07:58:00 27-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

Ҳадафҳои стратегӣ ва сиёсати Россия дар Афғонистон - I

Марҳилаи охири сиёсати Россия дар Афғонистон ба дахолати ИМА ба низоъи Афғонистон вобаста аст. Пуштибонӣ аз амалиётҳои низомии эътилофи зиддитерористӣ таҳти роҳбарии ИМА ба Россия имкон фароҳам овард, ки аз таҳдиди ташкили пойгоҳҳои ифротӣ ва террористии мазҳабӣ дар сарҳадоти давлатҳои Осиёи Марказӣ раҳо ёбад.

afconfidence 6546565Ҳамзамон Москва маҷбур гардид, ки муносибатҳои дустӣ ва некӣ ҳамҷавориро бо ҳукумати марказии Кобул аз нав барқарор намояд. Дар даҳсолаи дуввуми қарни ХХ1 дар муқобили Росия вазифаҳои нав ва мураккаб меистанд, ки моҳияти онҳо аз ҳифзи манфиатҳои геополитикӣ ва амниятии Россия дар минтақа, аз ҷумла дар Афғонистон мебошад.

Робитаҳо миёни Россия ва Афғонистон таърихи тулонӣ доранд. Дар қарни ХХ ба Иттиҳоди Шуравӣ муяссар гардид, ки ба шарики наздики Афғонистон табдил ёбад. Дар солҳои 90-уми қарни гузашта, баъд аз суқути низоми Наҷибуллоҳ ва ба сари қудрат расидани муҷоҳиддин мавқеи Россия дар Афғонистон хеле заиф гардиданд.

Аз байн рафтани низоми коммунистӣ ва барқарор гардидани ҳокимияти муҷоҳиддин дар Кобул сабаби тағйир ёфтани самтҳои асосии сиёсати Россия нисбат ба Афғонистон гардид. Яке аз иллатҳои асосии аз байн рафтани ҳокимияти коммунистон дар Афғонистон қатъ гардидани кӯмакҳои иқтисодӣ ва низомии Росия ба Афғонистон ва низоми коммунистӣ, қатъ кардани таъмини озуқа ва сузишворӣ, тағйир ёфтани ориентацияи сиёсии Россия нисбат ба мухолифони низомии низом буд [2].

Барои рушди ҳамкорӣ бо ҳокимияти нави Кобул шиддат гирифтани вазъияти сиёсӣ ва низомӣ, ба вуҷуд омадани ихтилоф ва ҷудоӣ дар байни гурӯҳҳои ҳарбӣ-сиёсии ва ба марҳилаи нав дохил гардидани ҷанги шаҳрвандӣ дар Афғонистон мамониат эҷод намуданд. Дар моҳи августи соли 1992 Россия маҷбур гардид ҳайати шахсии сафорати хешро аз Кобул берун барорад. Равобити дипломатӣ миёни Россия ва ҳукумати расмии Кобул таҳти сарварии Б. Раббонӣ аз тариқи консулгарии Россия дар шаҳри Мазори Шариф барқарор гардида буд, ки он то миёнаҳои соли 1992, то замони ба дасти Толибон гузаштани шаҳр фаъолият менамуд [3].

Ҳамзамон Россия яке аз пуштибонҳои асосии Ҷабҳаи Шимолӣ-ягона нерӯи муташаккили низомӣ-сиёсӣ дар муқобили наҳзати Толибон ба шумор мерафт. Россия наҳзати Толибонро чун хатари ҷиддӣ барои амнияти миллии худ медонист.

Марҳилаи нави сиёсати Россия дар Афғонистон бо дахолати ИМА ба низоъи Афғонистон алоқаманд мебошад. Баъд аз амалиётҳои террористии 11 сентябри соли 2001 Москва сиёсати зиддитолибонии ИМА ва ташаккул ёфтани Нерӯҳои байналмиллалии мусоидати сулҳ бо сарварии ИМА -ро дастгирӣ намуд.

Россия барои расонидани кумак ба амалиётҳои низомии ИМА ба муқобили Толибон, бахусус таъмини неруҳои низомӣ бо лавозимоти низомӣ ва ҳамкорӣ дар соҳаи хадамоти ҷосусӣ мувофиқа намуд.

Россия аз кӯшишҳои ИМА барои ба эътидол овардани авзои низомӣ-сиёсӣ дар Афғонистон пуштибонӣ намуд. Ҳанӯз дар рафти Конференсияи сулҳи Бонн дар моҳи декабри соли 2001, дастгирии Россия аз тақвияти раванди сулҳ дар Афғонистон барои ташкили идораи муваққати Афғонистон замина фароҳам сохт. Идораи муваққат асоси низоми нави сиёсиро дар Афғонистон барпо намуд. Намояндагони эътилофи Шимолӣ дар конференсияи Бонн даъвои ҳокимияти олиро доштанд ва аз нақши калидии худ дар мубориза ба муқобили Толибон дар ташкили ниҳодҳои низоми нав дар Афғонистон мехостанд истифода намоянд. Роҳбари Иттиҳоди Шимол Б.Раббонӣ ҳатто омода буд дар сурати ба инобат нагирифтани пешниҳодҳои онҳо, ҳайати намояндагии худро дар конференсия бозхонад ва барои қабули тасмимҳо мамониат намояд.

Фақат таҳти фишори Россия, ки дар ихтиёри худ имконияти васеи фишороварӣ ба роҳбарияти Иттиҳоди Шимолӣ дошт, Б.Раббонӣ барои ташкили идораи муваққат бо ширкати намояндагони гурӯҳҳои дигари низомӣ-сиёсӣ мувофиқа намуд (4). Бо кӯмаки Россия имконияти ташкил додани давлати ҷадиди Афғонистон-Ҷумҳурии Исломии Афғонистон фароҳам омад.

Ҳамрайъии Россия бо ИМА дар марҳилаи аввали амалиётҳои низомӣ ба муқобили Толибон хатари ташкили марказҳои террористӣ дар сарҳади кишварҳои Осиёи Марказӣ ва вусъат ёфтани фаъолияти созмонҳои тундрави исломӣ дар дохили Ҷумҳуриҳои тозаистиқлоли минтақаро аз байн бурд. Амалан наҳзати Толибон бо расонидани кӯмаки низомӣ бо ҷудоихоҳони Чечен дар вазъияти ҷанг бо Россия қарор дошт (5). Вусъат ёфтани таъсири наҳзати Толибон бо гуруҳҳои мухолиф дар Осиёи Марказӣ метавонист вазъияти дохилии минтақаро муташаниҷ созад.

Тадриҷан дар муқобили сиёсати Россия дар масири Афғонистон вазифаҳои нав ва таҳдидҳои нав ба миён омаданд, ки афзоиши таъсири Россияро дар равандҳои иқтисодӣ ва сиёсии Афғонистон ба вуҷуд оварданд.

Дар марҳилаи кунунӣ метавон ба се ҷанбаи манфиатҳои Россия дар Афғонистон таваҷҷӯҳ намуд:

-сиёсӣ (ба вуҷуд овардани механизми расонидани таъсир ба сиёсати хориҷии Афғонистон, нигоҳ доштани мувозинати минтақавӣ ва таъмини бетарафии Афғонистон);

-иқтисодӣ (тиҷорати байналмилалӣ, лоиҳаҳои транзитӣ ва дастёбӣ ба бозорҳои ҷадид);

-амнияти (таҳдиди терроризм ва маводи мухаддир).

Вазифаҳои сиёсӣ

Дар марҳилаи кунунӣ вазифаи асосии сиёсии Россия дар масири Афғонистон таъмини мақоми бетарафии ин кишвар, пешгирии тобеияти он ба ҳар навъ таъсири беруна мебошад (6). Барои расидан ба ин ҳадафи стратегӣ Россия бояд барои таъмини мувозинати минтақавӣ ва камранг намудани таъсири давлатҳои хориҷӣ дар ҳаёти сиёсии Афғонистон сайъ намояд.

Моҳияти "мудофиавии" чунин сиёсат ва маҳдуд будани ҳадафҳои охир Россия барои барқарор намудани равобити дустона бо Афғонистон ва ба вуҷуд овардани механизми таъсиргузор ба сиёсати хориҷии Афғонистон кӯшиш ва нерӯи зиёд ба харҷ додааст.

Аз ибтидои барқарор намудани равобит дар шароити ҷадид Россия на фақат барои таъмини суботи сиёсӣ дар Афғонистон фаъолият намояд, балки барои ташкили низоми сиёсии вобастаи Ғарб дар Афғонистон ва табдил ёфтани Афғонистон барои пойгоҳи низомии ИМА дар минтақа муқобилият намояд.

Омили асосии расонидани таъсири Россия ба рафти равандҳои сиёсӣ ва авзои Афғонистон дастгирии моддии низоми Ҳ.Карзай гардид. Дар солҳои 2002-2005 Россия ба Афғонистон кӯмаки низомӣ-техникӣ расонид, ки арзиши онҳо бештар аз 200 млн. долл. ИМА буд. Россия ба Афғонистон таҷҳизоти зарурӣ барои майдонҳои ҳавоии низомӣ, системаҳои дифои ҳавоӣ барои майдони ҳавоии Кобул, таҷҳизоти нақлиёт ва ғайра ирсол намуд. Ҳамзамон бо кумаки Россия 8 чархбол ва 4 тайёраи нақлиётии нерӯҳои ҳавоии Афғонистон аз нав тармим гардида, дар мактабҳои низомии Россия бештар аз 300 низомиёни Афғонистон тайёрии низомӣ диданд (7)

Монеаи асосии пурзӯр гардонидани таъсири Россия дар Афғонистон муқобилияти ИМА ва ҳампаймонҳояш, рӯҳияи зиддирусии иддаи зиёди нухбагони сиёсии Афғонистон, мебошанд. Ба таври мисол метавон қайд кард, ки дар ҳайати парламенти кишвар дар с. 2004 интихоб гардида буд, собиқ муҷоҳиддин ва намояндагони ниҳодҳои ҷиҳодӣ аксариятро ташкил медоданд (8). Эҳтимол меравад, ки яке аз сабабҳои асосии қатъ гардидани кумаки низомӣ -техникии Россия ба Афғонистон дар соли 2005 аз лиҳози сиёсӣ бесамар будани он мебошад, гарчи тарафи Руссия онро ҳамчун "роҳ надодан ба такрори амалиётҳои амрикоиҳо" дар Афғонистон маънидод намуданд (7).

Самтҳои нави рушди ҳамкориҳо байни Россия ва Афғонистон дар чаҳорчубаи мулоқоти дуҷониба дар сатҳи олӣ дар Москва (2008) ва Остона (2006) муайян гардиданд. Москва ба ӯҳда гирифт, ки қарзи Афғонистон аз Иттиҳоди Шӯравиро ихтисор менамояд, Кобул бошад кафолат дод барои рушди муносибатҳои иқтисодӣ-тиҷоратӣ барои соҳибкорони русӣ мусоидат хоҳад намуд. Дар натиҷа Россия аз даъвои ситонидани қарзи Иттиҳоди Шӯравӣ аз Афғонистон, ки маблағи 11 млрд.долл.ИМА-ро даст кашид.

Баъд аз солҳои 2005-2006 ҳамкориҳои иқтисодӣ-тиҷоратӣ миёни ду кишвар вусъат ёфтанд. Дар соли 2007 дар назди утоқи бозоргонии Россия Шурои коршиносони Россия-Афғонистон созмон дода шуда, моҳи октябр оҷонси сармоягузории Афғонистон ва утоқи бозоргонии Россия тафоҳумнома дар бораи рушди ҳамкориҳоро ба имзо расониданд (3). Дар соли 2010 дар шаҳри Москва Маркази соҳибкорони Афғонистон таъсис дода шуд, ки барои рушди ҳамкориҳои иқтисодӣ ва тиҷоратӣ миёни ду кишвар мусоидат намуд. Дар соли 2011 Комиссияи байнидавлатии муштараки ҳамкориҳои иқтисодӣ-тиҷоратӣ таъсис дода шуд. Аз ҷониби Россия садорати онро вазири барқи Россия Сергей Шматков а аз ҷониби Афғонистон вазири молия Умар Захивол ба ӯҳда доштанд. Дар моҳи июли соли 2011 аввалин ҷаласаи Комиссияи байнидавлатии муштарак доир гардид.

(давом дорад)

Раҳматуллоҳ Абдуллоев, корманди Маркази мутолеоти Афғонистон ва минтақа

Бознашр аз ҳафтаномаи «Рӯзгор» №22, 09 илни соли 2014



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi