16:17:22 20-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

ТАБИБЕ, КИ БО ҶОНИ ХУД ҶОНИ БЕМОРОНРО ХАРИД

Қиссаҳо аз рӯзгори ҳиҷрат

Хабари дар рӯзҳои наздик ба Ватан баргаштани хонаводаи Зӯрибек хотири сардухтур Акрамшоҳро мушавваш сохта бошад ҳам, вале ба он хотир, ки бозгашти муҳоҷирин ба Ватан ихтиёрист, дар ин хусус бо ӯ ҳарфе назад.

/images/stories/2012/07/02_tabib-1-2012.jpgМунтазир буд, ки Зӯрибек имрӯз ё фардо ба назди ӯ ва дигар ҳамкасбонаш барои хайрухуш меояд. Омад, вале на барои хайру хуш. Омад, ки якрӯза ҷавобаш диҳанд. То модари яккаву ягонаашро ба Бандари Шерхон бурда ба Ватан гуселонад. Баъдан агар модар зарур донад бо мактубе ӯро ба наздаш ба Ватан даъват хоҳад кард. Аз ин тасмими Зӯрибек ҳамкасбонаш хурсанд шуданд. Махсусан онҳое, ки бо ӯ дар як баст кор мекарданд.

Баъди ба Ватан баргаштани модар Зӯрибек қариб шабу рӯз дар шифохона буд. Рӯзи фоҷиа низ чун ҳарвақта баъди намози аср ба хонаи беморони диққи нафас рафта ҳар якеро аҳволпурсӣ кард. Бо ҷисми онҳое, ки зарурат доштанд, бо сӯзан дору гузаронд. Азони намози шомро шунида ба масҷид шитофт. Роҳравон овози тайёраи ҷангиеро шунид. Ҳанӯз ба дари масҷид нарасида буд, ки ҳуштаккашии бомбаи аз тайёраи низомӣ партобшуда торафт баланд гардид. Зӯрибек аз таҷриба яқин кард, ки бомба баъди лаҳзае дар наздикиҳои ӯ метаркад.

Саросема шуд. Лаҳзае фикр кард, ки ба масҷид дарояд ё дар ҷояш ба замин бихобад. Ана дар ҳамин лаҳза дар масофаи тахминан бист қадам дуртар аз ӯ бомба таркид. Мавҷи зарбаи таркиш ӯро ба замин ғалтонд. Ҳамон лаҳза гармиеро болотар аз зонуи росташ дар ҷои сергӯштӣ эҳсос кард. Дасти росташро болои он бурд. Хун мерафт. Чанд нафаре аз масҷид баромада ба сӯяш давиданд. Ӯро аз замин бардоштанд. Бо такя ба пои чап базӯр рост истод. Вале пеши чашмонашро сиёҳӣ гирифт.

Он ду нафари ба кӯмакаш шитофта магар инро ҳис карданд, ки аз таги кашаш маҳкам қапиданд. Ӯ фаҳмид, ки ҷароҳаташ вазнин аст. Оҳанпорае болотари зонуи пои росташ ба сергуштӣ даромадааст. Ба хотир овард, ки тамоми васоити ҷарроҳиро аз беморхонаи кампи Майдони ҳавоӣ ба шифохонаи нав, ба маҳали муҳоҷирнишини Боғи Ширкат кӯчониданд. То он ҷо масофа ҳаждаҳ километр. Масъулин муҳоҷиринро дар ҷои амнтаре сарҷамъ карданд.

Майдони ҳавоӣ ба майдони даргириҳои байнихуди муҷоҳиддини афғон табдил ёфта буд. Болои сӯхта намакоб вақтҳои ахир  тайёраҳои бидуни аломати мансубият низ тез – тез болои муҳоҷирини ин камп бомба мепартофтанд. Мана худи ҳамин рӯз бар асари таркиши ду бомбае, ки аз ҳавопаймои номаълум партоб шуданд, ҳафт кас дар ҷои воқеа ба ҳалокат расид, шонздаҳ нафари дигар захм бардоштанд. Ҷароҳати шаш нафари онҳо хеле ҳам вазнин буд.

Ҳамаи захмишудагонро ба телешкаи тракторе бор карда роҳи Боғи Ширкатро пеш гирифтанд. Дар қатори захмиён Зӯрибек низ буд. Дар роҳ аз дигарон фаҳмид, ки миёни ҳалокшудагон ду рафиқи наздикаш низ будааст. Хуршеди писари Подабонро ним соат пеш дар назди хонааш дида буд. Хурсандӣ мекард, ки падараш барои хостгорӣ ба Боғи Ширкат рафтааст. Бесаброна омаданашро интизор буд. Тақдири ӯ ҳал мешуд. Ҳамсоли дигараш Диноршо бошад орзуи ба яке аз кишварҳои оромтар рафтану таҳсили илм карданро дошт. Падарашро низ розӣ карда буд. Илмҳои дақиқро дӯст медошт. Мехост барномарези компютер шавад.

- Ай хонаи акаи Подабон се кас шаҳид шидаст. Ба ғайри бачаш зану духтари арӯсишни ҳалок шиданд, - гуфтани яке аз сарнишинони трактор риштаи хаёли Зӯрибекро канд. Мехост суол кунад, ки ҳодиса чи гуна рух додааст. Вале он шахс худаш ба гапаш идома дод. Ба гуфтаи ӯ бомбаи дуюм рост ба болои хонаи акаи Подабон афтодааст. Кӯдакони хурдсоли акаи Подабон Илҳомиддину Исломиддин дар хона набуданд. Модар онҳоро барои овардани хамирмо ба хонаи холаашон фиристода будааст. Баъди бозгашт онҳо хамирмо дар даст гирякунон хона ва модар мекофтанд.

/images/stories/2012/07/02_tabib-2-2012.jpgПас аз шунидани ин хабар Зӯрибек аз нолиш монд. Гӯё дигар дардро ҳис намекард. Дарди зӯртаре магар қалби ӯро ба сӯзиш дароварда буд, ки мижа назада ба нуқтае чашм андохт. Торикӣ ҳама ҷоро пахш карда буд. Синаи ин деви шабро танҳо рӯшноии чароғҳои трактори ҳомили инсонҳои ҷисману қалбан бо маънии асливу маҷозиаш пур аз захму пур аз дард чун теғ бурида роҳи умеду роҳи наҷотро аз ин зулмоти даҳшат ҷӯё буд.

Дар шифохонаи Боғи Ширкат аллакай ҳамаи кормандон омодаи қабули захмиён буданд. Сарҷарроҳи беморхона акаи Маҳмадшариф дар байни захмиён Зӯрибеки ҳамкасбашро дида амр кард, ки пеш аз ҳама ӯро болои мизи ҷарроҳӣ гузоранд.

- Нею акаи Маҳмадшариф, мун Худоро шукр, ки созум. Ҳолӣ сабру тоқат дорум. Апаи Тазкирара аввал аператсия куне, ки аҳволуш вазнинай.

- Бачам Зӯрибек, кори апаи Тазкира бисёртарай, пои чапша буридан даркор. Вақти бисёра мегира. Биё аввал ай ту сар кунем. Асколкаҳота бигирем, хунравира манъ кунем.

- Хоҳиш мекунум, акаи Маҳмадшариф, аввал апаи Тазкирара аператсия кунен, ки дигар ҳеҷ кас надора кӯдакоша нигоҳ куна. Охир, чанд рӯз пеш шуш шаҳид шуда буд – ку? Кӯдакош сағера мондан.

Духтур дигар идомаи баҳсро эб надид. Ва амр кард, ки Тазкирара рӯи мизи ҷарроҳӣ гузоранд.

Дар ин байн Зӯрибек ва дигар захмиён дар ҳуҷраи паҳлӯи ҷарроҳихона дар ҳолати нимторикӣ интизори амалиёти ҷарроҳии худ буданд. Ягона чароғи дар байн гузошта наметавонист ҳамаҷоро хуб равшан кунад. Чеҳраҳои захмиёнро хуб аён бисозад. Поёнтар аз захмиён дар ҳамон ҳуҷра як гурӯҳи ихтиёриён ба хотири наҷоти маҷрӯҳон хун месупориданд.

Миёни ҷароҳатбардоштагон аз ҳама зиёд  Қосимбек бетоқатӣ мекард, доду вой мегуфт.

- Бачам Зӯрибек, вазъиятум бадаӣ, доктор Муҳаммадшарифа бигу, ки аввал муна аператсия куна, ки яке намуруму кӯдаком сағера монан. Ту ҳолӣ ёшӣ, бақувватӣ, бачам. Э вой, ҷунумэ.

- Майлаш, акаи Қосимбек, мун ҳолӣ тоқат дорум, - базӯр овоз баровард Зӯрибек. Аввал шумора аператсия кунан, майлаш.

Баъди Тазкира Қосимбекро, ки аз ҳама бештар сӯхтуму пухтум дошт, ҷарроҳӣ карданд. Аҳволи Зӯрибек бад шуд, Хуни бисёр рафт. Фишораш хеле паст гардид. Дилаш чун мурғи дар панҷаи бози шикорӣ маҳкам гӯё барои халосӣ гоҳ - гоҳе метапиду халос. Бале, бози марг бо мурғи дили ӯ бозӣ мекард.

Вақте, ки Муҳаммадшарифи духтур болои Зӯрибеки рӯи мизи ҷарроҳӣ гузошта хам шуд, тани ӯро сарду беҷон ёфт. Қалби ӯ аз тапидан монда буд.

Рӯзе, ки худоии Зӯрибеки худораҳматиро дар масҷиди ҷомеи Боғи Ширкат медоданд, ба дасти сардухтури шифохона Акрамшоҳ мактуберо супориданд. Гуфтанд, ки аз Ватан тавассути Бандари Шерхон оварданд. Акрамшоҳ бо ҳирс, хомӯшона ба хондани он шурӯъ кард.  Ҳама интизор буданд, ки Акрамшоҳ чи мегӯяд, чӣ пайғоме мерасонад. Вале ба ҷои сухан аз забон ашк аз чашмони ӯ ҷорӣ шуд. Аз киссааш рӯмолчаашро гирифта мактубро ба ҷавони паҳлӯяш дод, ки бихонад. Дар он нома аз ҷумла омада буд: “Зӯрибек, бачаи ширин, холаат духтарша ба шӯ додас. Майлуш, Акрамшои раҳбарта бигу, ки хонаи акаи Подабон бурава. Майлуш, ҳаму духтаруш Фирӯзара, ки дуст медорӣ, барои ту хостгорӣ куна. Насиб бошад мо ҳам дар тӯи бачаҳои Акрамшо хизмат мекунем. Бо салом очаи роҳдури ҷигаркабобут”.

Соли дуввуми ҳиҷрат акнун сипарӣ мешуд…

Султони ҲАМАД



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi