14:52:30 01-уми Июни 2025 сол

ПАРЛУМОНИ КИШВАР ЛОИҲАИ ТАҒЙИРОТ БА ҚОНУН «ДАР БОРАИ ИНТИХОБОТИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶТ»-РО БА БАРРАСӢ ГИРИФТ

Дар ҷаласаи навбатии Кумитаи тадорукоти эътилоф барои ислоҳоти демократӣ, ки рӯзи ҷумъаи гузашта дар маҷлисгоҳи Коллегияи адвокатҳои «Сипар» баргузор гардид, раиси ҷаласа Зариф Наимов, раиси Ҳизби Сотсиалисти Тоҷикистон, ҷинои Ғаффоров эълом дошт, ки Шӯрои Маҷлиси Намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон Лоиҳаи тағйирот ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» рӯзи душанбеи 12-уми ноябри соли 2012 мавриди баррасӣ қарор дод.

/images/stories/2012/11/18_jalasai18112012.jpgДар натиҷа тасмим гирифта шуд, ки онро  барои хулосагирӣ  ба Кумитаҳои Маҷлиси Намояндагон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бифиристанд. Лоиҳаи мазкур дар зарфи ду моҳ  дар ин ниҳодҳо мавриди баррасӣ ва муҳокима қарор хоҳад гирифт.

Хотиррасон мекунем, ки Лоиҳаи Қонуни мазкур аз ҷониби Кумитаи тадорукоти эътилоф, ки намояндагони чаҳор ҳизби сиёсии кишвар (ҲНИТ, ҲУСДТ, ҲСТ (ҳарду ҷино), ҲДТ (ҳарду ҷино) ва бархе аз созмонҳои ҷамъиятӣ ва шахсиятҳои маъруфи кишвар аз ҷумлаи ёсатмадорону ҳуқуқшиносон ба он шомил шудаанд, таҳия гардида, 2-юми ноябри соли ҷорӣ  тавассути вакилони Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон ба палатаи поёнии Маҷлиси Олии Тоҷикистон барои баррасӣ пешниҳод шудааст.

Дар ин мавзӯъ: ҶАЛАСАИ НАВБАТИИ КУМИТАИ ТАДОРУКОТИ ЭЪТИЛОФ БАРОИ ИСЛОҲОТИ ДЕМОКРАТӢ

ВАРАҚАИ ИТТИЛООТИИ КУМИТАИ ТАДОРУКОТ

«Рӯзгор»

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854