11:09:20 24-уми Июни 2025 сол

МАРОСИМИ ТАДФИНИ МУНТАЗИРӢ БАРГУЗОР ШУД

Маросими хоксупории оятуллоҳ Ҳусайналии Мунтазирӣ бо ҳузури ҷамъияти бузурге аз ҳаводоронаш ва шахсиятҳои мазҳабӣ ва сёсии Эрон дар Қум баргузор шуд.

 

Пайкари оятуллоҳ Мунтазирӣ аз мароҷеъи тақлиди шиъа ва аз мунтақидони саршиноси раҳбарони кунунии Ҷумҳурии Исломӣ, рӯзи душанбеи 21 декабр (30 озармоҳ) дар шаҳри Қум, маҳалли иқомати ӯ ташйеъ ва пас аз иқомаи намоз ба имомати оятуллоҳ Мусои Шубайрии Зинҷонӣ дар ҳарами ҳазрати Маъсума ба хок супурда шуд. Бар асоси хабарҳои расида маросими ташйеъ ҳудуди соъати 9 бомдод ба вақти маҳиллӣ аз баробари хонаи оятуллоҳ Мунтазирӣ оғоз шуд, дар ҳоле ки ҷамъияти касире аз азодорон худрави ҳомили пайкари оятуллоҳи фақидро то маҳалли иқомаи намози майит мушойиъат мекарданд.

 

Ба гузориши хабаргузории кори Эрон ИЛНО қабл аз иқомаи намоз паёми тасаллияти Оятуллоҳ Хоменаӣ, раҳбари ҷумҳурии Исломӣ ва пас аз он паёми Аҳмади Мунтазирӣ, фарзанди оятуллоҳ Ҳусайналии Мунтазирӣ қироат шуд. Бар асоси ин гузориш Аҳмади Мунтазирӣ дар суханони худ аз сӯгворон хост то пас аз поёни маросими намоз саҳни ҳарамро тарк кунанд ва аз онон даъват кард то дар маросими азодорӣ, ки баъд аз зуҳри рӯзи душанбе баргузор мешавад ширкат кунанд.

 

Хабаргузории Руйтар ба нақл аз шоҳидони айнӣ шумори азодоронро садҳо ҳазор тан гузориш карда ва сойти "Калима" мутааллиқ ба Мирҳусайни Мусавӣ, аз раҳбарони мухолифи давлат ҳам гуфтааст, ки ташйеъи пайкари оятуллоҳ Мунтазирӣ бо ҳузури садҳо ҳазор нафар аз нуқоти мухталифи кишвар ба сӯи ҳарами ҳазрати Маъсума ташйеъ шуд.

 

Оқои Мусавӣ аз рӯзи гузашта дар Қум ҳузур дошта ва гузориш шуда, ки Меҳдии Каррубӣ, дабири ҳизби эътимоди миллӣ ва аз раҳбарони мухолифини давлат ва шуморе аз мароҷеъи тақлид, руҳониюни аршад ва фаълони сиёсии мунтақиди давлат дар маросими ташйеъ ҳузур доштаанд. Як шоҳиди айнӣ ба Бибисӣ гуфт, ки маъмурон монеъ аз вуруди оятуллоҳ Сонеъӣ ба дохили саҳни ҳарами ҳазрати Маъсума, маҳалли дафни оятуллоҳ Мунтазирӣ шуданд, ки ин амр эътирози гурӯҳе аз мардуми ҳозир дар саҳнаро барангехт.

 

Бархе гузоришҳо аз бурузи даргириҳои маҳдуд ва пароканда миёни маъмурони амниятӣ ва ташйеъкунандагон ҳикоят дорад. Оқоён Мусавӣ ва Каррубӣ ба муносибати даргузашти оятуллоҳ Мунтазирӣ азои умумӣ эълон карда ва аз мардум хоста буданд дар маросими азодории оятуллоҳ Мунтазирӣ ширкат кунанд.

 

Бархе гузоришҳо ҳокӣ аз он буда, ки маъмурони давлатӣ дар чанд шаҳр аз ҷумла Теҳрон аз азимати чанд дастгоҳи утубуси ҳомили фаъолони сиёсии мунтақида давлат барои ширкат дар маросими ташйеъи ҷанозаи оятуллоҳ Мунтазирӣ ҷилавгирӣ кардаанд ё ба бозрасии онҳо пардохтаанд.

 

Як шоҳиди айнӣ ба Бибисии форсӣ гуфт, ки дар ҷараёни маросими ташйеъи ҷаноза дар Қум маҳдудияти амниятии чандоне ба чашм намехӯрд, аммо ҳузури маъмурони амниятӣ маҳсус буд.

Сойти "Калима" ҳам аз иқдоми маъмурон дар мутафаққиф сохтани як утубуси ҳомили донишгоҳиён ва фаъолони сиёсӣ, ки аз Табрез озими Қум буда хабар додааст.

 

Аз тазоҳуроти мухолифи давлат дар маросими ташйеъи ҷаноза гузорише дарёфт нашуда, аммо сойти "Калима" дар хабаре пиромуни ин маросим гуфтааст, ки "ҷамъияти ҳозир ҳамчунин намодҳои сабзранге бо худ ҳамл мекарданд" ва ба нақл аз ҳозирон афзудааст, ки "ҳузури нерӯҳои амниятии бисёр чашмгир аст, аммо то кунун ҳеҷ даргирӣ ва бархурде сурат нагирифта ва гузориш нашудааст."

 

Як шоҳиди айнӣ ба Бибисӣ гуфт, ки дар ҷараёни ташйеъи пайкари оятуллоҳ Мунтазирӣ бархе шиъорҳои мутадовили мухолифон ҳам дода шуд. Ба гуфтаи вай дар баъзе аз ин шиъорҳо ба тундӣ аз раҳбарони Эрон интиқод мешуд.

 

Воҳиди марказии хабар, хабаргузории вобаста ба садову симои Ҷумҳурии Исломии Эрон низ дар хабаре навиштааст, дар ҳошияи маросими ташйеъ ва тадфини оятуллоҳ Ҳусайналии Мунтазирӣ ва бо вуҷуди дархости хонаводаи эшон дар бораи парҳез аз мунҳариф кардани ин маросим, иддае саъй карданд бо шиъорҳои ифротӣ ва сохторшикан фазои ҷанҷолӣ ва мултаҳиб ба вуҷуд оваранд, ки бо вокуниши мардум рӯбарӯ шуд."

 

Носири Мунтазирӣ, наваи оятуллоҳ дар мавриди васиятномаи оятуллоҳ Мунтазирӣ гуфтааст, ки ин васиятнома дар ихтиёри фарзанди аршади оятуллоҳ аст ва қарор аст дар сойти оятуллоҳ Мунтазирӣ қарор гирад.

 

Дар Эрон маросими рӯзи саввум, ҳафтум ва чиҳилуми даргузаштагон ҳам ба таври суннатӣ роиҷ аст ва интизор меравад ба муносибати даргузашти оятуллоҳ Мунтазирӣ чунин маросим дар нуқоти мухталифи Эрон баргузор шавад.

 

Би-Би-Си

Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/ravzanabajaxon/1373-marosimi-tadfini-muntazari-barguzor-shud.html

Назари Шумо

Security code
навсозӣ