18:35:39 28-уми Марти 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Март 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
        1 2 3
4 5 6 7 8 9 10
11 12 13 14 15 16 17
18 19 20 21 22 23 24
25 26 27 28 29 30 31

Обама: Ҷаҳон аз қатли Фолӣ даҳшатзада шуд

Ҳодисаи сарбурии журналист бо дасти ҷангиёни гурӯҳи Давлати Исломӣ тавассути наворҳои видеоӣ дастраси ҳамагон шуд. Раиси  ҷумҳурии ИМА Барак Обама гуфт, ки тамоми ҷаҳон аз ҳодисаи қатли журналисти амрикоӣҶеймс Фолӣ даҳшатзада шуд. Ҳодисаи сарбурии журналист бо дасти ҷангиёни гурӯҳи Давлати Исломӣ тавассути наворҳои видеоӣ дастраси ҳамагон шуд. Гурӯҳиҷангиёни Давлати Исломӣ гуфт, ки қатли Фолӣ ба нишони интиқом аз ҳамлаҳои ҳавоии ИМА ба шӯришиёни ироқӣ сурат  гирифтааст.

khabarnigori-ima-6586556Зимни суханронӣ дар таърихи 20 август дар вокуниши нахустин ба сарбурии Фолӣ, ки дар навори видео зери унвони “Паёме ба Амрико” (аз таърихи 19 август) нашр шуд, Барак Обама гуфт, “ҳатто худованд таҳаммули кореро, ки онҳо дирӯз карданд, надорад”. Президенти Амрико Давлатиро Исломиро бо вожаи “саратон” шабоҳат дод, ки “идеологияи он оянда надорад”. Обама, ки аз маҳалли истироҳаташ дар Массчусетс сӯҳбат мекард, гуфт,  ИМА, алорағми таҳдидҳо, ба хотири  ҳимояти мардумаш бо тундгароҳо мубориза хоҳад бурд ва ҳар кореро, ки бояд бикунад, анҷом хоҳад дод. Вай гуфт, барои Давлати Исломӣ дар қарни 21 “ҷое нест”.

Дар изҳороти ҷудогонааш Ҷон Керрӣ, вазири умури хориҷаи ИМА гуфт, ки Амрико ҳеҷ гоҳ дар муқобили чунин адоват тан нахоҳад дод. Шахси кушташуда аз ҷониби ҷангиён ҳамчун Фолӣ, хабарнигори ғайриштатии оҷонсии фаронсавии Франс Пресс ва ширкати амрикоии GlobalPost муаррифӣ шудааст, ки ҳанӯз ноябри соли 2012 дар Сурия рабуда шуд.

Раҳбарияти Иттиҳодияи Аврупо ҳам бо шадидтарин лаҳн куштори хабарнигорро маҳкум кард. Себастиян Брабант, сухангӯи Кетрин Эштон, раҳбари сиёсати хориҷии Иттиҳодияи Аврупо дар ин замина гуфт: “Мо бо шадидтарин шева куштори даҳшатноки хабарнигори амриокӣҶеймс Фолиро аз ҷониби ҷангиёни Давлати Исломӣ маҳкум мекунем ва ба аҳли оила, дӯстону ҳамкорони ин хабарнигори фавқулодда тасаллият баён мекунем”, гуфт Брабант.

Дар ҳамин ҳол, ба қавли Пентагон, нирӯҳои ИМА талош карданд амалиёти озодсозии гаравгонҳои амрикоро дар Сурия ба роҳ монанд, ки дар дасти ҷангиёни Давлати Исломӣ нигаҳдорӣ мешаванд. Вале ин амалиёт бо сабаби пайдо нашудани гаравгонҳо номуваффақ анҷом ёфт. Дар як изҳорот Пентагон гуфт, ки ин амалиёт аз ҳамлаҳои ҳавоӣ ва заминӣ иборат будааст.

Лиса Монако, як мушовири аршади Обама дар масоили зиддитеррористӣ гуфт, ки амалиёти нирӯҳои ҳавоии ИМА аз ҷониби президент Барак Обама дар оғози тобистон иҷозат дода шуд. Дар ҳамин ҳол, модари Фолӣ - хонум Даян дар саҳифааш дар Фейсбук навишт, ки ҳеҷ гоҳ бо писари худ ба ин андоза ифтихор надоштааст. “Вай ҳаёти худро барои ошкорсозии азиятҳои мардуми Сурия қурбон кард”.

Нахуствазири Бритониё Дейвид Кемерон истироҳати худро аз нисф қатъ карда ба Лондон баргашт, то ки амалиёти ошкоркунии ҳуввияти қотили Фолиро раҳбарӣ кунад. Кемерон дар саҳифааш дар Твиттер навишт, ки ба назар мерасад, қотили Фолӣ як марди бритониёӣ аст, ки бояд ҳуввияти ӯ шиносоӣ шавад.

Навори видеоие, ки ҳодисаи сарбурии журналистро намоиш медиҳад, инчунин чеҳраи журналисти дигари амрикоиро ҳам нишон медиҳад, ки аз ҷониби ҷангиён бо исми Стивен Сотлофф, марди дар Сурия тобистони соли 2013 нопадидшуда муаррифӣ шудааст. Ҷангиён дар ин навор таҳдид кардаанд, ки базудӣ Сотлоффро ҳам ба қатл мерасонанд.

"Паём ба Амрико"

Гурӯҳи пайкорҷӯи Давлати Исломӣ (ДИ) видеоеро нашр кард, ки мегӯяд, дар он қатли як журналисти амрикоӣ сабт шудааст. Ин навор бо номи “Паём ба Амрико” рӯзи 19 август дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайдо шуд ва ба иддаои ҷангҷӯён лаҳзаи буридани сари касеро нишон медиҳад, ки гуфта мешавад, Ҷеймс Фолӣ, хабарнигори озоди AFP ва ширкати хабарии GlobalPost-и Иёлоти Муттаҳида аст. Фолӣҳанӯз дар моҳи ноябри соли 2012 дар яке аз саҳнаҳои ҷанг дар Сурия рабуда шудааст.

Дар ин навори панҷ дақиқаӣ ҷангии ниқобпӯше, ки бо лаҳҷаи бритониёӣ сӯҳбат мекард, мегӯяд, ки Ҷеймс Фолӣ ба нишони интиқоми ҳамлаҳои ахири ҳавоии Амрико алайҳи мавқеъҳои «Давлати исломӣ» дар шимоли Ироқ кушта шудааст. Ин марди ниқобпӯш мегӯяд: "Имрӯз нерӯҳои ҳавоии шумо ҳамарӯза моро дар Ироқҳадаф қарор медиҳанд. Теъдоде аз мусулмонон дар ин зарбаҳо талаф шуданд. Аз ин  баъд шумо на бо ошӯб, балки бо артиши Ислом сару кор доред, ки шумораи бузурге аз мусулмонони ҷаҳонро муттаҳид кардааст. Биноан, ҳама гуна ҳамла ба Давлати исломӣ таҷовуз ба мусулмонони ҳамаи табақаҳо шумурда мешавад, ки хилофати Исломӣ ва раҳбарони онро пазируфтаанд.”

Воқеияти ин навор аз ҷониби манобеи мустақил то ҳол ташхис нашудааст, вале аъзои хонаводаи Ҷеймс Фолӣ дар Фейсбук навиштаанд: «Мо дар гузашта ҳаргиз ба ин андоза аз фарзандамон Ҷим ифтихор накардем, ки ҳоло мекунем. Ӯҳаёташро ба хотири ба ҷаҳониён нишон додани азияти мардуми Сурия қурбон кард. Мо аз гаравгонгирон илтиҷо мекунем, то ҳаёти гаравгонҳои боқимондаро ҳифз кунанд.»

Кохи Сафед мегӯяд, хадамоти иктишофии Амрико ин наворро таҳқиқ мекунад. Сухангӯи Шӯрои Амнияти Миллии Амрико Кейтлин Ҳайден гуфт, агар ин видeо ҳақиқӣ бошад, Иёлоти Муттаҳида аз ин “қатли бераҳмона такон хоҳад хӯрд.” Агар воқеияти навор собит шавад, ба гуфтаи Кайтлин Ҳайден, сухангӯи Шӯрои амнияти миллии Амрико, ин кишвар аз ин «қатли ваҳшиёна» гиребон хоҳад гирифт.

«Давлати исломӣ», ки қаблан бо номи «Давлати исломии Ироқу Шом» маъруф буд, як ҷунбиши тундрави мазҳабист, ки барои таъсиси хилофати исломӣ меҷангад ва то имрӯз бахши аъзаме аз қаламрави Ироқу Сурияро ишғол кардааст. Ҷангиёни ин гурӯҳ ба қатли садҳо нафар дар манотиқи ишғолкардаашон айбдор мешаванд. Онҳо асосан мардуми ғайримусалмон, бо шумули язидиҳову масеҳиҳо ва ҳам мусалмонҳои шиъаро қатл мекунанд.

Пешрафтҳои ахири «Давлати исломӣ» дар шимоли Ироқ Амрикоро маҷбур кард, барои бори нахуст аз замони хуруҷаш аз Ироқ дар соли 2011 алайҳи мавқеъҳои ин гурӯҳ дар ин кишвари Ховари Миёна аз ҳамлаҳои ҳавоӣ кор бигирад.

«Озодӣ»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi