ЧИН ТАҲРИМИ ЭРОНРО БАРРАСӢ МЕКУНАД
Бар асоси гузоришҳо, давлати Чин аз мухолифат бо даври тозаи таҳримҳои Шӯрои Амният алайҳи Эрон даст бардоштааст ва бо қудратҳои бузург муҷозотҳои эҳтимолӣ алайҳи Теҳронро баррасӣ хоҳад кард.
Ин дар ҳолест, ки Саъид Ҷалилӣ, дабири Шӯрои олии амнияти миллии Эрон, барои музокира бо мақомҳои Чин дар бораи муноқишаи атомӣ омода мешавад. Хабаргузориҳо ба нақл аз диплумотҳои омрикоӣ гузориш додаанд, Чин бо дархости соири аъзои Гурӯҳи 5+1 барои ҷамъоварии феҳристе аз таҳримҳо алайҳи Эрон мувофиқат кардааст. Намояндагони Омрико, Русия Чин, Бритониё, Фаронса, ва Олмон рӯзи чаҳоршанбе, 31 март, аз тариқи моҳвора музокироте дар бораи "гоми баъдӣ" дар баробари Эрон доштанд.
Бар асоси гузоришҳо, дар пайи ин нишаст Чин ба таври усулӣ бо баррасии таҳримҳои Эрон мувофиқат кард. Чин, ки бар идомаи музокирот бо Эрон таъкид дорад, то ба ҳол аз баррасии таҳримҳо худдорӣ мекард.
Ҳилорӣ Клинтун, вазири умури хориҷаи Омрико чаҳоршанбе ба таври талвеҳӣ тағйир дар мавзеъи Чинро таъйид кард ва гуфт музокироти қудратҳои бузург дар мавриди ҷузъиёти муҷозотҳои эҳтимолӣ, идома хоҳад ёфт. Хабаргузории "Руйтер" гузориш додааст, ки ин имкон вуҷуд дорад, ки раванди тадвини пешнависи қатъномаи баъдии Шӯрои Амният дар зарфи чанд рӯзи оянда оғоз шавад.
Сафари ҶалилӢ
Хабаргузории расмии Ҷумҳурии Исломӣ (ИРНО) гузориш додааст Саъид Ҷалилӣ, музокиракунандаи аршади атомии Эрон, панҷшанбе, 1 апрел, вориди Пекин, пойтахти Чин хоҳад шуд. Ба гузориши ИРНО, ӯ "дар бораи масоили мавриди алоқаи муносиботи дуҷониба ва ҳамчунин масъалаи ҳастаии Эрон" бо мақомҳои аршади Чин гуфтугӯ хоҳад кард.
Кохи Сафед чаҳоршанбе дар бораи ҷалби назари қудратҳои бузург, аз ҷумла Чин аз таҳримҳои "муассир" алайҳи Эрон ибрози итминон кард. Сухангӯйи Кохи Сафед гуфт: "Чиниҳо медонанд шурӯъи рақобати ҳастаӣ дар Ховари Миёна ба нафъашон нест. Мо итминон дорем метавонем ҳимояти онҳоро аз фишорҳои муассир бар Эрон ҷалб кунем."
Бар асоси гузоришҳо, Чин тайи соли гузашта воридоти нафтии худ аз Эронро 40 дарсад коҳиш додааст. Сухангӯйи Кохи Сафед музокироти қудратҳои бузург дар бораи таҳрими Эронро "фишурда" тавсиф кард ва гуфт дар ин гуфтугӯҳо пешрафтҳое ҳосил шудааст.
Марк Тонер, сухангӯйи вазорати умури хориҷаи Омрико ёдовар шуд пешнависи чаҳорумин қатъномаи таҳримии Шӯрои Амният алайҳи Эрон тадвин нашуда ва қудратҳои бузург ҳанӯз дар бораи ҷузъиёти таҳримҳо ба тавофуқе даст пайдо накардаанд. Борок Убомо, раиси ҷумҳури Омрико ва Никуло Соркузӣ, раиси ҷумҳурии Фаронса сешанбе бар ҷилавгирӣ аз дастёбии Эрон ба таслиҳоти ҳастаӣ таъкид карданд.
Убомо дар конфронси хабарии муштараке бо Соркузӣ дар Кохи Сафед ибрози умедворӣ кард таҳримҳои байналмилалӣ алайҳи Эрон дар баҳори имсол афзоиш ёбад. Ӯ гуфт қасд надорад моҳҳо барои вазъи маҷмуъае аз таҳримҳо сабр кунад, балки мехоҳад чунин амре тайи чанд ҳафта таҳаққуқ ёбад. Эрон мегӯяд таҳримҳои Омрико ва Шӯрои Амният хатти машйи атомии ин кишварро тағйир нахоҳад дод.
Би-Би-Си
Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/ravzanabajaxon/2037-2010-04-01-11-22-08.html