14:55:31 24-уми Июни 2025 сол

УЗБАКИСТОН ПОРЛУМОНИ НАВ ИНТИХОБ МЕКУНАД

Субҳи 27-уми декабр дар Узбакистон интихоботи порлумонӣ шурӯъ шуд. Барои беш аз 17 миллион шаҳрванди ҳаққи раъйдиҳӣ дошта ҳудуди 8,5 ҳазор ҳавзаи интихоботӣ омода шудааст. Дар сафорати Узбакистон дар шаҳри Душанбе низ як ҳавза ифтитоҳ шудааст, ки бино ба иттилои сафорат, ҳудуди 50 нафар дар он овоз додаанд. Дар ин раъйдиҳӣ 135 вакили ояндаи палатаи поёнии порлумони Узбакистон аз байни 517 номзад муайян хоҳад шуд.

 

Интихоботи Маҷлиси олии Узбакистон бидуни ширкати ҳизбу ҳаракатҳои мухолиф сурат мегирад. Тибқи иттилои мақомоти ин кишвар дар ин сабқат чаҳор ҳизб - Ҳизби халқӣ-демократӣ, Сотсиал-демократии Адолат", "Эҳёи миллӣ" ва Ҳизби либерал-демократӣ – ширкат хоҳанд кард.

 

Аксари таҳлилгарони узбак бар ин назаранд, ки ин чаҳор ҳизб аз ҳам фарқе надоранд ва ҳамагӣ ҷонибдори сиёсати режими феълӣ дар ин кишвар мебошанд. Аз ин рӯ таҳлилгарон чунин мешуморанд, ки порлумони нав дар ҳаёти сиёсӣ ва иҷтимоии Узбакистон дигаргуние нахоҳад овард.

 

Ягона тағйироти интихоботи навбатӣ ширкати Ҷунбиши экологии Узбакистон мебошад, ки моҳи августи соли равон ба саҳнаи сиёсӣ омадааст ва барои намояндагони он қаблан 15 курсӣ омода шудааст. Қарор аст, ин гурӯҳи экологҳо аз дохили порлумони Узбакистон бар зидди тарҳҳои обу энержии Тоҷикистон ва Қирғизистон мубориза баранд.

 

Иддае аз созмонҳои байнулмилалӣ интихоботи порлумонии Узбакистонро аз оғоз ғайридемократӣ ва хилофи меъёрҳо номидаанд. Созмони амният ва ҳамкории Аврупо аз фиристодани нозирони худ ба Узбакистон худдорӣ кардааст.

 

Аз замони эълони истиқлолияти Узбакистон дар соли 1991 бори севвум аст, ки дар ин кишвар интихоботи порлумонӣ баргузор мешавад. Ду интихоботи қаблӣ низ аз сӯи созмонҳои байнулмилалӣ ношаффоф ва ғайридемократӣ эълон шуда, мавриди интиқоди шадид қарор гирифта буд.

 

«Озодӣ»

Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/ravzanabajaxon/1415-uzbakiston-porlumoni-nav-intikhob-mekunad.html

Назари Шумо

Security code
навсозӣ