15:54:41 28-уми Марти 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Март 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
        1 2 3
4 5 6 7 8 9 10
11 12 13 14 15 16 17
18 19 20 21 22 23 24
25 26 27 28 29 30 31

Гуантанама – зиндони толибон

Ё худ дар он чанд нафар маҳбус боқӣ мондааст?

Гуантанама ҷаҳҳанам! Гуантанама дӯзаху даҳшат! Дар бораи Гуантанама-зиндоне, ки амрикоиҳо баъди саркӯбии режими толибони Афғонистон соли 2012 дар Куба таъсис доданд, ҳанӯз чунин тасаввур боқӣ мондааст. Бале, зиндоне, ки роҳи он ба рӯйи ҳама баста, ҷаҳон то ба наздикиҳо иттилое дар бораи маҳбусони он надошт ва худи амрикоиҳо онро бо нимшӯхӣ "зиндони толибон" ва мероси Ҷорҷ Буш ба пасмондагонаш меноманд. Оё ин шӯхӣ ҳақиқате дорад? Магар ин ба обрӯйи Амрикои абарқудрат, ки хешро дар ҷаҳон "падари демократия" муаррифӣ менамояд ва онро аз назари ҷаҳониён пинҳон медошт, латма ворид намесозад?

1 guantanama-123456Соли гузашта Президенти ИМА Борак Обама дар робита ба вокуниши ҷаҳониён якбора ба ин масъала таваҷҷуҳ зоҳир кард ва Гуантанамаро барои амрикоиҳо нанг донист ва изҳор дошт, ки барои бастани он тасмим хоҳад гирифт. Баъди чунин изҳороти президент маълумотҳои сатҳӣ дар расонаҳои иттилоотии ҷаҳон каму беш пайдо шуд; расмҳою наворҳо пардаи махфиёнаро аз болои Гуантанама то ҷойе пора сохт ва онҳое, ки азобу ранҷи онро кашида буданд, бидуни тарсу бим мусоҳибаҳо оростанд.

Дар тӯли 12-соли мавҷудияти Гуантанама бори аввал шабакаи ВВС-и форсӣ иҷозати вуруд ба ин зиндонро гирифт ва мусоҳибаю наворҳое ба маъраз гузошта шуд, ки сирри ниҳонии ин "ҷаҳаннам"-ро боз кард. Гуантанама дар кишвари Кубаи сотсиалистӣ воқеъ ва ин қисмати марзи онро Иёлоти Муттаҳидаи Амрико барои 110 сол ба иҷора гирифтааст.

Он роҳи заминӣ ба хушкиро надошта, ҳамлу нақл тавассути киштиҳо сурат мегирад. То воқеаҳои моҳи сентябри соли 2011-и Ню-Йорк Гуантанама чунин зиндони "овозадор" набуд ва он як минтақаи харобазорро мемонд ва ҷинояткорони хавфнокро дар дохили панҷараҳои оҳанину зери осмони кушод нигоҳ медоштанд ва он барои маҳбусон одитарин шароити буду бошро ҳам надошт.

Ҳамлаи террористии 11 сентябри соли 2001 ба бинои дугоники Маркази тиҷорати ҷаҳонӣ дар Ню-Йорк маргбортарину даҳшатфикантарин маҳсуб меёфт. Бар асари он беш аз 3,5 ҳазор одамон ҷонҳои худро аз даст доданд. Бини Лодан-сарвари созмони "Ал-Қоида" ва Мулло Умар-роҳбари харакати толибон, ки дастандаркорони ин амалиёти ваҳшиёна шинохта шуданд, бо вуҷуди ҷаҳонро дар даҳшат гузоштан, таҳдидҳои нав ба навро алайҳи ИМА ва ҷомеаи ҷаҳонӣ тарҳрезӣ намуданд.

2 guantanama-123456Ҳамлаи ҷавобии Амрико дар соли 2001 ба Афғонистон режими хуношоми ҳукумати толибонро аз байн бурд ва онҳое, ки дар ин ҳамла саҳм доштанд, дастгир ва ба зиндони Гуантанама интиқол ёфтанд. Аммо "толибҷӯйию дастгирсозӣ" дар он солҳо тавре ҷараён гирифт, ки аксар бегуноҳон ҳам дар марзи Афғонистон дастгир ва ба зиндони Гуантанама интиқол дода шуданд. Чанд шаҳрванди Тоҷикистон низ бо туҳмат муддати се-чор сол азобу ранҷи ин зиндонро кашиданд.

Чуноне ки Ҷон Бойден - полковники амнияти дохилии зиндони Гуантанама ба хабаргузории ВВС-и форсӣ мегӯяд, зиндон асосан соли 2012 шакл гирифт. Аввалин 300 нафар ҷинояткоронро ба ин ҷо оварданд, ки дар байни онҳо ба ғайри афғонҳо, инчунин шаҳрвандони дигар кишварҳо низ буданд. Дар солҳои минбаъда теъдоди зиндониён ба 800 нафар расид. Шароити зиндон хуб набуд ва дар муддати хеле кутоҳ зиндони ҳозиразамони дорои шароити лозима барои нигаҳдории зиндониён арзи вуҷуд кард. Онҳо аз дохили панҷараҳои оҳанини ҳавои кушод ба дохили камераҳо интиқол дода шуданд.

Гузориш равшан нишон медиҳад, ки Гуантанама дорои низоми вазнинтарин будааст. Дар аввалҳо тамоми зиндониёнро бо дасту пойҳои занҷирбанд ва завлоназада нигоҳ медоштанд. Барои хафноктаринҳо камераҳои алоҳида ҷудо гардида, ҳатто одитарин ҳаракати онҳоро дурбин сабт мекард. Дар ин муддат ҳазорон ҷилд парвандаҳои ҷиноӣҷамъ шуда, маъмурони зиндон ахбори лозимаро доир ба амалиёти толибон ба даст овардаанд. Гунаҳкорону бегуноҳонро касе намедонад: дар бораи парвандаҳои онҳое, ки дар Гуантанама 10-12 сол нигоҳ дошта шудаанд, маълумот гирифтан ҳам мушкил аст.

На ҳама ба шароити низоми сахт тоб оварда, дар ин муддат ҳафт нафар худкушӣ кардаанд. Бо мурури вақт парвандаи 500 нафар қатъ гардида, онҳо ба ҳаёти осоишта баргаштаанд. Ҳоло дар Гуантанама ҳазор нафар маъмури зиндон вазифаи ба дӯшдоштаашонро иҷро мекунанд. Тибқи ахборе, ки ВВС овардааст, дар зиндони Гуантанама 300 нафар толибон боқӣ мондаанд. Касе намедонад, ки дари зиндон ба рӯйи онҳо кадом вақт боз мешавад? Маҳбусони дар ғурбат афтода бо забонҳои модарии хеш таронаҳои ғарибӣ эҷод карда, онро бо сӯзу гудоз мехонанд…

3 guantanama-123456Яке аз маҳбусони Гуантанама Шоҳзодахон, ки 12 соли ранҷу азоби зиндонро кашидааст, соли равон озод шуду ба зодгоҳаш вилояти Қандаҳори Афғонистон баргаштааст, он рӯзҳоро ба ёд оварда, ғамгинона мегӯяд: -"Зиндон манзили мурдаҳо аст, вақте маро бо "ҷурми толиб" дастгиру ба Гуантанама интиқол доданд, писарам як сол дошт, вақте ба хона бо риши сафед баргаштам, писарамро 12-сола дарёфтам. Даҳшатро дидам, аммо хурсандам, ки сиҳату саломат баргаштам".

Нақибхон, ки имрӯз 80 сол дорад, дар наздикиҳои шаҳри Кобули Афғонистон дастгир шуд. Ӯро ҳам бо "ҷурми толиб" ба Гуантанама интиқол доданд. Ранҷу азоби зиндон ба саломатиаш таъсир гузошт, ҳоло вай тавассути асобағал базӯр роҳ меравад. Мисли вай даҳҳо нафари дигар саломатиашонро аз даст додаанд.

Маъмурони зиндон бо маҳбусон мусоҳиба оростанро иҷозат намедиҳанд. Аммо дар бораи шароити буду боши онҳо маълумот ба даст овардан то ҷое мамнуъ нест. Мусалмонҳо баъзе фарзияҳои диниро бидуни мушкилӣ ба ҷо оварда, намозгузорон дар тоату ибодат озод ҳастанд. Зиндон китобхона ҳам дорад, маҳбусон метавонанд бо понздаҳ забон адабиётҳоро мутолиа намоянд. Бештари адабиётҳо бо забонҳои форсӣ ва пашту буда, ҳатто бо забони уйғурӣ низ китобҳоро дарёфт кардан мумкин аст. Аммо роҳи китобхона тибқи низоме, ки вуҷуд дорад, барои маҳбусон баста аст. Ба онҳо аз рӯйи дархосташон китобро ба камераҳо меоранд.

Ҳукумати ИМА хароҷоти солонаи зиндони Гуантанамаро пинҳон намедорад. Соле ин қитъаи баиҷорагирифта ду миллиён доллари буҷаро фурӯ мебарад. Амрикоиҳо алъон ба он боваранд, ки барои таъмини амнияти кишварашон Гуантанама ба ҳайси зиндони террористони байналмилалӣ бояд арзи вуҷуд дошта бошад.

Бурҳон Салмонов, барои "Рӯзгор"



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi