Даргузашти Абдуҷаббор Сатторов
03.05.2013 20:32
4407
Абдуҷаббор Сатторов, собиқ арбоби ҷамъиятиву сиёсии ҷумҳурӣ 2-майи соли 2013 бар асари бемории сактаи дил дар синни 68-солагӣ ин ҷаҳонро падруд гуфт.
Аксҳо аз ҷашни 40-солагии таъсиси ҲНИТ
29.04.2013 11:58
4507
Ҷашни 40-солагии таъсисёбии ҲНИТ 27-уми апрел дар дафтари марказии ин ҳизб дар шаҳри Душанбе бо ширкати беш аз 3 ҳазор узв, ҷонибдор, алоқаманд, меҳмонони хориҷӣ аз ҷумла, аз кишварҳои Арабистони Саъудӣ, Федератсияи Русия, Ҷумҳурии Исломии Эрон, Ҷумҳурии Туркия, бархе аз раҳбарони аҳзоби сиёсии кишвар, сафирони сафоратхонаҳои ҶИЭ, ИМА, ҶИА дигар ....
Аксҳо аз ҳамоиши «Саид Абдуллоҳи Нурӣ ва Тоҷикистони муосир»
15.03.2013 07:14
4952
Имрӯз, 15-уми марти соли 2013, ба рӯзи таваллуди устод Саид Абдуллоҳи Нурӣ, собиқ Раиси Комиссияи Оштии Миллӣ, собиқ Раҳбари Иттиҳоди Нерӯҳои Опозитсиони Тоҷик ва собиқ Раиси ҲНИТ 66- сол пур мешавад.
АКСҲО АЗ МАҲФИЛИ ГУЛИ ЗАРД
06.03.2013 23:53
4737
Имрӯз, 6-уми марти соли 2013, дар толори ҷаласаҳои Иттиҳодияи рӯзноманигорони Тоҷикистон ба ифтихори панҷоҳумин солрӯзи таваллуди шоира ва рӯзноманигори маъруфи кишвар Гули Зард маҳфили ҳамкасбону дӯстони ин соҳибқалами варзида баргузор гардид.
АКСҲО АЗ МАҲФИЛИ «ГУФТУГӮИ ТАМАДДУНҲО»
25.02.2013 21:57
4779
Рўзи 22-юми феврал дар маҳфили «Гуфтугӯи тамаддунҳо»- и профессор Иброҳим Усмон сӯҳбат аз мавзўи нақши Русия дар ҷангу сулҳи байни тоҷикон рафт. Дар ҳамоиш, ки ин дафъа дар маркази савдои «Пойтахт» баргузор гардид, профессор Абдунабӣ Сатторзода, собиқ муовини вазири корҳои хориҷаи Тоҷикистон, оиди ин мавзӯъ фикру андешаҳои худро иброз дошт.
Аксҳо аз нахустнамоиши спектакли «Чархи гардoн»
15.02.2013 23:06
4765
Дар толори хурди театри давлатии академикӣ-драмавии ба номи устод Абулқосим Лоҳутӣ нахустнамоиши пиесаи драматург ва нависандаи маъруфи тоҷик Нурмуҳаммад Табаров «Чархи гардoн» дар таҳияи коргардони шинохтаи тоҷик, Ҳунарманди мардумии Тоҷикистон Убайдуллоҳ Давлатов баргузор гардид.
ТАЛБАК НАЗАРОВ: «СУЛҲ КОРИ ҲАРДУ ҶОНИБ БУД»
17.01.2013 11:24
4859
Ҳамоиши навбатии маҳфили «Гуфтугӯи тамаддунҳо»-и профессор Иброҳим Усмонов дар толори нишастҳои матбуотии Маркази ҷумҳуриявии матбуоти марбути вазорати корҳои хориҷа дар бинои мавсум бар Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҳузури сиёсатмадорону олимон, шоиру нависандагон, журналистон ва дигар ақшори ҷомеъа баргузор гардид.
ҲНИТ ВА ҶОМЕЪАИ ШАҲРВАНДӢ: ҲАМКОРӢ ВА ҲАМДИГАРФАҲМӢ Ё …
28.12.2012 11:38
4741
Бо ибтикори «Ассосиатсияи миллии Созмонҳои ғайридавлатии Тоҷикистон» ва Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон таҳти унвони «ҲНИТ ва ҷомеъаи шаҳрвандӣ» дар толори ҷаласаҳои меҳмонхонаи «Каён» мизи гирде баргузор гардид, ки дар он раҳбарон ва намояндагони бархе аз ташкилотҳои ҷамъиятӣ, аҳзоби сиёсӣ, корпуси дипломатии муқими Душанбе, рӯзноманигорон ва аҳли зиё иштирок намуданд.