15:03:25 24-уми Июни 2025 сол

БОЗДОШТИ ГУСТАРДАИ ФАЪОЛОНИ СИЁСӢ ДАР ЭРОН

Дар пайи баргузории тазоҳуроти эътирозии рӯзи Ошуро шуморе аз фаъолони сиёсӣ дар Эрон боздошт шудаанд.

 

Рӯзи душанбе, 28 декабр як манбаъи наздик ба Неҳзати Озодӣ, аз аҳзоби мунтақиди давлат ба Би-би-сӣ гуфт, ки маъмурони амниятӣ соъати сеи бомдод бо муроҷиъа ба манзили Иброҳими Яздӣ, дабири куллли ин ҳизб ӯро боздошт карданд ва бо худ ба маҳалли номаълуме бурданд. Ҳамчунин гузориш шудааст, ки Лайло Тавассулӣ, духтари Муҳаммади Тавассулӣ ва хоҳарзодаи оқои Яздӣ низ соати якуними бомдод дар манзили падараш боздошт шуд.

 

Оқои Яздӣ дар рӯзҳои пас аз интихоботи муноқишабарангези раёсати ҷумҳурӣ дар моҳи июн дар бемористон боздошт, аммо пас аз як рӯз озод шуд. Ҳамзамон гузоришҳои дигар ҳокӣ аз он аст, ки Имодуддини Боқӣ, раиси анҷумани дифоъ аз ҳуқуқи зиндониён бомдоди рӯзи душанбе дар манзили маскунии худ боздошт шудааст.

 

Пеш аз ин хабари боздошти Ҳусайни Мусавии Табрезӣ, раиси маҷмаъи муҳаққиқин ва мударрисини ҳавзаи илмияи Қум ҳам интишор ёфта буд, аммо хабаргузории "Форс" ба нақл аз "як манбаъи огоҳ" ин хабарро такзиб кард. Бар асоси бархе гузоришҳо чанд тани дигар аз руҳониюни узви ин маҷмаъ, ки аз ташаккулҳои ислоҳталаб маҳсуб мешавад, низ боздошт шудаанд.

 

Рӯзи душанбе гузоришҳое аз боздошти теъдоди дигаре аз шахсиятҳои ислоҳталаб мунташир шудааст. Аз ҷумла сойти "Порлумон нюз", пойгоҳи иттилоърасонии фроксюни "Хатти Имом" дар маҷлис аз боздошти нуҳ тан аз мушовирони Мирҳусайни Мусавӣ, яке аз раҳбарони мухолифин хабар додааст. Бар асоси ин гузориш Алиризо Ҳусайнии Биҳиштӣ, Алиризо Биҳиштии Шерозӣ, Қурбоналии Беҳзодиённажод ва Муҳаммади Боқириён аз ҷумлаи ин боздоштшудагон ҳастанд.

 

"Порлумон нюз" ҳамчунин гузориш кардааст, ки маъмурони амниятӣ Муртазо Ҳоҷӣ, мудири омил ва Ҳасан Расулӣ, қоиммақоми бунёди "Борон", ниҳоди зери назари Муҳаммади Хотамӣ, раиси ҷумҳури собиқро дастгир карданд ва ҳамроҳ бо бархе асноди мутааллиқ ба ин бунёд бо худ бурданд.  Ҳанӯз манобеъи расмии Ҷумҳурии Исломӣ дар мавриди мавҷи ҷадиди боздошти фаъолони сиёсӣ изҳори назаре накардаанд.

 

Би-Би-Си

Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/ravzanabajaxon/1424-bozdoshti-gustardai-faoloni-siyosi-dar-iron.html

Назари Шумо

Security code
навсозӣ