23:36:06 24-уми Июни 2025 сол

КУШТА ШУДАНИ МАЪМУРОНИ ИТТИЛООТИИ АМРИКО

Ҳашт маъмури Созмони Иттилоотии Марказии Амрико ва панҷ конодоӣ, ки яке аз онҳо як рӯзноманигор аст, дар инфиҷорҳои ҷудогона дар Афғонистон кушта шудаанд. Пештар гузоришҳое аз кушта шудани ҳашт ғайринизомии Амрикоӣ дар асари як ҳамлаи интиҳорӣ дар ҷануб-шарқи Афғонистон мунташир шуда буд. Ба гуфтаи сухангӯйи вазорати умури хориҷаи Амрико, ин афрод дар ҳамлае дар як пойгоҳи низомии Иёлоти Муттаҳида дар вилояти Хуст кушта шудаанд.

 

Мақомҳои Амрикоӣ мегӯянд ин афрод аз коркунони CIA будаанд. Фарди муҳоҷим дар ин ҳамла аз як ҷалиқа (желетка)-и инфиҷорӣ истифода мекард. Баъзе гузоришҳо баёнгари вуқуъи ҳамла дар наздикии варзишгоҳи пойгоҳи Амрикоӣ аст. Теъдоди маҷруҳон эълом нашудааст. Ричорд Лейстер, хабарнигори Би-би-сӣ дар Вошингтун мегӯяд интишори хабари нуфузи як фарди муҳоҷим ба дохили пойгоҳи низомии Амрикосуолҳои зиёдеро дар бораи амнияти пойгоҳи низомии Иёлоти Муттаҳида дар Афғонистон ба вуҷуд овардааст.

 

Толибон дар тӯли соли гузашта дар вилояти Хуст ҳамалоти мутаъаддидеро алайҳи нерӯҳои НОТУ анҷом додааст. Дар ҳодисае ҷудогона дар вилояти ҷанубии Қандаҳор, чаҳор низомӣ ва як рӯзноманигори конодоӣ дар асари инфиҷори худраве ҳомили онҳо кушта шуданд. Ин гурӯҳ машғули боздид аз тарҳҳои умронӣ буданд. Артиши Конодо дар ду соли гузашта дар ҳеҷ ҷодисае дар Афғонистон ин теъдод талафот надоштааст.

 

Соли 2009 пурталафоттарин сол барои нерӯҳои низомии хориҷӣ дар Афғонистон аз замони шурӯъи ҷанг дар ин кишвар будааст. Марги маъмурони Амрикоӣ ва конодоӣ дар Афғонистон дар ҳоле гузориш мешавад, ки теъдоди ғайринизомиёни хориҷӣ дар Афғонистон рӯ ба афзоиш аст. Ин афрод барои мудирият ва иҷрои тарҳҳои умронӣ ва имдодрасонӣ дар ин кишвар ба сар мебаранд. Афзоиши ҳузури ғайринизомии Амрико яке аз се асли роҳбурди ҷадид Иёлоти Муттаҳида дар Афғонистон аст. Ин роҳбурд авоили декабр эълом шуд.

 

Би-Би-Си

Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/ravzanabajaxon/1445-kushta-shudani-mamuroni-ittilootii-amriko.html

Назари Шумо

Security code
навсозӣ