11:34:19 04-уми Июни 2025 сол
Внимание
  • Lack of access rights - File '/images/stories/2010/03/31_--01-a-aaaaashahramamiri_226.jpg'
  • Lack of access rights - File '/images/stories/2010/03/31_--01-a-aaaaashahramamiri_226.jpg'
  • Lack of access rights - File '/images/stories/2010/03/31_--01-a-aaaaashahramamiri_226.jpg'

КОРШИНОСИ АТОМИИ ЭРОН БА АМРИКО ПАНОҲАНДА ШУДА

Коршиноси атомии нопадидшудаи эронӣ ба Иёлоти Муттаҳида паноҳанда шудааст. Шабакаи телевизиюнии Эй Бӣ Сӣ - и Амрико дар як гузориши итисосӣ хабар додааст, ки Шаҳроми Амирӣ, коршиноси ҳастаии эронӣ, ки соли гузашта дар ҷараёни сафари зиёратӣ ба Арабистони Саъудӣ нопадид шуда буд, дар Амрико ба сар мебарад ва дар пайгирии фаъолиятҳои атомии Ҷумҳурии Исломӣ бо Созмони Иттилоъотии Амрико (CIA) ҳамкорӣ мекунад.

 

Дар ин гузориш омадааст, ки паноҳандагии Шаҳроми Амирӣ ба Амрико ҳосили иқдомоти Созмони Иттилоъотии Амрико барои тарғиби ӯ ба фарор аз Эрон ва сукунат дар Иёлоти Муттаҳида будааст. Эй Би Сӣ, ки ин хабарро ба нақл аз мақомоти иттилоъотии Амрико, ки аз онҳо номе бурда нашуда, гузориш карда, аз қавли як корманди ин созмон менависад, ки паноҳандагии оқои Амирӣ "як кудатои иттилоъотӣ" дар талоши Амрико барои муқобала бо барномаҳои атомии Эрон маҳсуб мешавад.

 

Эй Би Сӣ бо истинод ба манобеъи хабарии Эрон ёдовар мешавад, ки Шаҳроми Амирӣ, ки сиву чанд сол синн дорад, дар моҳи июни соли гузашта ва се рӯз пас аз вуруд ба Арабистони Саъудӣ барои гузордани маносики ҳаҷ нопадид шуд. Моҷарои нопадид шудани оқои Амирӣ аз моҳи октябри соли гузашта ва бо изҳороти Манучеҳри Муттакӣ, вазири хориҷаи Ҷумҳурии Исломӣ ба расонаҳои ҳамагонӣ роҳ ёфт, аммо сафари бидуни бозгашти ӯ ба Арабистони Саъудӣ чанд моҳ пеш аз интишори ин хабар сурат гирифта буд.

 

Оқои Муттакӣ дар гуфтугӯ бо расонаҳои ҳамагонӣ дар моҳи октябр гуфт, ки "асноде аз дахолати Амрико дар гум шудани Шаҳроми Амирӣ, аз атбоъи Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Арабистон ба даст овардаем." Вазири умури хориҷаи Эрон давлати Арабистони Саъудиро масъули "гум шудани " оқои Амриӣ донист ва гуфт, ки вазоралит умури хориҷаи Эрон ин мавзуъро пайгирӣ хоҳад кард.

 

Дар пайи изҳороти оқои Муттакӣ, рӯзномаи "Ҷавон" аз нашрияҳои тарфдори давлат дар Эрон гуфт, ки Шаҳроми Амирӣ аз пажуҳандагони донишгоҳи Молики Аштар, вобаста ба Сипоҳи Посдорон барои ҳаҷ ба Арабистон сафар карда буд, аммо бо мудохилаи Созмони Иттилоъотии Амрико (СИЁ), дар ин кишвар нопадид шуд.

 

Ҳамзамон Ромини Меҳмонпараст, сухангӯи вазорати умури хориҷаи Эрон бо истинод ба бархе гузоришҳои таъйтднашуда дар расонаҳои хориҷӣ ҳокӣ аз ҳамкории иттилоъотии Амирӣ бо Ожонси Байналмиллалии Энержии Атумӣ ин гузоришҳоро нишонаи даст доштани мақомоти Амрикоӣ дар рабудани Шаҳроми Амирӣ унвон кард.

 

Дар ин гузоришҳо омада буд, ки иттилоъоти марбут ба сохти як маркази ҷадиди ғанисозии урониюм дар минтақаи Фирду, дар наздикии шаҳри Қум, ки мақомоти ғарбӣ вуҷуди онро фош карда буданд, ҳосили ҳамкории оқои Амирӣ ва манобеъи иттилоъотии хориҷӣ будааст.

 

Талош барои бозгардондани АмирӢ

Сухангӯи вазорати умури хориҷаи Эрон гуфт, ки Шаҳроми Амирӣ аз ҷумлаи ёздаҳ шаҳрванди эронӣ аст, ки "дар Амрико зиндонӣ ҳастанд" ва хостори озодии фаврӣ ва бозгардондани ин афрод ба Эрон шуд. Дар айни ҳол мақомоти Ҷумҳурии Исломӣ аз ҷумла дар Созмони Энержии Атумӣ таҳош доштаанд иртиботи оқои Амирӣ бо фаъолиятҳои ҳастаии Эронро камаҳамият ҷилва диҳанд ва дар ниҳоят аз ӯ бо унвони як пажуҳишгари донишгоҳӣ, ки дар заминаи пизишкии ҳастаӣ таҳқиқ мекард, ном бурдаанд.

 

Бо ин ҳама вазорати умури хориҷаи Эрон барои бозгардондани ин пажуҳишгари эронӣ ба дабири кулли Созмони Миллали Муттаҳид низ мутавассил шуд ва аз ӯ хост то ба мавзуъи нопадид шудани Шаҳроми Амирӣ ва ҳамчунин Алиризо Асгарӣ, муъовини вазорати дифоъ, расидагӣ кунад. Оқои Асгарӣ ҳам дар соли 2007 ҳангоми сафар ба Туркия нопадид шуд ва Ҷумҳурии Исломӣ боз ҳам Иёлоти Муттаҳидаи Амрикоро ба рабудани ӯ муттаҳам кардааст, аммо аз ӯ хабари дигаре дар даст нест.

 

Дар пайи интишори хабари боздошти се шаҳрванди Амрикоӣ дар наздикии марзи Эрон бо Курдистони Ироқ дар тобистони соли гузашта бархе манобеъи хабарӣ гуфтанд, ки бо таваҷҷуҳ ба аҳамияти иттилоъотие, ки оқои Амирӣ дар ихтиёр дорад, мумкин аст давлати Эрон бо ин иқдом дар садади ворид кардани фишор бар Иёлоти Муттаҳида бошад, то дар изои озодии ин се нафар Шаҳроми Амирӣ ва эҳтимолан Алиризо Асгариро таҳвили Ҷумҳурии Исломӣ диҳад.

 

Дар моҳи декабри соли гузашта ҳафтаномаи Санди Таймз, чопи Ландан ба нақл аз манобеъи иттилоъотии фаронсавӣ ҳамкории Шаҳроми Амирӣ бо бозрасони Ожонси Байналмилаллии Энержии Атумиро таъйид кард ва навишт оқои Амирӣ дар нахустин тамос бо маъмурони хориҷӣ ин иттилоъотро дар сафаре ба Олмон дар ихтиёри намояндагони ожонс қарор дода буд.

 

Ин ҳафтанома навишт, ки Шаҳроми Амирӣ сиву чанд сола аст ва ба гуфтаи манобеъи иттилоъотии ғарбӣ иттилоъоти муфиде аз барномазои атомии Эрон дорад. Мақомоти Ҷумҳурии Исломӣ низ ҳанӯз нисбат ба гузориши шабакаи Эй Бӣ Сӣ вокунише нишон надодаанд.

 

Гузориши Эй Биӣ Сӣ дар ҳоле интишор меёбад, ки Иёлоти Муттаҳида ва кишварҳои ғарбии узви гурғҳи 5+1, ки Эронро ба фаъолият барои тавлиди таслиҳоти атумӣ дар пӯшиши барномаҳои сулҳомези ҳастаӣ муттаҳам мекунанд, мекӯшанд мувофиқати Русия ва Чин, ду узви доими Шурои Амнияти Созмони Миллалро барои ташдиди таҳримҳои байналмиллалӣ алайҳи Ҷумҳурии Исломӣ ба даст оваранд.

 

Давлати Эрон ҳамвора иттиҳоми талош барои дастёбӣ ба ҷангафзорҳои атумиро рад кард ва бар сулҳомез будани барномаҳои ҳастаии атомии худ таъкид ниҳодааст.

 

Би-Би-Си

Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/ravzanabajaxon/2031-2010-03-31-18-46-00.html

 

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854