ОЯНДАИ ТОРИКИ ҲИҶОБ ДАР ФАРОНСА
Баъди ҳашт моҳи баҳсу мунозираҳо дар атрофи либоси мусалмони бонувон дар Фаронса билохира Комиссияи парлумонӣ эълон кард, ки мавқеъи худро дар баробари манъи чодари исломӣ дар идораҳои давлатӣ рӯшан кардааст. Гузориши 200-сафҳагӣ, ки хабаргузории Ассошиейтед Пресс аз он намуна овардааст, мегӯяд, комиссия 10 тавсия, бо шумули манъи пӯшидани ҳиҷоб дар бемористон, макотиб ва нақлиётро омода кардааст.
Қарори манъи ҳиҷоб дар идораҳо бар пояи тартиби кор дар онҳо гирифта шудааст, ки ҳар хонуме, ки вориди бино мешавад, то хориҷ шудан аз он бояд чеҳраи боз дошта бошад. Агар ин қоида риоя нашавад, табъан, идора ҳақ дорад аз хизматрасонӣ ба корафтода даст кашад. Барои намуна, як хонуми чодарпӯш, ки мехоҳад аз кӯмаки умумии давлатӣ баҳра бардорад, дар сурати сарпечӣ аз яксӯ гузоштани чодар метавонад аз бино бо дасти холӣ берун шавад. Аз сӯи дигар, пӯшидани ҳиҷоб ё бурқа дар маҳалҳои хусусӣ ва кӯчаву бозор иҷозат аст.
Фаронса бузургтарин ҷамъияти мусалмонҳо дар Аврупоро дорад ва теъдоди онҳо 5 миллион номбар мешавад. Вазорати дохилии Фаронса гуфтааст, ҳудудан 1900 зани мусалмон дар кишвар ҳиҷоби комил ё ниқоб мепӯшанд, ки на танҳо чеҳра, балки чашмҳои онҳоро низ нонамоён мекунад. Ба ин тасвир, хилъати дарози сиёҳ илова мешавад. Баъзеҳо бурқа мепӯшанд, ки он низ чашмро аён намекунад.
Бо назардошти баробарии ҳуқуқи зану мард, комиссияи иборат аз 32 намоянда ҳамчунин мехоҳад, онҳое, ки аз тундгароӣ аломат медиҳанд, ба асноди шаҳрвандии Фаронса дастрасӣ наёбанд. Пажӯҳиши ин мавзӯъ дар ҳоле шурӯъ шуд, ки раисҷумҳури Фаронса Николя Саркозӣ гуфт, Фаронса аз ин гуна либос истиқбол намекунад. "Бурқа нишони диндорӣ нест. Ин нишони тобеъият ва сарсупурдагист. Ман бо тантана эълон мекунам, ки ин дар қаламрави Фаронса истиқбол нахоҳад шуд."
Назарсанҷиҳо дар Фаронса гувоҳи онанд, ки аксари кулли бошандагони ин кишвар аз манъи ҳиҷоб пуштибонӣ мекунанд ва ин гуна либосро ҳамчун роҳе ба сӯи тундгароӣ, тавҳини баробарии ҷинсӣ ва таҳқири сохти дунявии давлат арзёбӣ мекунанд.
Аз сӯи дигар, бисёр раҳбарони мусалмон аз он шикоят доранд, ки баҳсу мунозира дар мавзӯъи ҳиҷоб бо баҳси ҳувияти миллии фаронсавиҳо омезиш ёфта, дар баъзе мусалмонҳо эҳсосеро бедор кардааст, ки гуё ҳукумати Фаронса мазҳаби онҳоро нишон гирифтааст.
Ҳоло маълум нест, ки ҳукумати Фаронса ва ё парлумони ин кишвар ҳамаи тавсияҳои комиссияро мепазирад ва ё баъзеи онҳоро. Аммо, гуфта мешавад, ҳеҷ амалкарде дар ин замина то баргузории интихоботи маҳаллӣ дар моҳи март сурат нахоҳад гирифт. Соли 2004 Фаронса рӯсариро ҳамчун рамзи мазҳабӣ дар мактабҳои давлатӣ мамнӯъ эълон кард. Бурқаву чодар дар кишварҳои дигари аврупоӣ низ маҳдуд шудааст.
«Озодӣ»
Адреси доимии маводи мазкур: http://ruzgor.tj/ravzanabajaxon/1619-2010-01-26-19-30-49.html