19:28:01 29-уми Марти 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Март 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
        1 2 3
4 5 6 7 8 9 10
11 12 13 14 15 16 17
18 19 20 21 22 23 24
25 26 27 28 29 30 31

Александр Лукашенко: "Қрим де-факто қисме аз хоки Русия шуд"

Аз он рӯзе, ки дар Украина қудрати сиёсӣ ва ихтиёри ҳукумат  бо роҳи ғайриқонунӣ ба дасти раҳбарияти тазоҳуркунандагони ба ном "Евромайдон" расид ва Виктор Янукович, президенти қонунии ин кишвар рӯ ба фирор оварду тарки ватан намуд, каме бештар аз як моҳ гузашт. Дар тӯли ин як моҳ дар Украина ва атрофи он ҳодисаҳое рух доданд, ки дурандештарин ва боҷуръаттарин таҳлилгарони умури сиёсии ҷаҳон  ҳамагӣ ду моҳ қабл наметавонистанд вуқӯи онҳоро на танҳо пешгӯӣ кунанд, балки  эҳтимолияти сар задани онҳоро ҳатто ҳадс бизананд.

Ҳамроҳшавӣ тавассути  таҷовуз ё референдум?

bielorrusia lukashenko01010Қабл аз ҳама ин баргузор шудани раъйпурсии умумӣ дар як минтақаи хеле бонуфузи кишвар- нимҷазираи Қрим мебошад. Дар маҳдудае, ки ҳам аз ҷиҳати масоҳат ва ҳам аз ҷиҳати нуфус ва муҳимтар аз ҳама, ҳам аз ҷиҳати мавқеи ҷуғрофӣ, як қисмати хеле муҳими Украина ба ҳисоб мерафт ва шаст фисади аҳолии онро русҳо, 25 дар сади онро украинҳо, 12 дар сади онро татарҳои Қрим ташкил медоданд. Мардум бояд дар ин раъйпурсӣ аз ду савол ба яке посух медоданд: "Мехоҳед, ки Қрим  ба Русия ҳамроҳ шавад?" ва ё "Мехоҳед, ки Қрим дар ҳайати Украина бимонад?". Наваду шаш дар сади аҳолии наздик ба думиллионнафараи Қрим посух доданд, ки мехоҳанд бо Русия пайваст шаванд.

Ҳукумати нави Украина, кишварҳои Аврупо, ИМА эълон доштанд, ки раъйпурсӣ таҳти назорати милҳои силоҳи сарбозони русӣ, ки  ахиран ҳудуди 35 ҳазор ба ин маҳдуда дар як муддати кӯтоҳ дохил шуданд, баргузор гардид ва онҳо натоиҷи онро ҳамчун раъйпурсии ғайриқонунӣ қабул надоранд. Аммо раҳбарияти Русия эълон дошт, ки баргузории референдум хости худи мардуми нимҷазираи Қрим аст ва Русия низомиёни худро ба Қрим ворид накардааст, зеро заруратеро дар ин намебинад. Чунки мардуми нимҷазира отрядҳо худдифоъ сохта тавони онро доранд, ки тавассути онҳо аз худ дифоъ кунанд. Ба гуфтаи онҳо ҳарбиёни Русия, ки дар Севастопол мустақар ҳастанд, ҳатто аз қисмҳои низомии худ берун нашудаанд.

Вале раҳбарияти Украина, Иттиҳоди Аврупо, ИМА ва дигар давлатҳои ғарбӣ ба ин назаранд, ки ҳамин дастаҳои ба ном худдифоъ дар асл сарбозони давлати Русия ҳастанд, ки махфиёна вориди нимҷазираи Қрим шудаанд ва ҳукуматро ба ихтиёри афроди русгаро гирифта додаанд. Аз ин рӯ ҳамеша аз таҷовузи Русия ба Украина ҳарф мезананд ва таҳдидҳо мекунанд, ки Русияро дар ҳалқаи таҳримҳои иқтисодӣ хоҳанд гирифт. Барак Обама, президенти ИМА ва вазири корҳои хориҷии ӯ Ҷон Керри қабл аз баргузории референдум ба Русия ҳатто ҳушдор доданд, ки агар чунин раъйпурсӣ барпо шавад, барои Русия ин гарон анҷом хоҳад ёфт ва ҷой барои идомаи муносибатҳои дипломатӣ миёни ин ду кишвар дигар боқӣ  нахоҳад монд. Аммо Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Си Тзинпин дар як тамоси телефонии худ аз президенти ИМА тақозо кард, ки дар ҳалли буҳрони Украина танҳо аз роҳҳои дипломатӣ кор бигиранд.

Янукович дар Маскав Ятсенюк дар Вашингтон

Дар ин байн Виктор Янукович, президенти барканоршудаи Украина дар конференси матбуотӣ дар шаҳри Ростови лаби Дони Русия аз худ дарак дод. Ӯ иброз дошт, ки буҳрони Украина кори дасти кишварҳои ғарбӣ мебошад. Бо кӯмаки онҳо як гуруҳи ҷинояткорон қудратро дар Украина ба даст гирифтанд.Ӯ ҳанӯз ҳам худро президенти қонунии Украина меҳисобад ва дар ояндаи наздик ба Украина хоҳад баргашт.

Дар ҳоле, ки Янукович кишварҳои ғарбиро барои ба сари қудрат овардани гуруҳи ҷинояткорон дар Украина айбдор мекунад, Барак Обама ва раҳбарияти Иттиҳоди Аврупо Арсений Ятсенюк, сарвазири муваққати Украинаро дар Кохи Сафед ва қасрҳои бошукуҳи Аврупо хайра мақдам гуфта ваъдаи ба Украина расондани  кумакҳои ҳангуфтеро мекунанд. Вале ҳанӯз ҳам дар масъалаи кумак ба Украина кор фаротар аз ваъдаҳои болохонадор нарафтааст. Баръакс натоиҷи баъзе насарсанҷиҳое, ки дар бархе аз кишварҳои Аврупо баргузор гардиданд, нишон медиҳад, ки мардуми дигар кишварҳои аврупоӣ ҳозир нестанд, ки ҳукуматашон ба Украина кумаки моливу иқтисодӣ бирасонад.

Хулоса баъди баргузории референдум, ки онро ИМА ва кишварҳои аврупоӣ ғайриқонунӣ эълон карданд, раҳбарияти Қрим ва шаҳри Севостопол бо дархости расмӣ аз Русия хоҳиш карданд, ки ин ду субъектро ба ҳайати Федератсияи Русия қабул кунанд. Ниҳодҳои қонунбарори Федератсияи Русия Думаи Давлатӣ ва Шӯрои Федератсия дар як муддати кӯтоҳ ба ин дархости либоси қонун пӯшонданд. 21-уми марти соли ҷорӣ Владимир Путин, президенти Русия ба қарордоди ҳамроҳшавии Қрим ва Севастопол ба Федератсияи Русия имзо гузошт.

Таҳримҳои бетаъсир?

Ва аммо кишварҳои Аврупо ва ИМА алайҳи Русия баъди ҳамроҳшавии Қрим кадом иқдомҳоро пеш гирифтанд? Охир  қаблан таҳдидҳои зиёде аз сӯи онҳо садо медод? Ҳама интизор буданд, ки Русия дар инзиво қарор хоҳад гирифт. Чунин ба назар мерасид, ки дигар ягон кишваре аз ин кишварҳои ғарбӣ бо давлати русҳо ҳамчун  бо давлати таҷовузкор ҳатто доду гирифт нахоҳад кард. Вале ин пешгӯиҳо нақше бар об баромаданд. Дар ин росто ғарбиҳо кори амалиеро, ки карданд ин буд, ки феҳристи камтар ё зиёдтар аз 20 нафар афроди сиёсатмадор ва наздикони президент Путинро расонаӣ намуда эълон доштанд, ки ҳисобҳои бонкии ин афрод дар кишварҳояшон боз дошта мешавад ва ин афрод дигар ҳаққи сафар ба кишварҳои онҳоро надоранд.

Бояд гуфт, ки аксари ин афрод дар посух ба ин иқдоми кишварҳои ғарбӣ эълон доштанд, ки онҳо дар ягон кишвари хориҷӣ ҳисоби бонкӣ надоранд ва аз ин тасмимгириҳои кишварҳои ғарб дар ҳақи эшон заррае озурда ҳам нестанд. Чаро кишварҳои ғарбӣ алайҳи Русия иқдомоти муассиртареро рӯи даст нагирифтанд? Ба гуфтаи коршиносон эълон кардани таҳримҳои бештар алайҳи Русия бо эҳтимоли зиёд бар зарари худи ин кишварҳо анҷом хоҳад гирифт. Зеро иқтисодиёти ин кишварҳо аз гази Русия, ки истеъмолкунандаи асосиаш аврупоиҳо ҳастанд, вобастагии хеле зиёд дорад. Инро махсусан дар кишварҳои аврупои шарқӣ хеле хуб мефаҳманд.

Ҳамин аст, ки мардуми оддии ин кишварҳо, азҷумла дар Чехия, даст ба тазоҳурот зада талаб карданд, ки ҳукуматашон таҳримҳои эълон кардаи дигар кишварҳои аврупоиро алайҳи Русия дастгирӣ накунад. Дар байни раҳбарони давлатҳои ғарбӣ низ дар масъалаи эълони таҳримҳои шадидтари иқтисодӣ алайҳи Русия нуқтаи назар ягона вуҷуд надорад. Дар ҳоли ҳозир иктифо карданд, ки Русияро аз маҳфили кишварҳои G-8 хориҷ намуда ҷаласаеро, ки лидерони ин кишварҳо бояд дар Сочи мегузарониданд, лағв намоянд.

Воҳидҳои низомии украинӣ русӣ мешаванд

Шурӯъ аз 21-уми март ба баъд дар нимҷазираи Қрим ва шаҳри Севастопол қонунҳои Федератсияи Руссия расман ба иҷро даромаданд. Рубли  русӣ расман дар гардиш даромад. То як муддати муайяне гривени украинӣ низ дар муомила хоҳад гирифт. Дар нимҷазираи Қрим дар баробари қисмҳои низомии Русия инчунин воҳидҳои низомии украинӣ низ хеле зиёд буданд. Як қисме аз онҳо дар ин рӯзҳое, ки Қрим ба Русия пайваст шуд, ихтиёран ба қисмҳои низомии русӣ мунҳал гардиданд. Қисми дигари онҳо нимҷазираро бо кӯмаки низомиёни русӣ тарк намуданд.

Дар ҳамин ҳол  тибқи маълумоти ахири расонаҳои русӣ дар 189 воҳиди низомии украинӣ парчамҳои давлати Русия бардошта шудаанд. Ин доду гирифту табодулҳо на ҳамеша орому бонизом сурат мегирифтанд. Дар баъзе ҳолатҳо миёни сарбозони украинӣ ва отрядҳои худдифоъ, ки мехостанд қисмҳои низомиро ба ихтиёри худ дароранд, кор  то ба тирпарронӣ низ мерасид. Вале хушбахтона, ин тирпаррониҳо талафоти ҷонӣ дар пай надоштаанд ё доштаанду хеле кам. Аз сӯи дигар аскароне, ки худ зодаи Қрим буда дигар минтақаҳои Украина хизмат мекарданд,ба зодгоҳашон баргашта ба сафи Артиши Русия дохил мешаванд ва хизмати худро дар ниҷазираи Қрим идома медиҳанд.

Таҷрибаи Қрим густариш меёбад?

Дар ҳамин ҳол вазъият дар бархе аз шаҳрҳои умдатан руснишини Украина, аз ҷумла шаҳри Харков ва Донетск, чандон ором ба назар намерасад. Ҳамарӯза тазоҳуроти зидди ҳукумати нав сурат мегирад. Митингчиён ҳукуматдорони навро ғайримашруъ ҳисобида то рафт ба тарафдории бозгашти Президенти барканоршуда Виктор Янукович садо баланд мекунанд. Ва инчунин талабгори онанд, ки ба минтақаҳои онҳо мухторияти бештар дода шавад. Дар байни худи раҳбарони ҳукуматдорони нав низ ихтилофҳои шадиде дар баъзе масоили мубрами руз ба назар мерасад. Масалан бархеҳо бар ин назаранд, ки миёни Русия ва Украина режими раводидро ба роҳ монанд ва Украина аз Иттиҳоди Давлатҳои Муштаракулманофеъ хориҷ гардад.

Қисмати дигари роҳбарони нави Украина зидди ин пешниҳоданд. Қаноти ифротгарои "Евромайдон" бо номи "Сектори рост" ("Правый сектор") талош меварзад, ки тамоми масоили кадрӣ дар зинаҳои гуногуни давлатдорӣ бо роҳи зӯрӣ ҳаллу фасл шавад. Яъне онҳое, ки имрӯз бо кадом сабабе ба  табъи ҳукуматодорон мувофиқ нестанд, бояд аз вазифа зӯран гирифта шаванд. Дар Ютуб даҳҳо наворҳоеро дидан мумкин аст, ки намояндагони ин гуруҳ ба идораҳои давлатӣ даромада раҳбарони барояшон номаъқулро лату кӯб карда, маҷбуран аризаи  истеъфояшонро мегиранд.

Оё ҷанг ногузир аст?

Бино ба расонаҳои хабарии Русия вазъ дар  нимҷазираи Қрим ва атрофи он ба тадриҷ рӯ ба эътидол оварда истодааст. Ва аммо дар васоити ахбори оммаи Украина ва кишварҳои ғарбӣ вазъро чунон вонамуд мекунанд, ки Русия гӯё дар садади ишғол кардани хоки Украина қарор дорад. Ӯ нируҳои низомиашро дар сарҳадоти Украина ҷойгир кунонда дар арафаи як ҳамлаи ғофилгирона аст. Бино ба гуфтаҳои онҳо ҷанг байни Русия ва Украина ногузир аст.

Юлия Тимошенко, сарвазири собиқи Украина, ки баъди аз маҳбас озод шуданаш як моҳ дар беморхонаҳои Олмон табобат мегирифт, ба Ватанаш баргашт. Ӯ дар як суҳбати телевизионӣ бо шореҳи шабакаи "Интер" Савик Шустер Владимир Путинро душмани рақами яки Украина хонд, зеро Путин ба гуфтаи Тимошенко дар фикри ишғоли тамоми хоки Украина аст. Вале ҳатто агар нируҳои НАТО ба кумаки Украина наоянд ҳам, Украина қодир аст, ки нагузорад  аскари рус пояшро  аз вилояти Қрим ба дигар манотиқи Украина як қадам пеш гузорад. Ба гуфтаи Тимошенко таҷовузи Путин ба хоки Украина оғози суқути режими ӯ дар оянда мебошад.

Ва аммо Александр Лукашенко президенти Белорусия нахустин шуда дар байни раҳбарони кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Муштаракулманофеъ оид ба воқеаҳои Русия ва Украина иброз назар кард ва эълом дошт, ки "нимҷазираи Қрим де факто қисмате аз хоки Русия шуд ва мо дар ин масъала бо Русия ҳастем. Де-юра чи мешавад ин ба оянда вобастааст".

Султони Ҳамад, "Рӯзгор"

Бознашр аз ҳафтаномаи «Рӯзгор» №12, 26 марти соли 2014



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi