ИЗҲОРОТИ КОРШИНОСИ ТОҶИК ДАР МАВРИДИ ИНТИХОБОТИ ОЯНДАИ ТОҶИКИСТОН
Коршиноси масоили сиёсии Тоҷикистон гуфт: Бо баргузории интихоботи раёсати ҷумҳурии соли оянда ин кишвар, ноамнӣ ва бесуботӣ дар кишвар рӯз ба рӯз афзоиш меёбад.
Зафар Абдуллоев имрӯз дар гуфтугӯ бо хабаргузории Азияплюс афзуд: Ҳарчанд Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳурии Тоҷикистон қасд дорад заминаи лозимро барои нишастан бар ин курсӣ фароҳам кунанд, аммо ин амр бо таваҷҷӯҳ ба шароити дохилӣ номумкин аст. Вай тасреҳ кард: Ҳамакнун нерӯҳои мухолифи зиёде дар Тоҷикистон вуҷуд доранд, ки барои нишон додани нотавонии раиси ҷумҳурӣ дар эҷоди таҳаввули асосӣ дар кишвар талош мекунанд.
Ин коршиноси тоҷик гуфт: Раиси ҷумҳурӣ барои мондан дар қудрат талош дорад ва агар натавонад дар интихобот ширкат кунанд қасд дорад, Кабир Шералӣ раиси ширкати алюминюми Тоҷикистонро барои ширкат дар интихобот муаррифӣ кунад, то аз ин тариқ бар авзо мусаллат бошад.
Дар ҳамин ҳол ҳизби халқӣ-демократии Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳурии кунунии ин кишварро номзади интихоботи раёсати ҷумҳурии соли 2013 эъломи кард. Баъзе маҳофили сиёсӣ мунзавӣ кардани раҳбарони аҳзоби матраҳ тавассути раҳбарони ҳоким бар Тоҷикистон, ба вижа мунзавӣ сохтани шахсиятҳои ҳизби Наҳзати исломӣ ва низ ҷорӣ кардани маҳдудиятҳои шадиди таблиғотӣ ва расонаӣ барои аҳзоби рақиби ҳизби ҳоким сабаб шуда, ки афкори умумии ҷомеа аҳзоб, суннат ва мазҳаби Тоҷикистонро ба фаромӯшӣ биспоранд.
Дар интихоботи раёсати ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2006, панҷ номзад барои раёсати ҷумҳурӣ аз чаҳор ҳизби фаъол ширкат доштанд, ки дар ниҳоят раёсатро ба Эмомалӣ Раҳмон вогузор карданд. Аз ин рӯ ин фарзия матраҳ аст, ки аҳзоби рақиби ҳизби ҳоким ва мухолифи давлат, номзади ягонае барои ҳузури пурқудрат дар интихоботи пеш рӯ муаррифӣ кунанд.
Манбаъ: Tajik.irib.ir