20:25:43 20-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

Дадаев: Немтсовро барои таҳқири мусалмонҳо ва Паёмбари Ислом куштем

Заур Дадаев, гумонбари асосӣ дар қатли раҳбари мухолифини Русия дар ҷараёни бозҷӯӣ гуфтааст, Борис Немтсовро барои схуанони таҳқиромезаш дар бораи мусалмонҳо ва Паёмбари Ислом куштаанд.

zaur-dadaev_65569596.jpgХабаргузории русии "Росбалт" аз қавли як манбаи наздик ба тафтиши парвандаи Борис Немтсов хабар дод, ки Заур Дадаев, гумонбари асосӣ дар қатли ин раҳбари мухолифини Русия гуфтааст, ки Немтсовро барои сӯҳбатҳои манфиаш дар бораи мусалмонони Русия ва дар маҷмӯъ дар бораи Ислом куштаанд.

Ба гуфтаи ин манбаъ, Дадаев гуфтааст, дар моҳи январ фаҳмид, ки Борис Немтсов дар бораи мусалмонони сокини Русия, паёмбари Ислом Муҳаммад(с) ва дар маҷмӯъ дар бораи дини Ислом чандин бор ҳарфҳои таҳқиромез задааст. Дадаев гуфтааст, ӯҳамчун мусалмони хеле эътиқодманд ба ин тоқат карда натавонист ва бо нақшаи ташкили куштори сиёсатмадори мухолиф дастбакор шуд.

Ҷузъиёти аз ин бештаре ҳанӯз дастрас нест, вале зоҳиран сухан дар бораи ҳамлаи моҳи январи исломгароҳо ба идораи маҷаллаи ҳаҷвии "Шарли Эбдо" дар Порис, пойтахти Фаронса меравад. Баъди он бисёриҳо дар Аврупо ба нишони ҳимоят аз ин маҷалла нашри карикатураҳои Паёмбари Ислом Муҳаммад(с)-ро ҳамчун як рукни озодии баён ҳимоят карданд. Немтсов низ дар ҷумлаи тарафдорони маҷалла буд.

Ба гуфтаи манбаи "Росбалт", "Дадаев амалан дар ташкили ин ҷиноят иқрор кард. Аз ин рӯ, набояд мунтазири кадом боздоштҳо ва ифшои ҷузъиёти пурсарусадо дар чорчӯби ин парванда шуд."

Рӯзи 8 март Рамазон Қодиров, раисиҷумҳури Чеченистон низ ба ҳамин нукта - "сахт муттассир шудан"-и Заур Дадаев аз ҳангомаи атрофи қазияи маҷаллаи "Шарли Эбдо" - таъкид карда буд.

Раисиҷумҳури Чеченистон Рамазон Қодиров дар саҳифааш дар шабакаи иҷтимоии Instagram аз ду гумонбари асосӣ дар қатли раҳбари мухолифини Русия Борис Немтсов пуштибонӣ карда ва онҳоро ҳамчун "ҷанговарони ҷасур" ва "ватандӯстони Русия" тавсиф кардааст.

Рамазон Қодиров рӯзи 8 март дар саҳифааш навишт, Заур Дадаев ва Беслан Шивановро шахсан ҳамчун “ватандӯстони Русия” мешинохт. Қодиров тасдиқ кардааст, ки Заур Дадаев аз рӯзҳои аввали таъсиси баталйони 46-уми нирӯҳои дохилаи Русия дар он хидмат мекард ва унвони лейтенанту мақоми муовини фармондеҳи ин баталйонро дошт: “Ман Заурро ҷамчун ватандӯсти ҳақиқии Русия медонистам... Ӯ яке аз сарбозони аз ҳама ҷасуру нотарси ин воҳиди низомӣ буд. Агар додгоҳ гуноҳи Дадаевро собит кунад, пас ӯ бо қатли инсон ҷинояти сангин кардааст. Аммо мехоҳам бори дигар таъкид кунам, ки ӯ наметавонист алайҳи Русия, ки барояш солҳои зиёде ҷонбозӣ кардааст, ҳатто як қадам гузорад.”

Рамазон Қодиров бо ситоиш аз хидматҳои Заур Дадаев ва бо ордени “Ҷасорат” ва медали “Барои шуҷоат” сарфароз шудани вай гуфтааст, далелҳои воқеии аз хидмат канор рафтани Дадаевро, ки гӯё бемории модарашро баҳона овардааст, намедонад.

Вале ӯ ёдовар шудааст, ки Заур Дадаев аз қазияи атрофи маҷаллаи фаронсавии “Шарли Эбдо” сахт мутаассир шуда буд: “Ҳамаи онҳое ки Зауррро мешиносанд, таъкид мекунанд, ки вай як инсони хеле эътиқодмад буд ва мисли ҳамаи мусалмонон аз рафтори “Шарли” ва шарҳҳо ба тарафдорӣ аз чопи карикатураҳо мутаассир шуда буд.”

Маҷаллаи ҳаҷвии “Шарли Эбдо”, ки бо нашри тасвирҳои танзомези Паёмбари Ислом Муҳаммад(с) ном бароварда буд, дар моҳи январ ҳадафи ҳамлаи хунини исломгароён қарор гирифт, ки дар натиҷаи он 12 тан дар идораи нашрия ва чанд тани дигар дар маконҳои дигари Фаронса кушта шуданд. Ба дунбол дар кишварҳои Аврупо чанд тазоҳурот ба тарафдорӣ аз озодии баён доир шуд ва Борис Немтсов низ дар ҷумлаи онзое буд, ки дар он рӯзҳо аз “Шарли Эбдо” ҳимоят карда буд. Рамазон Қодиров дар муқобил дар Грозний, пойтахти Чеченистон раҳпаймоии пуриздиҳоме алайҳи чопи матлабҳои таҳқиромез дар бораи Паёмбари Исломро баргузор кард.

Рамазон Қодиров ҳамин тавр Беслан Шивановро, ки низ ба даст доштан дар куштори Немтсов гумонбар мешуд, ситоиш кардааст: “Беслан Шиванов, ки ахиран ҳангоми талдоши боздошташ кушта шуд, низ чунин як ҷанговари ҷасур буд.”

 Хоҳари Заур Дадаев ва модари Анзор ва Шаҳид Губашовҳо, ду гумонбари асосӣ дар қатли Борис Немтсов низ ба расонаҳои Русия гуфтаанд, ба даст доштани ин наздикони худ дар ин куштори пурсарусадо бовар надоранд.

Заур Дадаев, Анзор ва Шаҳид Губашовҳо, Ҳамзат Бахаев ва Темурлан Аскархонов 5 нафареанд, ки тайи 3 рӯзи охир – аз 5 то 8 март – бо иттиҳоми даст доштан дар қатли Немтсов дастгир шуданд. Додгоҳи минтақаи Басманнаяи шаҳри Маскав рӯзи 8 март Дадаев ва Анзор Губашовро бо иттиҳоми даст доштан дар ин қатл ва сеи дигарр ҳамчун гумонбар ба ҳабс гирифт.

Изи қатли Борис Немтсов ба Чеченистон мебарад

Рӯзи 8 март 5 нафари гумонбар ба даст доштан дар қатли Борис Немтсов, яке аз раҳбарони мухолифини Русия, ба додгоҳи минтақаи Басманнаяи шаҳри Маскав эҳзор шуданд ва додгоҳ алайҳи дуи онҳо айбномаи расмӣ эълон кард.

Анна Фадеева, сухангӯи додгоҳ гуфт, Заур Дадаев ва Анзор Губашев “дар қатли Немтсов айбдор шуданд ва сеи дигар дар ин қазия ҳанӯз гумонбар боқӣ мемонанд.” Ҳамаи ин 5 гумонбар аз ҷумҳурии Чеченистон, яке аз ҷумҳуриҳои мухтори минтақаи ошӯбзадаи Қафқози шимолии Русия мебошанд.

Ба гуфтаи додситон, Заур Дадаев даст доштанаш дар ин ҷиноятро эътироф кардааст. Аммо 4 нафари дигар мегӯянд, гуноҳе надоранд ва хабари кушта шудани Немтсовро аз телевизион шунидаанд.

Анзор Губашев ва Заур Дадаев, бино ба хабарҳо, рӯзҳои 5 ва 6 март дар ду ноҳияи Назран ва Малгобеки ҷумҳурии бо Чеченистон ҳамсояи Ингушистон дастгир шуданд.

Шумори гумонбарон дар ин парвандаи пурсарусадо дар ҳоле ба 5 нафар расид, ки рӯзҳои 7 ва 8 март як нафар боз ҳам дар Ингушистон ва дуи дигар дар ноҳияи Одинстовои вилояти Маскав дастгир шуданд. Яке аз онҳо Шагид (Шаҳид) Губашев – бародари хурдии Анзор Губашев буда, дуи дигар – Ҳамзат Бахаев ва Темурлан Аскархонов (Эскерханов) – бино ба хабарҳо, бо Дадаев иртибот доштаанд. .

Бародарон Губашевҳо дар вилояти Маскав дар кадом як супермаркет кор мекарданд. Анзор зоҳиран муҳофиз ва додараш ронандаи мошини боркаш будаанд. Аммо Заур Дадаев, бино ба иттилооти дарёфтӣ, 10 сол боз дар баталйони "Север", як воҳиди вижаи нирӯҳои дохила дар Чеченистон хидмат мекард ва чандин бор бо нишонҳои давлатӣ сарфароз шуда, то ба мақоми муовини фармондеҳи ин баталйон расида буд. Фармондеҳии баталйони "Север"-ро Қаҳрамони Русия Алибек Делимхонов, бародари Адам Делимхонов, яке аз ёрони наздики раисиҷумҳури Чеченистон Рамазон Қодиров бар ӯҳда дорад.

Расонаҳо мегӯянд, гумонбари шашум дар ин парванда Беслан Шиванов ном сокинии 30-солаи Грозний рӯзи 8 март, вақте пулис ба суроғи ӯ дар як бинои баландошёна дар пойтахти Чеченистон омад, хостааст ба рӯи маъмурони пулис норинҷак (граната) андозад, вале он рӯи дастони худи Шиванов таркида, сабаби маргаш шудааст.

Немтсов, собиқ муовини якуми сарвазири Русия ва раҳбари ҳизби мухолифи РПР -ПАРНАС шаби 27 ба 28 феврал бар асари сӯъиқасди мусаллаҳона дар маркази шаҳри Маскав, дар ҳамагӣ чандсадметрии Кремл кушта шуд.

Борис Немтсов  вақте кушта шуд, ки пои поёда ҳамроҳи дӯстдухтари 23-солааш Анна Дуритская баъди адои хӯроки шом ба хона бармегашт. Вале вақте ин ҷуфт аз пули Василевский дар рӯбарӯи Кремл мегузашт, аз дохили як мошин ба тарафи сиёсатмадор 8 тир андохтанд. 4 тир ба бадани Немтсов расида, сабаби марги ӯ дар ҷои ҳодиса шуд. Дуритская ба ҷуз шок осеби дигаре надидааст ва акнун дар ин парванда ҳамчун яке аз шоҳидони асосӣ мегузарад. Ҳарчанд ӯ, ки аллакай ба зодгоҳаш Украина баргаштааст, мегӯяд, аз ин ҳамла чунон дар ҳоли шок афтода буд, ки чеҳраи қотилонро надидааст.

Иттифоқан ҳамон шаб камераҳои рӯи пули Василевский дар ... тармим будаанд ва кор намекарданд. Бо ин вуҷуд, мақомоти тафтишотӣ тавонистанд тавассути камераҳои шабакаи “Поток” (чизе шабеҳи шабакаи камераҳои “Шаҳри бехатар” дар Душанбе) роҳи фирори мошини ҳамлагаронро пайгирӣ кунанд ва аз дигар камераҳои назоратии насбшуда дар роҳи фирори ин мошин чеҳраҳои афроди нишаста дар дохилашро ба даст биоранд. Расонаҳои русӣ менависанд, боздошти дастикам 5 зодаи минтақаи ошӯбзадаи Қафқози шимолӣ асосан дар натиҷаи ҳамин таҳқиқот муяссар шудааст.

Бо вуҷуди боздошти инак дастикам 5 гумонбар ангезаи даст ба қатли раҳбари мухолифин задани онҳо ҳамчунон норӯшан боқӣ мемонад. Ёрони Борис Немтсов мӯътақиданд, ки қатли ӯро дар сатҳи баланди ҳукумат ва бо ҳадафи бастани даҳони мухолифон дастур додаанд.

Ин иддао аз тарафи мақомоти Русия башиддат рад карда мешавад. Кремл мегӯяд, баръакс ҳадаф аз куштани Немтсов бадном кардани раисиҷумҳури Русия Владимир Путин аст. Худи Путин ба модари Немтсов ваъда дод, ки кушандаҳои писарашро ёфта, ба  масъулият мекашонад. Ӯҳамчунин ахиран аз мақомоти амниятиву интизомии кишвараш даъват кард, то номи Русияро аз чунин “шармандагиҳо”, ба мисли қатли дигарандешон, пок кунанд.

Борис Ефимович Немтсов аз сиёсатмадорони барҷастаи чоряк асри охири Русия ба шумор меравад. Ӯ соли 1959 дар шаҳри Сочи таваллуд шуда, соли 1989, вақте ҳамагӣ 30 сол дошт, вакили Шӯрои олии Иттиҳоди Шӯравӣ интихоб шуд.

Соли 1991, дар синни 32 ӯ волии вилояти Нижний Новгород интихоб шуд. Соли 1997 муовини сарвазир ва як муддат ҳамзамон вазири энержии Русия буд.

Ӯро як муддат  ҳатто вориси эҳтимолии тахти раисиҷумҳури вақти Русия Борис Елтсин ҳам ном мебурданд. Аммо дар натиҷаи “тавтиаҳои дарборӣ” Елтсин дар соли 1999 дар ниҳоят Владимир Путинро вориси худ интихоб кард, на Немтсовро.

Немтсов дар интихоботи соли 2000 аз Путин пуштибонӣ кард, вале хеле зуд ба тарафи мухолифини ӯ гузашт.

Қатли Немтсов ба мавҷи маҳкумиятҳо дар дохил ва хориҷи Русия мунҷар шуд. Тафтишот мегӯяд, чанд фарзия, аз ҷумла талоши ба ҳам задани вазъи Русия дар пасманзари таниши аз замони хатми Ҷанги сард бесобиқааш бо Ғарб бар сари низои хунини Украинаро таҳқиқ мекунад. Аммо муфаттишон мегӯянд, фарзияи ба далели интиқодҳояш аз нақши Кремл дар бӯҳрони Украина ваё ба далели маҳкум кардани ҳамлаи хунини ду моҳ пеши исломгароён ба маҷаллаи ҳаҷвии фаронсавии “Charlie Hebdo” кушта шудани Немтсовро низ расидагӣ хоҳанд кард. Мақомоти Русия барои тақвияти фарзияи дасти исломгароён дар ин ҷиноят ба решаҳои яҳудӣ доштани Немтсов низ ишора кардаанд.

Михаил Федотов, раҳбари Шӯрои президентии ҳуқуқи башари Русия ба хабаргузории Интерфакс гуфт, дар баробари қотилон бояд онҳое ҳам ки қатли Немтсовро фармоиш дода ва ташкил кардаанд, ба ҷавобгарӣ кашонда шаванд.

Интерфакс ҳамчунин аз қавли вакили мудофеи дӯстдухтари Немтсов Анна Дуритская гуфтааст, ки дар пайи боздоштҳои ахир Дуритскаяро шояд барои бозҷӯиҳои бештар дигарбора ба Русия даъват кунанд.

«Озодӣ»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi