03:05:02 26-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

Эҳёи «Бозиҳои бузург» ва муътақидсозӣ

Ба Русия ҳамроҳ кардани нимҷазираи Қрим сиёсати геополитикии кишварҳои абарқудратро ба куллӣ тағйир дод. Иёлоти Муттаҳидаи Амрико тавонист то ҷойе Русияро дар ҷомеаи ҷаҳонӣ кишвари ишғолгар муаррифӣ намояд ва ҳатто Иттиҳоди Аврупо аз он нигаронӣ нишон дод, ки Русия ба умури кишвари Украин мустақиман дахолат дорад.

iran azarbayjan 565656Албатта, ин ҳаводис ба кишварҳое, ки марзашон ишғолшуда маҳсуб меёбад, басо нигаронкунанда боқӣ мемонад. Ҷумҳурии Озарбойҷон, ки 20 дар сади марзаш-Қарабоғи Кӯҳиро Арманистон дар ҷанги солҳои 1991-19992 зӯран ишғолу тасарруф кардааст, аз тасмими Русия нигаронӣ нишон дод ва намояндаи он дар Созмони Милали Муттаҳид чолиши Украинро дастгирӣ намуд.

Илҳом Алиев- президенти Озарбойҷон дар сафари расмии давлатӣ ба Ҷумҳурии исломии Эрон, ки 21 апрели соли равон ба вуқӯъ пайваст, ҳадафи асосии он, пеш аз ҳама, "оштӣ шудан бо ҳамсоя", инчунин барқарор ва густариши муносибатҳои нави иқтисодӣ ва сиёсӣ ва баррасии таҳаввулоти сиёсии минтақаро дошт. Илҳом Алиев дар суҳбате, ки бо президенти Эрон Ҳасани Рӯҳонӣ ва роҳбари Эрон Алии Хоманеӣ дошт, ба ин масъала ишора кард, ки Озарбойҷон бо панҷ кишвар ҳаммарзӣ дошта, бо чортои он риштаҳои дӯстӣ сол то сол мустаҳкаму қавитар мегардад, аммо бо Арманистон муносибатҳо печидатар боқӣ мондааст.

Озарбойҷон тӯли беш аз ду даҳа аст, ки кӯшиши баргардондани Қарабоғи Кӯҳиро бо ҳар роҳе, ки набошад, аз Арманистон тарҳрезӣ дорад, аммо ин ниятҳо дар "бозиҳои бузург"-и сиёсии абарқудратҳо ғарқ ва Қарабоғи Кӯҳӣ аз Озарбойҷон ҷудо боқӣ мемонад. Илҳом Алиев аз ҳамсояҳои мусалмон ба мисли Туркия ва Эрон умедвор буд, ки дар ҳалли ин масъала нақши калидӣ мебозанд. Туркия дар масъалаи ҳалли Қарабоғи Кӯҳӣ ба Озарбойҷон кумаке карда натавонист, мушкили сиёсии онҳо бо Арманистон, бахусус қатли оми арманиҳо, дар соли 1915, бори дигар сар зад ва ин қазия воридшавии Туркияро ба Иттиҳоди Аврупо ба даҳсолаҳо ақиб партофт.

Аммо бар хилофи умедвориҳо, ду сол пеш, муносибатҳои Озарбойҷону Эрон, ки дар кишварҳои якдигар "ҷосусонро дастгир кардаанд", сард гашт ва иттиҳомот алайҳи ҳамдигар бештар шуд. Президенти Эрон Ҳасани Рӯҳонӣ вобаста ба масъалаи баргардонидани Қарабоғи Кӯҳӣ ба Озарбойҷон ва ба марзу буми аҷдодӣ интиқол додани беш аз як миллион фирорӣ хеле боэҳтиёт ҳарф зад ва иброз дошт, ки ҳалли ин масъалаи басо мушкилу печидаро танҳо дар музокироти ҷонибҳо ва миёнҷигарии созмонҳои байналмилалӣ мебинад ва ҷанг роҳи ҳалли ин қазия нест.

Ҷониби Эрон дар ҳоли ҳозир вусъати ҳамкориҳои иқтисодиро дар минтақа нисбат ба дигар масоил авлотар медонад. Бинобар он, омода аст бо Озарбойҷони ҳамсоя ривоҷи муносибатҳои иқтисодиро аз сар гирифта, онро ба нафъи ду кишвар ҳарчӣ бештар вусъат бахшад. Мубодилоти мол байни ду кишвар соли гузашта ба 600 миллиён доллар баробар будааст, ки ин вобаста ба имкониятҳои мавҷудаи танҳо ҷониби Эрон хеле кам аст. Ҳоло Озарбойҷон ягона кишварест, ки аз Эрон мошинҳои сабукрав ва маҳсулоти сохтмонӣ мехарад ва Эрон аз ҳамсоякишвар маҳсулоти ба он ниёздоштаро ворид месозад.

Расонаҳои иттилооти ҷаҳон сафари расмии Илҳом Алиевро ба Ҷумҳурии исломии Эрон шарҳу баён дошта, таваҷҷуҳ ба он кардаанд, ки дар ин сафар вазири дифоъи Озарбойҷон генерал Зокир Ҳасанов президентро ҳамроҳӣ дошт. Ҳузури шахсияти мақоми баландпояи низомӣ дар ин сафари расмӣ хоҳ- нохоҳ аз он хотир суолро матраҳ месозад, ки Зокир Ҳасанов дар симати вазири дифоъи Озарбойҷон метавонад ҷониби низомиёни Эронро вобаста ба ҳалли қазияи Қарабоғи Кӯҳӣ- баргардондани марзи ишғолшуда муътакид созад.

ilham-sliev 45454545Озарбойҷону Эрон дар таърихи на онқадар дуртар дар як паҳнои ҷуғрофӣ ва зери як бом арзи вуҷуд доштанд; ҳамдину ҳаммазҳабӣ, решаҳои нажодиву қавмӣ ва хуниашон метавонад онҳоро дар ҳалли ҳар гуна муноқиша ва масоили мушкил созгор бошад. Аммо имрӯз на Эрон ва на Озарбойҷон наметавонанд бидуни маслиҳату машварат, роҳнамоӣ ва дастгирии давлатҳои абарқудрат оддитарин масоили сиёсиро ҳаллу фасл намоянд. Эрон дар сиёсати минтақа зери сояи Русияи абарқудрат аст, Озарбойҷон аз Русия то ҷойе дурӣ меҷӯяд, ба сиёсати Амрико хеле боэҳтиёт назар дорад, зеро Амрико дар муддати беш аз даҳ соли охир дар Гурҷистону Укроин таҳаввулотҳои ҷиддии сиёсиро вобаста ба "вусъати демокартия" роҳандозӣ намудааст.

Ҳоло барои ҳарду кишвар вусъати муносиботи иқтисодӣ ва чашмандоз ба саҳмияи кишварҳои ҳавзаи баҳри Хазар дар истифодаи обу қаъри ғании он авлотару бонафъ арзёбӣ мешавад. Аммо истифода аз он миёни кишварҳои ҳавза то ҷойе ба печидагиҳои сиёсӣ рӯ ба рӯ шудааст. Ҳоло Русия бист дар сади Хазарро дар ихтиёр дошта, ҳабдаҳ дар сади он ба Озарбойҷон, даҳ дар сади он ба Эрон тааллуқ дорад, боқимондаи онро Қазоқистону Туркманистон ихтиёрдорӣ менамоянд. Аз чунин тақсимоти баҳри Хазар Эрон ҳанӯз нигаронӣ дорад, зеро Озарбойҷон нуфузашро дар он бештар карда, ба ҳаққи ҳамсояи дарбадевор, мисли Эрон соҳиб шудааст.

Ду сол пеш миёни ду кишвар барои доман паҳн кардани ихтиёрдории Озарбойҷон аз обҳои Баҳри Хазар муноқиша сар занад, ҳатто тайёраҳои ҷангандаи Эрон дар фазои Баҳри Хазар пайдо шуданд. Ҳоло Эрон дар қисмате, ки дар ихтиёр дорад, 6 чоҳи истихроҷи газу нафтро ҳаффорӣ карда, дар қаъри Хазар чоҳи ҳафтумро мекобад. Манораҳои гази Озарбойҷон дар паҳнои Хазар сол то сол дар ҳоли афзоиш аст. Ҳарду кишвар алъон мехоҳанд аз Баҳри Хазар бештар манфиат бардоранд. Бо вуҷуде ки Озарбойҷон бо Арманистоне, ки аз чунин ғановати табиӣ бенасиб ва кишвари аз нигоҳи иқтисодӣ ғанӣ нест, домангир ва мехоҳад Қаробоғи Кӯҳиро бо ҳар роҳе, ки набошад ба марзаш пайвандад.

hasan-ruhani 4556566Аммо ҷомаи амал пӯшонидани ин нияту орзуҳои озариҳо бастагӣ дорад ба абарқудрати минтақа-Русия, ки дар ин рӯзҳо бо Украин мушкил дорад. Роҳбарияти нави Украин Русияро ба ғасбкорӣ муттаҳам мекунад, бо вуҷуде ки таги қарзи русҳо- 20 миллиярд доллар мондаанд ва мехоҳанд интиқоли гази Русияро тавассути марзи хеш ба Аврупо баста, таҳрими ҷаҳониро нисбати русҳо сангинтар созанд. Русия аз ин он қадар нигаронӣ надорад, мехоҳад газашро тавассути Озарбойҷон ё Эрону Туркия, ки аз он манфиат мебинанд, ба Аврупо интиқол бидиҳад, аммо ҷониби Озарбойҷон қартаи бозӣ-Қарабоғи Кӯҳии ишғолшударо аз ҷониби Арманистон барои Русия ба таҳрик хоҳад даровард.

Дар ин сурат барои кишварҳои ҳавзаи Баҳри Хазар эҳёи "бозиҳои бузург"-и сиёсӣ пеш меояд, ки дар ин бозӣ кӣ бештар манфиат мебинад, ҳоло рӯшан нест. Чуноне роҳбари Эрон Алии Хоманеӣ дар ин мулоқот Илҳом Алиевро муътақид сохт, кишвараш ба ягон ҳамсоякишвар даъвои марзӣ ва сиёсӣ надорад, Эрон ба ягон минтақа таъарруз карданӣ нест ва мехоҳад тамоми мушкилии минтақавӣ ва ҷаҳонӣ аз роҳи гуфтушунид ва музокироти сиёсӣ ҳаллу фасл гардад ва омода аст ба Озарбойҷон дар ҳалли қазияи Қарабоғи Кӯҳӣ танҳо аз роҳи муколамаи сиёсӣ кумак расонад.

Ба ҳар ҳол Илҳом Алиев дар ин сафари расмии давлатӣ ба Эрон ба таҳрик бахшидани равобитҳои нави иқтисодиву сиёсӣ, ки миёни ҳарду кишвар хеле сард шуда буд, то ҷойе муваффақ гардид. Хабаргузориҳои ҷаҳон ҳадс мезананд, ки мулоқоти навбатии роҳбарияти Озарбойҷону Эрон дар Теҳрон фазаи нави муносибатҳои ҳасанаи ду кишварро такон мебахшад.

Бурҳон Салмонов, "Рӯзгор"

Бознашр аз ҳафтаномаи «Рӯзгор» №17, 30 апрели соли 2014



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi