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Март 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
        1 2 3
4 5 6 7 8 9 10
11 12 13 14 15 16 17
18 19 20 21 22 23 24
25 26 27 28 29 30 31

ТОҶИКИСТОН ИНТИҚОЛИ БАРҚ БА АФҒОНИСТОНРО АЗ САР ГИРИФТ

Тоҷикистон интиқоли барқи худро барои Афғонистон аз тариқи хатти баландшиддати "Сангтӯда-Пули Хумрӣ" пас аз таваққуфи якҳафтаина шурӯъ кардааст.

Дафтари матбуоти ширкати "Барқи тоҷик" рӯзи сешанбеи 8-уми май ба мо гуфт, яке аз пояҳои хатти баландшиддат дар минтақаи Қумсангир ҷойгир аст, ки бар асари боронгарӣ аз ҷояш лағжида ва дар натиҷа интиқоли барқ номумкин шуда буд.

"Мутахассисони ширкати "Барқи тоҷик" дар зарфи як ҳафта пояи хатти интиқоли барқро дар ноҳияи Қумсангир дуруст карданд ва аз нав интиқоли барқ ба маҳаллаҳои наздимарзии Афғонистон шурӯъ  шуд",-афзуд манбаъ.

Ба иттилои ширкати "Барқи тоҷик" баҳрабардорӣ аз хатти баландшиддати 220- киловолтаи "Сангтӯда-Пули Хумрӣ дар таърихи 27-уми октябри соли 2011-ум оғоз ёфта буд.
«Озодӣ»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

Дуои борон

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi