Додгоҳи 49 нафар барои қатли Фархундаи 27-сола
02.05.2015 23:07
1253
Дар курсии айбдорӣ барои қатли Фархунда, зани 27-сола дар Кобул, 49 нафар, аз ҷумла чанд маъмури пулис нишастаанд. Мууҳокмаи ин афрод рӯзи шанбе мустақим тариқи телевизионҳо пахш шуд.
Интихоботи Нурсултон Назарбоев ва ду рақиби ношинохтааш
26.04.2015 22:49
1109
Рӯзи якшанбе дар Қазоқистон интихоботи раёсати ҷумҳури ин кишвар оғоз ёфт. Дар Душанбе ва Хуҷанд низ ҳудуди 200 шаҳрванди Қазоқистон ба пойи сандуқҳои раъй рафта, овози худро хоҳанд дод.
Толибон ва "Давлати исломӣ" зидди ҳам "ҷиҳод" эълон карданд
22.04.2015 01:22
1161
Мақомот ва коршиносони умури амниятии афғон мегӯянд, гурӯҳҳои "Давлати исломӣ" ва Толибон дар Афғонистон алайҳи якдигар меҷанганд.
Ашрафғанӣ хост, афғонҳо ҷиҳоди миллӣ эълон кунанд
18.04.2015 22:44
1253
Муҳаммад Ашрафғанӣ баъди тақрибан як ҳафтаи ҳамлаи хунин дар Ҷурми Бадахшон ба ин вилоят рафт ва аз сокинон даъват кард, зидди мухолифони мусаллаҳ, ки ба гуфтаи хориҷиянд, ҷиҳоди миллӣ кунанд.
Иззат Иброҳим - муовини Саддом Ҳусейн "кушта шуд"
18.04.2015 22:34
1183
Роид ал-Ҷабурӣ, раиси вилояти Салоҳуддини Ироқ, аз кушта шудани Иззат Иброҳим, муовини Саддом Ҳусейн хабар дод, ки аз соли 2003 боз дар фирор буд. Ӯ гуфт, барои тасдиқи хабар ташхиси ДНК сурат мегирад.
Вазири нафти Эрон: "Занҷонӣ аз аввал ҳам қасд надошт пули нафтро бидиҳад"
15.04.2015 22:16
1253
Вазири нафти Эрон Бежан Номдори Зангана гуфтааст, ки Бобаки Занҷонӣ - миллиардери зиндонӣ аз ибтидо қасд доштааст, ки 2,7 миллиард доллар қарзҳои ин вазоратхонаро пардохт накунад.
Талоши дувуми Ҳ.Клинтон барои дарёфти курсии президентӣ
13.04.2015 23:41
1176
Вазири пешини умури хориҷии Амрико худро расман номзади интихоботи раёсати ҷумҳурии 2016 дар Амрико эълон кард. Дар сурати пирӯзӣӯ нахустин зан-президенти Иёлоти Муттаҳида хоҳад шуд.
Толибон 18 сарбози афғонро куштанд, бархеро сар буриданд
13.04.2015 23:40
1169
Мақомоти Афғонистон мегӯянд, ки дар чанд задухӯрди рӯзҳои охир дар шимоли ин кишвар ҷангиёни Толибон дасти кам 18 сарбози артиши Афғонистонро кушта, сари баъзе ҷасадҳоро аз тан ҷудо карданд.
Ҷамъоварии имзо барои лағви сафари Эрдуғон ба Эрон
06.04.2015 09:32
1205
Бархе аз намояндагони маҷлиси Эрон бо имзогузорӣ зери як нома хостори лағви сафари президенти Туркия ба Теҳрон шудаанд. Онҳо мегӯянд, Эрдуғон бояд аз Эрон барои иҳонати кардааш узр пурсад.
Путинро иваз кардаанд?
04.04.2015 00:55
1163
Як адиби рус, ки дар бораи Владимир Путин ду китоб навиштааст, мегӯяд, Путине, ки баъди 10 рӯзи ғайб заданаш дар моҳи март дар мазҳари ом зоҳир шуд, аз Путини қаблӣ хеле фарқ мекунад.
Таваҷҷӯҳи Амрико ба парвандаҳои Гулнора Каримова
04.04.2015 00:43
1109
Се ширкати бузурги мухобиротӣ ба додани пора ба мақомоти Узбакистон ба хотири роҳ ёфтан ба бозори ин кишвар гумонбар мешаванд. Ҳоло ба таҳқиқи ин қазия мақомоти Амрико ҳамроҳ мешаванд.
Андреас Лубитс - халабони дувуми "Аэробус 320" кӣ буд?
28.03.2015 00:09
1190
Пулиси Олмон ҷустуҷӯ ва бозрасии хонаи Андреас Лубитс-халабони дуввуми Аэробуси 320-ро дар робита бо суқути он анҷом дод. Ин халабони ҷавон ба эҳтимоли зиёд огоҳонаву қасдан ин ҳавопайморо ба замин сарозер кард.
Отамбоев зидди “Давлати Исломӣ” аз Аврупо мадад хост
25.03.2015 11:46
1191
Раисиҷумҳури Қирғизистон Алмосбек Отамбоев гуфтааст, кишвараш дар рӯёрӯӣ бо таҳдидҳои гурӯҳи “Давлати Исломӣ” ба ёрии ҳарбии Иттиҳоди Аврупо эҳтиёҷ дорад.
Нерӯҳои амрикоӣ имсол ҳам дар Афғонистон мемонанд
25.03.2015 11:45
1139
Президенти ИМА эълон кард, ки раванди хуруҷи нерӯҳои ин кишвар аз Афғонистонро кундтар месозад ва то поёни соли ҷорӣ 9800 сарбоз боқӣ хоҳанд монд. Бар асоси нақша, то охири соли ҷорӣ бояд 5500 аскари амрикоӣ дар Афғонистон боқӣ мемонд.
Нур: "Додани бархе вазоратҳо ба Толибон кори дуруст аст, агар..."
20.03.2015 13:16
1087
Атомуҳаммади Нур, сарпарасти мақоми вилояти Балх ва аз матраҳтарин фармондеҳони муҷоҳиддини пешин дар Афғонистон, аз музокироти сулҳ бо Толибон пуштибонӣ кард ва гуфт, ки тақсими қудрат бо мухолифон, кори дуруст аст.
















