06:07:21 19-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

Баҳси овозхонии занон дар Эрон

Дар Эрон дар пайи нашри як албоми таронаҳои суннатӣ бо номи “Туро, эй кӯҳан буму бар, дӯст дорам” баҳсҳо дар атрофи сарояндагии занҳо аз нав дар мегиранд.

dust-doram_5598.jpgНашри як албоми таронаҳои суннатии Эрон барои маъмурияти президент Ҳасан Рӯҳонӣ дарди сар ва барои мухолифони ӯ дастаке шудааст, ки раисиҷумҳурро ба сиёсати нарм дар баробари масоили фарҳангиву иҷтимоӣ муттаҳам кунанд. Ҳамовозии як ҳунарманди сароянда дар албоми “Туро, эй кӯҳан буму бар, дӯст дорам” боиси изҳори назарҳои тунди чеҳраҳои мазҳабии Эрон шудааст.

Ба иддаои ҷиноҳи тундрав дар саҳнаи сиёсии Эрон, ҳамовозии зан дар ин албом қонунеро поймол кардааст, соли 1979, баъди инқилоби исломӣқабул шуда, овозхонии занонро мамнӯъ мекунад. Муҳофизакорон мегӯянд, ки ҳамовозии занону мардон дар таронаҳо ба фасоди ахлоқӣ мебарад.

Чанд чеҳраи мазҳабӣ, бо шумули оятулло Ҳусейн Нурии Ҳамадонӣ ва оятулло Носир Макорими Шерозӣ аз ҳавзаи Қум ин албомро маҳкум карданд. Матбуоти маҳаллӣ аз қавли Оятулло Ҳамадонӣ навиштааст, ки “таронасароии занон набояд ба ҳеҷ далеле тавҷеҳ шавад ва пеши роҳи инро бояд гирифт.”

Таҳлилгарон ҷанҷол дар атрофи албоми “Туро, эй кӯҳан буму бар, дӯст дорам”-ро идомаи маъракаи фишор бар зидди Рӯҳонӣ арзёбӣ мекунанд. Бо ин ҳадаф, ки нагузоранд Рӯҳонӣ ваъдаҳои замони интихоботаш дар заминаи нарм кардани маҳдудиятҳои фарҳангиро амалӣ кунад.

Мақомоти вазорати фарҳанг ва иршоди исломии Эрон, ки ба нашри албоми таронаҳои суннатӣ иҷозат додаанд, вуҷуди яккасароии занон дар ин маҷмӯаи таронаҳоро рад мекунанд. Сухангӯи ин вазорат Ҳусейн Нӯшободӣҳафтае пеш гуфт, дар муҷаввизи пахши ин албом ба хор ва ё ҳамсадоии овозхонҳои зану мард иҷозат додаанд. Ӯҳамчунин гуфт, ин албом қабл аз фурӯш дар бозор аз ҷониби мақомот санҷдида шуд, ки мабодо дар он яккахонии занҳо ҷой дошта бошад.

Нӯшин Тофӣ, овозхони зан дар албоми таронаҳои суннатии “Туро, эй кӯҳан буму бар, дӯст дорам” ба нашрияи “Шарқ” гуфтааст, гуфтугӯҳо дар атрофи яккахонии ӯ овозае беш нест, зеро таронаҳо дар ҳамовозӣ бо Мӯҳсини Кароматӣ суруда шудаанд. Нӯшин Тофӣ гуфтааст, ки Кароматиро устоди худ медонад.

“Албомҳое, ки дар онҳо занҳо ҳамовозӣ мекунанд, ҳамеша ба мушкил рӯ ба рӯҳастанд. Дар ҳоле ки мо тамоми мароҳили қонунии пахши албом ва кор дар рӯи дуэтро тай кардаем, намедонам, чаро мушкил пайдо шудааст?” - пурсидааст ин овозхони зан.

Таронаи "Шаби ялдо"-и Нӯшин Тофиро инҷо бубинед:

Бархе аз қонунгузорон гуфтаанд, ки ҳарфи “яккасароӣ”-и зан дар ин албом ба гӯши ҷиноҳҳои тундрав дар порлумон расидааст ва онҳо рӯзҳои наздик қарори худро дар робита ба он эълон хоҳанд кард. Раҳбари Кумитаи фарҳанг дар порлумони Эрон Аҳмад Солеҳ намунаҳои яккасароии занонро “бисёр нигаронкунанда” унвон кард ва гуфт, ки агар яккасароӣ исбот шавад, ӯ тамоми талошашро ба кор хоҳад бурд, ки ба муқобили он иқдом кунад.

Соли гузашта порлумон вазири фарҳанг АлӣҶаннатиро аз рӯи чанд масъала, бо шумули яккасароии занон мавриди пурсиш қарор дод. Матбуоти Эрон моҳи январи соли гузашта бо иқтибос аз Ҷаннатӣ гуфт, ки ба бовари ӯ, яккасароии занон дар баъзе мавридҳо, бо шумули лолоихонӣ ё аллагӯӣ бояд иҷозат бошад.

Як хабарнигор аз нашрияи ислоҳоттаби Теҳрон ба Радиои Фардо гуфт, ки тундравон бо эҷоди мушкилот дар арсаи фарҳанг талош мекунанд, то ба Рӯҳонӣ зарба зананд. Ин хабарнигор, ки нахост номаш ошкор шавад, гуфт, баъди музокироти ҳастаӣ бахши фарҳангӣ аз нуқтаҳои заъфи Рӯҳонӣ интихоб шудааст.

“Рӯҳонӣ ваъдаҳои зиёд дода буд, аммо камтарини онҳоро иҷро кардааст. Вақте намоишҳои ҳунарӣ лағв мешаванд, оҳангсозҳо ба мушкил рӯ ба рӯ мегарданд, китобҳо аз чоп намебароянд ва ғайра, табъан Рӯҳонӣ ба бесалоҳиятӣ муттаҳам мешавад,”- гуфт ин рӯзноманигнор.

Дар чанд моҳи гузашта дар пайи фишори тундравон чанд намоиши ҳунарӣ дар шаҳрҳои Эрон, бо шумули Шерозу Бӯшеҳр лағв шуданд. Эрон, ки то инқилоби исломӣ беҳтарин овозхонҳои занро ба форсизабонҳои дунё тақдим кардааст, баъди ба қудрат расидани исломиҳо таронасароиро ба занҳо мамнӯъ эълон кард.

Қаблан чунин як моҷаро бар сари оҳансозу навозандаи маъруфи Эрон Маҷиди Дурахшонӣҳам омада буд. Мақомоти Ҷумҳурии исломӣ ба далели ин ки дар клипҳои ахири гурӯҳи "Моҳбону"-и ӯ занон ҳам овозхонӣ кардаанд, шиносномаи Дурахшониро дар фурудгоҳи Теҳрон мусодира карданд ва монеи сафари вай ба Имороти Муттаҳидаи Араб шуданд.

«Озодӣ»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi