18:59:37 19-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Июн 2019 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
          1 2
3 4 5 6 7 8 9
10 11 12 13 14 15 16
17 18 19 20 21 22 23
24 25 26 27 28 29 30

Иттиҳоди ҳарбии туркиву гурҷӣ

Бобоҷони Шафеъ, "Рӯзгор"

Аз рӯйдодҳои муҳими ҳафтаи гузашта метавон эълони бунёди артиши муштарак миёни Туркия, Озарбойҷон ва Гурҷистонро ном бурд, ки бидуни шак ҳангомабарангез буд. Аз сӯи дигар мушоҳида мешавад, ки худи ғояи таъсиси артиши муштарак зояндаи як зиддияти бузург миёни Шарқ ва Ғарб, ба вижа Русия ва Амрикову Иттиҳодияи Аврупост, ки аз имрӯз тарҳрезӣ ва ташвиқ мешавад. Ҳатто дар пасманзараи ин зиддиятҳо метавон ҳадафи наздиктарини Амрико истифодаи ин иттиҳод барои зарба ба Эронро нодида гирифт, чун хатари муқовимату Шарқу Ғарб бузуртар аз ҳаҷми таҳдиди зарба ба Эрон аст.

turkivu-gurji_54789889Ҳафтаи гузашта матбуоти Озарбойҷон баъди сафари вазири мудофиаи ин кишвар Сафар Абиев ба ИМА ва дидораш бо ҳамтои амрикоияш Чак Ҳейгел ҳангома бардошт, ки акнун Боку ва Анқара артиши ягона бунёд мекунанд. Ба дигар маънӣ масъалаи ташкили артиши муштарак миёни Туркия ва Озарбойҷон дар Вашингтон баррасӣ ва қобили қабул уфтодааст. Узви кумитаи мудофиаи Маҷлиси Миллии Озарбойҷон Зоҳид Оруҷ изҳор дошт, ки Озарбойҷон ва Туркия амалан ба таъсиси артиши муштарак оғоз кардаанд ва шакли ин ҳамкорӣ бояд аз он ки то ҳол гуфта мешуд, фарқ кунад: на “Як миллат, ду давлат”, балки “Як миллат, артиши ягона”.

Дар ҳамин ҳол бино ба гузоришоти расида Гурҷистони ҳамсоя низ хостори рушди ҳамкориҳои низомӣ бо Туркия шудааст. Вазири мудофиаи ин кишвар Ираклий Аласания гуфтааст, ки вақти густариши сеҷонибаи ҳамкориҳои низомӣ фаро расидааст. Қарор аст 20 август Аласания низ вориди Вашингтон шавад ва сари ин масъала бо мақоти зидахли ин кишвар гуфтугӯ намояд. Коршиносони масоили амниятӣ бар ин назаранд, ки иттиҳоди сегонаи ҳарбӣ назири Туркия, Озарбойҷон ва Гурҷистон ба дурнамои тарҳҳои Пентагон мувофиқат мекунад ва тарроҳони ин нақша муқовимате аз ҷониби Кохи Сафед эҳсос нахоҳанд кард.

Ва боз ин дар ҳолест, ки Тифлис омодагии худро барои густариши ҳамкориҳои низомӣ бо Исроил низ эълон кардааст. Аммо вазири гурҷӣ дар шарҳи ин тасмим гуфтааст, ки ҳоло сухан аз ҳимояи хати нафткаши Боку –Тифлис – Ҷайҳон ва дигар тарҳҳои амниятӣ меравад. Ва ҳамаи ин коршиносонро ба ин хулоса овард, ки “сегонаи ҳарбӣ” метавонад аз ҷониби Амрико чун василаи муносиб ва хуби зарба ба Эрон истифода шавад.

Тарҳи Вашингтону иттиҳоди озариву туркӣ?

Аммо ба назар мерасад тасмими сегона аз ҷониби коршиносон ва таҳлилгарони амниятии минтақа ҳар гуна шарҳу баён ёфт ва дар маҷмӯъ он чандон ҷиддӣ гирифта нашудааст. Худи иттиҳод шояд воқеъан ҳам василаи наздикии се кишвар дар рушди ҳамкориҳои низомӣ шавад, вале аксари кулли таҳлилгарон ба бунёди артиши муштарак шаку шубҳа кардаанд. Нуктаи муҳим он аст, ки ғоя суди дуҷониба дорад. Амрико мехоҳад аз он ба нафъи худ истифода кунад ва аз ҷониби дигар Озарбойҷон мехоҳад аз иттиҳоди нав барои саркӯбии Арманистон ҷиҳати ҳалли бӯҳрони Қаробоғ баҳра барад.

Шояд ҳам ину ҳам он имконпазир бошад, вале ояндаи минтақа ва талоши қудратҳо барои ҷои по низ дар миён аст, ки ҳоло кам касонро аз доираҳои ҳукуматӣ нигарон мекунад. Доираҳои коршиносӣ бошанд аз ҳоло паёмади шумеро аз ин гуна тасмимҳо дар амнияти минтақа эҳсос мекунанд.

Владимир Козюлин, профессори Академияи илмҳои ҳарбии Русия бар ин назар аст, ки ҳатман ин тарҳ дар Вашингтон кашида шудааст. Аммо ин гуна паймонҳои ҳарбӣ ба худи ин кишварҳо чӣ медиҳанд, саволи боз аст ва касе наметавонад посухи дақиқ диҳад. Чун тибқи нақшаҳои Кохи Сафед ин се кишвар бояд дар ояндаи наздик чун пойгоҳ барои ҳамла ба Эрон хизмат кунанд. Вале баъд худи онҳоро чӣ пеш хоҳад омад, ин кори Вашингтон нест. Ва ин коршинос назари дигар ҳам дорад. Вай мегӯяд Туркия худ вақтҳои охир ба сарчашмаи ноамниҳо дар кишварҳои пасошӯравӣ табдил шудан дорад.

“Туркия худ ба зиддиятҳои дохилӣ рӯ ба рӯст ва ба ин зуҳури овораҳои суриёӣ низ то ҳадде мусоидат кардаву мақомоти ин кишварро водор сохтааст ба ҳалли бӯҳрони Сурия доман занад. Ва ин боис мегардад, ки аҳолӣ бештар аз пештар эътироз кунад ва масъалаи курдҳо бори дигар рух занад. Аз сӯи дигар барои Озарбойҷон мушкилоти Кӯҳистони Қаробоғ пеш меояд ва эҳтимолияти ҷанги нав барои касби тасаллут ба ин минтақа зиёд аст”,-мегӯяд ин коршинос.

Игор Каротченко, сардабири маҷаллаи “Мудофеаи миллӣ” низ тақрибан ҳамин гуна назар дорад. “Барои Озарбойҷон чун пештара мушкилоти аслӣ Қаробоғи кӯҳист. Ва он ки Озарбойҷон бештар аз пештар худро мусаллаҳ мекунад ва нерӯҳои ҳарбии хешро тақвият мебахшад, ба хотири аз мавқеъи зӯр сухан рондан дар гуфтушуниди қарибулвуқӯъ ба сарнавишти ин қитъа аз хоки олам аст”,-мегӯяд ӯ. Ин коршинос ҳамчунин аз иттиҳод ва бунёди артиши ягона миёни Боку ва Анқара ба назари шубҳа менигарад ва амалан инро як ташаббуси амалинашаванда меномад. Вале се кишвар метавонанд иттиҳоди ҳарбиеро ба вуҷуд оранд.

Ноиби президенти Академияи масъалаҳои геополитикӣ, доктори илмҳои ҳарбӣ Константин Сивков низ ба иттиҳоди ҳарбии сегонаи Туркия, Озарбойҷон ва Гурҷистон шубҳа дорад. Ба гуфтаи ӯ Озарбойҷон бо ин гуна изҳоротҳо мехоҳад ба таъсири худ дар минтақа афзояд. “Ин кӯшишҳо аз он гувоҳӣ медиҳанд, ки Озарбойҷон мехоҳад мушкилоти Қаробоғро аз роҳи низомӣ ҳал кунад ва бо “интернатсионалӣ кардани зиддият” мехоҳад Туркияро ба он ҷалб созад. Зеро Боку хуб медонад, ки тани танҳо наметавонад ба ин бӯҳрон расидагӣ кунад.

Пантуркизм ва “усмонизм”-и туркӣ

Аммо Туркия ҳам мехоҳад аз ин бурд кунад ва то ҳадде ин нақша ба ормонҳои пантуркистии эҳёи империяи усмонӣ мусоидат мекунад ва имкон дорад Анқара беш аз ҳар вақти дигар ба ин тарҳ посухи мусбат диҳад. Ин боз дар ҳолест, ки эҳёи империяи усмонии туркҳо муғойир ба ғояи истиқлолияти ҳам Озарбойон ва ҳам Гурҷистон аст.

Дар гузашта, аниқтараш аз соли 2007 миёни ин се кишвар муоҳадаҳои низомӣ ба имзо расида буданд, вале соли 2008 бар асари ҳодисаҳои Осетияи Ҷанубӣ ин гуфтушунидҳо мутаваққиф шуданд. Аслан ташаббускори ин гуна ҳамоиш худи Анқара аст, ки талош ба густариши ҳузури низомӣ дар минтақа дорад. Дар оғоз сухан аз бунёди воҳидҳои муштараки ҳифозатии хати интиқоли газ мерафт, вале баъдтар ин тарҳ ба гунаи дигар ва имрӯз дар шакли таъсиси артиши муштарак садо медиҳад.

Моҳи декабри соли 2011 онҳо Ёддошти тафоҳум дар мавриди бунёди хати интиқоли гази TANAR имзо карданд, ки арзиши умумии он 6 миллирад долларро ташкил медод. Ин хат бояд гази Озарбойҷонро аз тариқи Гурҷистон ба Туркия ва Аврупо интиқол бидиҳад. Гузашта аз ин Туркия соли 2010 эълон кард, ки дар татбиқи лоиҳаи дигари хати интиқоли газ бо номи Naducco ширкат хоҳад кард.

Аммо баъдан Озарбойҷон гӯё аз он ки Туркия хост дар равобиташ бо Ереван таҷдиди назар кунад, ранҷид ва гуфтушунидҳо оид ба интиқоли гази Озарбойҷон ба кишварҳои Итиҳодияи Аврупо мутафаққиф шуданд. Аввали соли гузашта бошад Анқара сареҳан эълон намуд, ки аз лоиҳаи Naducco пуштибонӣ нахоҳад кард. Коршиносон ва сиёсатмадорони минтақа аз он бим доранд, ки тарҳи мазкур ҷудоӣ миёни халқҳои Қафқози шимолӣ меандозад ва хеле хатар барои ояндаи ин миллатҳо дорад. Аз ҷумла туркшиноси арман Рубен Сафрастян мегӯяд:

“Анқара барои Боку ба як шарики муҳими ҳарбӣ табдил мешавад ва ин гувоҳи ин рушди ҳамкориҳои бесобиқаи ду кишвар зарфи танҳо ду соли охир аст. Аз сӯи дигар Туркия узви Паймони Атлантики шимолӣ (НАТО) аст ва талоши ҳамкориҳои наздиктари низомӣ аз қабили бунёди артиши ягон метавонад дар ояндаи наздик муҷиби густариши нуфузи НАТО дар минтақа гардад”.

Ин коршинос ҳам бо он ишора мекунад, ки ташаббуси пайвастани Гурҷистону Озарбойҷон ба иттиҳоди ҳарбӣ бо Туркия пурра ба талошҳои султахоҳии Анқара созгор аст ва ин барномаи қаблан тарҳрезишудаи ин кишвар аст, ки мехоҳад дар қадамҷои Империяи усмонӣ нуфузи густарда дошта бошад.

Коршиноси ҳарбии арман Грач Петросян изҳороти бунёди артиши муштарак миёни ду давлатро орзуи фантастикӣ номид. Вай гуфт: Ғояи артиши ягона барои ду давлат мантиқ надорад. Агар артиш ягона бошад, пас ин ду ё се кишвар зери як парчам бояд муттаҳид бошанд. Аз назари истиқлолияти Туркия ва Озарбойҷон ин кор амалан номумкин аст, чун ин ду кишвар системаи гуногуни ҳарбӣ доранд ва аз нигоҳи ахлоқиву равонӣ низ ин ду мамлакат аз ҳам фарқ мекунанд. Ин изҳорот аз жанри фантастика аст. Онҳо метавонанд басо фаъолона ва созанда бо ҳам ҳамкорӣ дошта бошанд, вале наметавонанд ба ҳам оянд. Мо ҳақ надорем ба ин гуна изҳорот ҷиддӣ бингарем”.

Директори пажуҳишгоҳи шарқшиносии Арманистон низ ба он ишора мекунад, ки талоши ҳамоиши се кишвар ба маънои зиддият миёни Шарқу Ғарб аст. Туркия чун узви НАТО ва аз муттаҳидони аслии Вашингтон дар минтақа аз манфиатҳои Амрико ва Иттиҳодияи Аврупо дифоъ мекунад ва ҳамзамон бо истифода аз фурсат барои татбиқи амалии нақшаҳои худ аз ҷониби ғарбиён имтиёзот ва озодиҳое дарёфт мекунад. Ин бозиест, ки онро «усмонизм» меноманд. Аммо набояд фаромӯш кард, ки Шарқро Русия намояндагӣ мекунад ва пӯшида нест, ки таъсири Маскав дар Қафқози Ҷанубӣ беш аз он аст, ки амрикоиҳо ва аврупоиён ва ҳатто Туркия мепиндорад.



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi