23:03:15 18-уми Январи 2018 сол
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 youtube-ruzgor-2014


Qissahoi hijrat - 2015
 
1-Ruzgor_Plast_2016.jpg
 

Тақвим

<< < Феврал 2012 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
    1 2 3 4 5
6 7 8 9 10 11 12
13 14 15 16 17 19
20 21 22 23 24 25 26
27 28 29        

Мубодилаи асъор


1 RUR — 0.116 TJS
1 USD — 6.2602 TJS
1 EURO — 6.8462 TJS
2015-07-25

А. Жаров: созмони террористии «Давлати исломӣ»-ро ДОИШ ном бурдан лозим аст

Сардори Хадамоти федералии назорат дар соҳаи алоқа, технологияи иттилоотӣ ва ВАО (Роскомнадзор)-и Русия Александр Жаров чунин мешуморад, ки дуруст мебуд агар дар ВАО созмони террористии «Давлати исломӣ» бо ихтисораи арабии ДОИШ, ки монанд ба давлат ва бозгӯкунандаи дини анъанавию оммавӣ нест, ном бурда шавад.

Alexander_ZHarov_235645.jpgТавре ки Александр Жаров дар мусоҳиба бо «Российская газета» изҳор дошт, ибораи «давлати исломӣ» барои одами ноогоҳ ду ваъдаи фиребанда ва ду «лангар»-и хатарноки психологӣ дорад.

«Исломӣ» — яъне бозгӯкунандаи дини анъанавию  оммавист. Дар асл, исломи анъанавӣ мутлақо сулҳҷӯ аст ва бо терроризм ягон иртибот надорад. Калимаи дуюм «давлат» — боз як «лангар» аст. Дар асл, гурӯҳи террористон ҳудуди муайянеро ишғол намуда, худро давлат номидаанд. Вале, одами ноогоҳ шояд зери таъсири таблиғгарон, ки одамонро ба «фирқа» ҷалб мекунанд, қарор гирад, -гуфт Жаров.

Дар робита ба ин, ҳоло Роскомнадзор аз ВАО талаб дорад, ки доир ба ин созмон чунин – «дар қаламрави Русия мамнуъ» нависанд.

Маврид ба зикр аст, ки ВАО-и бонуфуз ва як зумра кишварҳо аз ДИИШ ном бурдани гурӯҳи террористии мамнуъшуда даст кашидаанд, чунки ин ба террористон ҳуқуқ медиҳад аз ислом намояндагӣ кунанд, вале ин комилан чунин нест.

Ҳоло мо бештар ихтисораи дигари ДОИШ-ро мешунавем. Онро пас аз таркишҳои Париж Франсуа Олланд дар мулоқот бо Барак Обама ошкоро истифода намуд. Ин ихтисора аз шакли кӯтоҳшудаи номи ташкилоти ифротии al-Dawla al-Islamiya al-Iraq al-Sham гирифта шудааст, ки  ҳамон «Давлати исломии Ироқу Шом» мебошад. Вале ин шакли тарзи гуфтор ба террористон писанд нест. Ҳатто, ҷангиён ба ҳар касе, ки ихтисораи арабиро дар гуфтор истифода мебаранд, таҳдид ба буридани забон мекунанд, зеро он ба чунин калимаҳои арабӣ-«daes» («қадам задан/пой кӯфтан») («топающий/давящий ногами») ва «dahes» (фитнаангезӣ/вайронкорӣ»), («сеющий раздор/разрушения») ҳамоҳанг аст. Акнун, маҳз ҳамин ихтисораи ҷангиёнро ба хашмоваранда на танҳо дар арабҳо, балки дар ВАО-и ҷаҳонӣ истифода мешавад.

Каринэ Геворгян, шарқшинос ва коршинос дар барномаи шабакаи телевизионии LifeNews таъкид намуд, ки мо агар калимаи «исломӣ»-ро истифода барем, он гоҳ одамони бо ислом ношинос ба тамоми мусулмонон бо шубҳа муносибат мекунанд. Шояд ин ба ихтилофоти ҷомеа ва нобоварӣ оварда расонад. Набояд ба ин кор роҳ дод, мусулмонон инро сазовор нестанд, чунки онҳо аввалин шуда ба муқобили ҷангиёне баромаданд, ки ҳадафҳои нопоки худро бо номи ислом пӯшиш медоданд.

АМИТ «Ховар»

 



Назари Шумо

Security code
навсозӣ


RuzgorPlast-banner 1