12:10:45 18-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

ШАБНАМИ СУРАЙЁ ВА ФИЛМИ "ТОҶИКИСТОН" ДАР ЛУЖНИКИ

Тоҷикистонро дар ҷашни Ваҳдати сокинони Русия, Шабнами Сурайё ва як филми кӯтоҳмуддат муаррифӣ кардаанд.

/images/stories/2012/11/04_shabnami-surayo-041112.jpgШабнами Сурайё, овозхони маъруфи тоҷик, дар ҷашни Ваҳдати сокинони Русия, ки пас аз зуҳри 3-юми ноябр баргузор шуд, Тоҷикистонро бо таронаи “Тоҷикбача” муаррифӣ кардааст. Муҳаммади Эгамзод, муассиси нашрияи “Тоҷикони Россия”, ки Шабнами Сурайё бо даъвати онҳо ба Маскав рафта буд, гуфт, “ин таронаи овозхони тоҷик аз тарафи тақрибан сад ҳазор тамошобин хуш истиқбол ёфт.”

Муассиси “Тоҷикони Россия”мегӯяд, чунин иқдом то ҳадде барои боло бурдани имиҷ ё обрӯи муҳоҷирони тоҷик дар Русия, ки дар ин чанд соли охир рӯ ба поён ниҳодааст, кӯмак хоҳад кард. “Дар чунин сатҳи баланд, бори аввал дар радифи ситораҳои маъруфи Русия даъват шудани намояндаи Тоҷикистон, нишонаи он аст, ки мо метавонем санъати волои худро дар сатҳи лозимӣ ба намоиш гузорем”,-мегӯяд Эгамзод.

Ба қавли ӯ, дар ҷашни Ваҳдати сокинони Русия ҳудуди ҳашт ҳазор муҳоҷири тоҷик ва намояндагии дипломатии Тоҷикистон дар Маскав ҳузур доштаанд. Ин ҷашнвора бо ҳимояти Шӯрои назди Ҳукумати Федератсияи Русия оид ба муносибатҳои байнимилалӣ, Департаменти ҳамкориҳои байнивилоятӣ, сиёсати миллӣ ва алоқа бо ташкилоти динии Маскав ва Палатаи умумии Русия баргузор шудааст.

Муҳаммад Эгамзод мегӯяд, дар ин ҷашнвора ба ҷониби Тоҷикистон имкон дода шуд, ки як филми кӯтоҳеро низ дар бораи Тоҷикистон ба намоиш гузоранд: “Ман боварии комил дорам, ки ин рӯз рӯзи Тоҷикистон буд. Муҳим ин аст, ки ин барнома аз ҷониби Шабакаи аввали Русия сабт шуд ва бовар аст, рӯзҳои наздик ба намоиш дода шавад.”

Худи Шабнами Сурайё дар як тамоси телефонӣ аз Маскав гуфт, интизор надошт, дар пойтахти Русия мавриди истиқболи гарми тамошобинон қарор мегирад. “Дар лаҳзаҳои баромад фикр мекардам, дилам аз хушҳолӣ мекафад. Он қадар мардум зиёд буд ва он қадар ситораҳо буданд. Ифтихор дорам, ки дар миёни онҳо бо сари баланд баромад кардам. Ин ифтихор буд”,-гуфт Шабнами Сурайё.

Хонум Шабнам бар хилофи баромадҳои пешинаш, ки аксар вақт либоси аврупоӣ ба бар дошт, ин бор бо куртаи чакан рӯи саҳнаи Лужников омадааст. Вай мегӯяд, ҳоло дар Русия барномаи хосе надорад ва то як рӯзи дигар ба Тоҷикистон баргашта, сипас, ба Аврупо хоҳад рафт.

Ин овозхони тоҷик гуфт, интизор меравад, то чанд муддати дигар албоми нави ӯ, ки дар Олмон омода мешавад, ба дасти мухлисонаш бирасад.

«Озодӣ»



Шарҳҳо   

 
0 #1 dehkon 05.11.2012 13:08
kosh ba joi raksu bozi mushkiloti kishvara matrah mekardand.
 

Назари Шумо

Security code
навсозӣ

Дуои борон

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi