16:04:57 01-уми Июли 2025 сол

РАФСАНҶОНӢ: НАМЕТАВОН БО ТАРСУ ФАЗОСОЗӢ МАСОИЛРО ҲАЛ КАРД

Раиси Маҷмаъи ташхиси маслиҳати низом тавассул ба иръоб барои ҳалли мушкилоти сиёсиро мардуд донистааст. Ба гузориши Хабаргузории Кори Эрон, ИЛНО, Акбар Ҳошимии Рафсанҷонӣ, раиси ҷумҳурии пешин, раиси Маҷлиси хибрагон ва раиси Маҷмаъи ташхиси маслиҳати низом, дар суханоне изҳор дошт, ки "агар бархе фикр кунанд бо тарсу фазосозӣ метавонанд масъаларо ҳал кунанд, дар иштибоҳанд ва агар ҳам ба сурати зоҳир, онро ҳал кунанд, пас аз гузашти замони кӯтоҳе он мавзӯъ васеътар аз гузашта матраҳ хоҳад шуд."

 

Аз замони эъломи натоиҷи интихоботи даҳумин давраи раёсати ҷумҳурӣ дар моҳи хурдоди соли ҷорӣ, муътаризон ба эъломи пирӯзии Маҳмуди Аҳмадинажод ва он чи ки тақаллуби густарда дар наҳваи баргузории ин интихобот хондаанд тазоҳуротеро дар нуқоти мухталифи Эрон барпо кардаанд, ки ба таври мутафовит ҳамчунон идома доштааст.

 

Дар вокуниш нисбат ба ин эътирозот, давлат зимни бархӯрди хушунатомез бо муътаризон ва боздошту муҳокимаи шуморе аз тазоҳуркунандагон ва фаъолони сиёсӣ, дар садад будааст, то бо эъмоли маҳдудиятҳои ҳарчи бештар бар расонаҳои гурӯҳии дохилӣ ва хориҷӣ ва ихтилоф дар иртибототи шахсӣ дар дохили Эрон, зоҳиран монеъ аз интишори ахбори ин эътирозот шавад.

 

Дар муқобил, муътаризон кӯшидаанд бо баҳрабардорӣ аз имконоти боқимонда, инҳисори расонаҳои давлатӣ бар ҷараёни табодули иттилоъотро то ҳудуде аз миён бибаранд ва гузоришу тасовири таҳаввулоти дохилӣ ва дидгоҳҳои худро дар ихтиёри ҷаҳониён қарор диҳанд. Оқои Рафсанҷонӣ бо ишора ба густариши имконоти иттилоърасонӣ дар замони ҳозир гуфт: "Вазъияти имрӯзи дунё бо гузашта тафовут карда ва насли имрӯз бо иттико ба аз байн рафтани инҳисорҳои расонаӣ, огоҳу мутталеъ аст ва дар оянда ҳам муталеътар хоҳад буд."

 

Оқои Рафсанҷонӣ, ки дар остонаи моҳи муҳаррам бо гурӯҳе аз руҳониён ва воъизон дидор карда буд, иртибот ва ҳимояти мардумро барои идомаи ҳукумати исломӣ зарурӣ донист. Вай гуфт: "Инқилоби исломӣ бо иттико ба нерӯи мардум ва ҳимояти онҳо аз раҳбарии Имом, руҳоният ва кумаки нерӯҳои донишгоҳӣ ва бозориён тавонист ба пирӯзӣ бирасад. Ва тадовуми он дар гарави ҳимояти мардум ва ҳифзи робитаи муносиби онҳо бо ҳукумати исломӣ аст."

 

Раиси Маҷлиси хибрагон дар тавзеҳи рӯйкарди муносиби ҳукумат бо мардум гуфт: "Бояд ба гунае бо мардум рафтор шавад, то онҳо эҳсос кунанд низом ба дунболи ҳаққи онҳо ва ҳифзи кароматашон аст."

 

Лузуми ҷалби эътимод

Акбар Ҳошимии Рафсанҷонӣ қонуни асосии Ҷумҳурии Исломиро ҳомии ҳуқуқи мардум тавсфи кард вм гуфт, ки "масъулон бояд талош кунанд, то бо иҷрои комили қонуни асосӣ эътимоди ҷомеъаро тақвият намоянд."

 

Ӯ дар айни ҳол вуҷуди вилояти фақеҳро лозим донист ва гуфт, ки "бо шинохте, ки аз раҳбарӣ дорам, бо тадбири эшон, ба шарти ҳамкории дигарон, мушкилоти сиёсӣ ва иқтисодӣ қобили ҳал аст ва бояд фаъолони арсаи сиёсии кишвар ба дур аз ҳар гуна тундравӣ эшонро дар ин масир ёрӣ диҳанд Оқои Рафсанҷонӣ гуфт, ки бархе афрод ва аҳзобу гурӯҳҳои сиёсӣ мекӯшанд бо инҳисоргароӣ ва бархурди хазфӣ монеъ аз бозгашти таъодул ба ҷомеъа шаванд ва чунин рӯйкардеро вижагии Созмони муҷоҳидини халқ донист.

 

Вай изҳор дошт "мунофиқин (муҷоҳиддини халқ) аз ибтидои инқилоб талош мекарданд ҳар шахсияти руҳонӣ, ки дар инҳирофоти ақидатии онҳо ҳамроҳияшон намекунад, хазфи физикӣ ва шахсиятӣ кунанд ва имрӯз ҳам дар пӯшишҳои дигар дар ҳоли фаъолият ҳастанд." Ба гузориши хабаргузории ИЛНО, дар ин ҷаласа аз оқои Рафсанҷонӣ дар мавриди ҳамалоти лафзии чанд тан аз мақомоти кунунӣ ва собиқи Ҷумҳурии Исломӣ ба ӯ ва хонаводааш суол шуд.

 

Оқои Рафсанҷонӣ дар мавриди изҳороти Муҳаммади Яздӣ, ноиби раиси Маҷлиси хибрагон ва узви Шӯрои нигаҳбон, гуфт, ки "солҳост, ки ҷавоби ман ба оқои Яздӣ, дархости шифо барои эшон аст ва ирсоли салом" ва афзуд "мутаассифона эшон бар асари мушкилоти ҷисмӣ, гоҳе дучори асабоният мешавад ва саросема эъломи назар мекунад."

 

Раиси Маҷмаъи ташхиси маслиҳати низом дар мавриди соири касоне, ки дар рӯзҳои ахир ӯро ҳадафи ҳамла қарор додаанд, гуфт: "Афроде ҳам ҳастанд, ки шуҳрати хешро аз роҳи иҳонат ба дигарон мехоҳанд, ки ҷавоби ин гуна афрод ҳам сукут аст ва дуъо барои ҳидояташон."

 

Аз замони эъломи натиҷаи интихобот, мавзеъгирии Акбар Ҳошимии Рафсанҷонӣ, ки аз замони истиқрори Ҷумҳурии Исломӣ ҳамвора дорои симатҳои ҳассоси ҳукуматӣ буда ва ба унвони яке аз мудофеъони низоми Ҷумҳурии Илосмӣ шинохта мешуда, боъиси вокуниши интиқодомези тарафдорони Маҳмуди Аҳмадинажод шудааст.

 

Оқои Рафсанҷонӣ дар нахустин вокуниши алании худ ба натиҷаи интихобот, дар хутбаҳои охирини намози ҷумъаи худ дар рӯзи 26-и тирмоҳ, машруъияти ҳукуматгар дар низоми исломиро машрут ба бархурдорӣ аз ҳимояти мардум донист ва бо таъйиди вуҷуди буҳрони сиёсӣ дар кишвар, барои ҳалли он хостори озодии зиндониёни сиёсӣ, дилҷӯйӣ аз осебдидагони тазоҳуроти эътирозӣ ва мусолиҳаи байни гурӯҳҳои мухталифи сиёсии Ҷумҳурии Исломӣ шуд.

 

Би-Би-Си

Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/ravzanabajaxon/1339-rafsanjoni-nametavon-bo-tarzu-fazosozi.html

Назари Шумо

Security code
навсозӣ