17:01:55 16-уми Июни 2025 сол

ИДОМАИ ҶУСТӮҶУИ 5 САРБОЗИ ФИРОРИИ ТОҶИК

Додситони низомии минтақаи Кулоб аз 5 сарбозе, ки дар ин минтақа аз сафи артиш фирор карданд, хост, довталабона баргарданд, дар акси ҳол ҷазои сахте хоҳанд гирифт.

Икром Зоиров ба мо гуфт, мақомоти интизомӣ ҷустӯҷуи ин сарбозонро ки аввали июн фирор кардаанд идома медиҳанд, вале агар худашон баргарданд, ҷазои сахт нахоҳанд гирифт: «Фирор аз хидмати ҳарбӣ аз ҷониби гурӯҳи ашхос ин ҷинояти вазнин буда, қонунгузорӣ барои содир намудани чунин ҷиноятҳо маҳрум сохтан ба мӯҳлати аз 5 то 10 солро пешбинӣ мекунад."

Зоҳиран тарси хидмат дар Бадахшон сабаби фирори 8 сарбоз дар нимароҳ ба сӯи ин минтақа шудааст. Яке аз ин сарбозон довталабона баргашта ва ду нафари онҳоро аз хонаҳои волидонашон пайдо кардаанд. Куҷо будани панҷ нафари дигар маълум нест.

«Озодӣ»

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854