00:57:41 24-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

ИЗИ ЯК ВИРУСИ ҶОСУСРО ДАР ТОҶИКИСТОН ЁФТААНД

Як ширкати маъруфи офарандаи антивирусҳои комютерӣ мегӯяд, вирусеро ошкор кардааст, ки зоҳиран дар Русия ва махсус барои ҷосусӣ ва дуздидани иттилоъоти махфӣ сохтаанд.

/images/stories/2013/01/15_virus-new-15012013.jpgKaspersky Lab ва ё “Озмоишгоҳи Касперски”, ки аз антивирусҳои он дар Тоҷикистон низ фаровон истифода мебаранд, бо рӯзи 14 январ бо нашри гузорише дар торнамои худ гуфт, ҳадафи аслии вирус бо номи “Октябри Сурх”, кишварҳои шӯравии собиқ ва Аврупои Шарқӣ будаанд, вале "қурбониёни" онро метавон дар ҳар ҷойи дигар, сар аз Аврупои Ғарбӣ то ба Амрикои Шимолӣ пайдо кард.

Кори вируси “Октябри Сурх”, ки паҳнкунандагони онро дар Тоҷикистон ҳам ёфтаанд, ҷамъ овардани иттилоъоти маҳрамона, аз ҷумла дар бораи сиёсатҳои геополитикӣ, калидвожаҳои шабакаҳои компютерӣ ва иттилоъоти хусусӣ аз телефонҳои ҳушманд ва шабакаҳои мухобиротӣ будааст.

Ба гуфтаи “Озмоишгоҳи Касперски”, қасди офарандагони ин вирус дуздидани иттилоъоти сиррӣ аз ниҳодҳои давлатӣ, сафоратхонаҳо, пажӯҳишгоҳҳои атомӣ ва ширкатҳои нафту газ будааст. Вируси комютерии мазкур ба ҳадде моҳир будааст, ки дар сурати ёфтанаш худро “беҷону беасар” вонамуд мекунад, вале вақти дигарбора ба кор андохтани комютер ба фаъолияташ идома медиҳад.

Вируси "Октябри Сурх", ки аз тариқи почтаи электронӣ паҳн мешудааст, ҳамчунин метавонистааст, иттилоъоти покшуда дар сахтафзори компютер ва флешдиксро барқарор кунад, ки ин "ҳунарро" ҳеҷ вируси дигар надоштааст. Дар нақшае, ки “Озмоишгоҳи Касперски” бо номи “Амалиёти Октябри Сурх” ва қурбониёни он нашр кардааст, номи Узбакистон, Озарбойҷон, Туркманистон, Афғонистон, Қазоқистон, Арманистон, Ҷумҳурии Белорус, Русия, Украинаро меёбед, ки вируси мазкур ё ба муассисаҳои давлатии онҳо ва ё сафоратхонаҳои хориҷӣ дар онҳо сироят кардааст.

Агарчӣ бар асоси нақшаи “Озмоишгоҳи Касперски” Тоҷикистону Қирғизистон аз ҳамлаи вируси “Октябри Сурх” эмин будаанд, вале бар асоси гузориши ширкат, бастаҳои паҳнкунандаи вирус дар ҳарду кишвар ёфт шудаанд. Дар ин гузориш омадааст, ки 60 манбаъи фиристандаи вируси дуздро пайдо кардаанд, ки аксарияти онҳо дар дохили Русия ва Олмон будаанд. Таҳқиқ дар ин заминаро “Озмоишгоҳи Касперски” моҳи октябри соли 2012 баъди як силсила талоши рахна ба системаҳои шабакаҳои намояндагиҳои дипломатии кишварҳои гуногун шурӯъ кардааст ва мегӯяд “Октябри Сурх” аз соли 2007 то кунун ба қавле ба дуздӣ машғул будааст.

Барномасозони “Озмоишгоҳи Касперски” мегӯянд, ба ин боваранд, ки вируси мазкур дар Русия сохта шудааст, зеро дар офаридани он аз ибораҳое хоси барномасозӣ истифода кардаанд, ки ба ғайр аз Русия дар дигар ҷойҳо истифода намешавад.

«Озодӣ»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

Дуои борон

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi