03:39:59 26-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

Фирдавси рӯи замин ва рӯзи сиёҳи он

Дар нимҷазираи Ҳинд тӯли қариб 8 аср забони форсӣ ҳамчун забони расмӣ ба шумор мерафт. Ин диёри бостонӣ зодгоҳи ҳазорон шоири забардасти форсигӯй, аз ҷумла Амир Хусрави Деҳлавӣ, Ҳасани Деҳлавӣ, Зебунисо, Мирзо Абдулқодири Бедил, Ғании Кашмирӣ, Фонии Кашмирӣ, Файзи Дакканӣ, Мирзо Асадуллоҳи Голиб, Муҳаммад Иқболи Лоҳурӣ ва ғайра мебошад. Танҳо дар водии Кашмир зиёда аз 2000 шоир ба форсӣ шеър гуфтаанд.

india-kashmir 4578454512Яке аз салотин шефтаи манзараҳои назаррабои Кашмир шуда, ин мисраъҳоро гуфтааст, ки то ҳол аксари кашмириён онро медонанд:

Агар фирдавс дар рӯи замин аст,

Ҳамин асту ҳамин асту ҳамин аст.

Мутаассифона, ин мавзеи зебоманзараву хушбоду ҳаво 66 сол боз осуда нест. 27 октябри соли 1947 низомиёни Ҳиндустон ба маркази иёлоти Ҷамму ва Кашмир шаҳри Сринагар ворид шуда, онро забт намуданд. Ин амали онон пурра хилофи Нақшаи тақсимоти Ҳиндустони Бритонӣ буд. Мувофиқи нақшаи мазкур соли 1947 вилоятҳои Ҳиндустони мустамликаи Британия ихтиёр доштанд, ки вобаста ба мазҳабу оини аксарияти аҳолӣ ва мавқеи географиашон ба Ҳиндустон ё Покистон ҳамроҳ шаванд. То моҳи июни соли 1947 ҳудуди асосии ду давлат муайян шуд. Се вилоят (Ҷамму ва Кашмир, Ҳайдаробод, Ҷунагарҳ) ҳанӯз пурра барои ба кадоме аз давлатҳо ҳамроҳ шуданашонро муайян накарда буданд.

Он замон ҳокимони вилоятҳои Ҳайдаробод ва Ҷунагарҳ мусулмон, вале аксари сокинон ҳиндувон буданд. Дар вилоятҳои Ҷаммуву Кашмир бошад баръакс, 87 фоизи аҳолиро мусулмонон ташкил медоданду ҳокими он Ҳари Сингҳ ҳинду буд. Дар натиҷаи раъйпурсӣ Ҳайдарободу Ҷунагарҳ ба Ҳиндустон ҳамроҳ карда шуданд. Вилояти Ҷаммуву Кашмир бинобар сабаби аксари аҳолиаш мусулмон будан мебоист ба Покистон ҳамроҳ карда мешуд.

Он замон аз Ҳиндустон ба Ҷаммуву Кашмир роҳи заминӣ набуд. Аммо Комиссияи Сарҳадӣ бо роҳбарии адвокати британиягӣ Сирил Рэдклифф бо ҳиндувон забон як карда, музофоти аксари аҳолиаш мусулмонро тақсим намуда, минтақаи Гурдаспурро ба Ҳиндустон дод. Ба ин васила Ҳиндустон ба Ҷаммуву Кашмир роҳ (дастрасӣ) ёфт. Дар натиҷа бо як номаи сохтаи Ҳари Сингҳ ба Ҳукумати Ҳиндустон 27 октябри соли 1947 низомиёни Ҳиндустон ба таври ногаҳонӣ Кашмирро ишғол карданд.

Мардуми озодихоҳи Кашмир аз рӯзҳои аввали истилои вилоят аз ҷониби низомиёни ҳинд ба мубориза бархостанд. Онҳо, ки бо аслиҳаи сабук мусаллаҳ буданд, соли аввали мубориза вазъи низомиёни бо танкаву тайёра мусаллаҳи ҳиндуро хеле мушкил сохтанд. Ҳиндустон наздикшавии мағлубияти низомиёнашро эҳсос карда, соли 1948 ба Шӯрои Амнияти СММ муроҷиат намуд. СММ муайян кардани хати мусолиҳа, аз сарҳад дур бурдани нерӯҳои низомӣ (қатъи ҷанг) ва зери назорати СММ гузаронидани раъйпурсиро пешниҳод намуд. Ҳарчанд қатъи амалиёти ҷангӣ ва муайян кардани хати мусолиҳа амалӣ шуда бошад ҳам аз минтақа дур бурдани низомиён ва баргузории раъйпурсӣ ҳанӯз амалӣ нашудааст. Имрӯз 139 000 километри мураббаи ҳудуди Кашмир зери назорати Ҳиндустон қарор дошта, 83 807 километри мураббаъ мутаалиқи Кашмири Озод аст.

Ҳукуматдорони Ҳиндустон дар оғоз ба СММ ваъда дода буданд, ки ба баргузории раъйпурсӣ мусоидат мекунанд, вале баъдтар ин уҳдадории худро фаромӯш намуданд.

Мардуми Кашмир чун диданд, ки Ҳиндустон ба кӯшишҳои ҳалли мусолиматомези қазияи Кашмир бепарвоӣ зоҳир мекунанд, соли 1989 даст ба эътисоб ва эътирози умумихалқӣ заданд. Дар роҳи муборизаи озодихоҳӣ зиёда аз 100 000 кашмирӣ кушта шуда, 110 ҳазор хона туъмаи оташ гардид. Фаъолшавии ҳаракати муқовимат Ҳукумати Ҳиндустонро водор намуд, ки соли 2004 ба Покистон оид ба ҳалли қазияи Кашмир гирди мизи музокирот бинишинад. То ин дам чунин вохӯриҳои дуҷониба дар сатҳҳои гуногун баргузор мегарданд, аммо мутаассифона танҳо бо дастфишориҳою фотосесияҳо маҳдуд мешаванд. Соли 2010 зимни баргузории намоишҳои эътирозӣ 122 нафар кашмириҳои бесилоҳ аз ҷониби низомиёни ҳинду кушта шуданд.

Комиссияи байналмиллалӣ оид ба ҳуқуқи инсон чанде пеш дар Кашмир 2700 ҷасади ашхоси номаълумро дарёфт кард. Ашхоси мақтул дар 38 мавзеъ (Барамулла, Бандипур, Ҳиндвара, Купвара…) дафн шуда буданд. Моҳи сентябри соли 2011 Палатаи ҷамоатҳои Британияи Кабир вобаста ба афзудани теъдоди қабри ашхоси номаълум дар Кашмир изҳори нигаронӣ кард. Ташхис нишон дод, ки дар ҳама ҷасадҳои ёфтшуда осори тир мавҷуд аст.

Ҳар сол 6-уми феврал дар бисёр кишварҳо Рӯзи ҳамдилӣ бо мардуми Кашмир ва 27-уми октябр Рӯзи сиёҳи Кашмир баргузор мешавад. Ҳадаф аз баргузории ин чорабиниҳо бетафовут набудан ба дарду алами мардуми Кашмир ва дастгирии маънавии аҳолии ҷафокашидаи ин диёри хушманзара аст. Худо кунад, ки дар ин сарзамин ҳарчӣ зудтар сулҳ фаро расаду дарду алами 66-солаи мардуми Кашмир хотима ёбад.

Муҳаммадризо Малик, барои «Рӯзгор»

Бознашр аз ҳафтаномаи «Рӯзгор» №26, 27 ноябри соли 2013



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi