ҲАФТАИ МОТАМ ДАР ЛАҲИСТОН ВА РӮЗИ МОТАМ ДАР РУСИЯ
Нахустин фармони иҷрокунандаи вазифаи раисҷумҳури Лаҳистон эълони як ҳафта мотами миллӣ дар кишвар ба хотири гиромидошти қурбониёни садамаи ҳавопаймои президент гардид. Русия ҳам рӯзи 12-уми апрелро рӯзи мотами миллӣ эълон намуд. Раисҷумҳури Русия Дмитрий Медведев ҳамчунин як комиссияи ҳукуматие барои таҳқиқи сабабҳои садама таъсис дода, дар раъси он Владимир Путин, сарвазири кишварашро қарор додааст.
Ҷониби Русия мегӯяд, ҳавои носозгор ва бархӯрди боли ҳавопаймо ба дарахтон ҳангоми фурудоӣ сабабгори садама шудааст. Сергей Ануфриев, раиси вилояти Смоленск гуфтааст, ҳавопаймо пас аз бархӯрд бо дарахтон ба замин сарозер шуда, чанд пора гаштааст. Ба гуфтаи ӯ, фурудгоҳи ин вилоят бо сабаби туман баста будааст ва қабл аз садама аз халабонҳои ҳавопаймои президенти Лаҳистон тақозо шудааст, ки дар фурудгоҳи шаҳри Минск ва ё Маскав фуруд оянд.
Вале онҳо талош кардаанд, ки ҳавопайморо дар Смоленск фуруд оранд. Ин ҳодиса рӯзи шанбе, 10-уми апрел, соати 12-и зуҳр ба вақти Тоҷикистон рух дод. Ҳавопаймои сохти Ту-154 аз шаҳри Варшава озими Русия буд. Вазири ҳолатҳои фавқулоддаи Русия хабар дод, ки дар ин садама ҳамаи 96 нафар сарнишинони ҳавопаймо кушта шудаанд.
Бар иловаи раисҷумҳури Лаҳистон Лех Качинскӣ ва ҳамсараш, дар ин садама ҳайати баландпояи ин кишвар, аз ҷумла, раиси ситоди артиши Лаҳистон, раиси Хадамоти амнияти миллӣ, раиси Бонки марказии ин кишвар, муовини вазири корҳои хориҷии Лаҳистон, сафири Лаҳистон дар Русия, собиқ президенти Лаҳистон Ричард Качоровски, Омбудсмени Лаҳистон, як қатор вакилони мардумӣ, дипломатҳо ва муаррихон ба ҳалокат расиданд.
Гуфта мешавад, танҳо як нафар ба ин парвози махсус дер карда будааст. Сарвазири Лаҳистон Доналд Туск ба маҳалли ҳодиса омада, ва ин рухдодро фоҷеабортарин дар таърихи пасоҷангии Лаҳистон номид. Садама тамоми Лаҳистонро шок кардааст. Ҳазорон нафар мардуми оддӣ дар маркзаи Варшава, дар назди қасри раисҷумҳурамон гирд омада, гул мегузоранд.
Лех Качинский мебоист дар маросими ҳафтодумин солгарди ёдбуди қурбониёни «Катин» дар Смоленски Русия ширкат мекард. Катин деҳкадаест дар вилояти Смоленски Русия. Бино ба сарчашмаҳои таърихӣ, соли 1940 низомиёни шӯравӣ дар ин деҳа беш аз 21 ҳазор асири лаҳистониро ба қатл расондаанд.
Баъд аз ҳалокати раисҷумҳури Лаҳистон, раиси парлумони ин кишвар Бронислав Коморовский муваққатан масъулияти раҳбарии кишварро бар дӯш гирифт. Раиси парлумони Лаҳистон тайи 14 рӯзи оянда бояд санаи интихоботи қабл аз вақти раёсатҷумҳуриро эълон кунад.
АндӮҳи сарони кишварҳои ҷаҳон аз марги КачинскӢ
Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, дар номае унвони иҷрокунандаи вазифаи раисҷумҳури Лаҳистон Бронислав Коморовский, аз номи мардуми тоҷик ба мардуми Лаҳистон изҳори ҳамдардӣ кард. Барак Обама, раисҷумҳури Амрико, бо пахши изҳороти вижа дар робита ба ҳалокати раисҷумҳури Лаҳистон Лех Качинскӣ гуфтааст, ки марги Качинскӣ “талафоти бузург барои Лаҳистон, ИМА ва олам аст”.
Ба гуфтаи Обама, раисҷумҳур Качинский ходими бузурги давлатӣ буд, ки дар ҷунбиши “Ҳамдилӣ” (“Солидарность”) нақши калидӣ дошт. Сарвари Амрико дар изҳороти вижаи худ ҳамчунин ишора кардааст, дар Амрико Лех Качинский ҳамчунин раҳбаре, ки умри худро сарфи арзишҳои демократӣ ва арҷгузорӣ ба ҳуқуқи башар кардааст, аз эҳтироми бузург бархурдор буд. Сарвазири Британия Гордон Браун гуфт, ин фоҷеа ӯро дар ҳоли шок қарор дода ва сахт андӯҳгин кардааст.
Раисҷумҳури Афғонистон Ҳомид Карзай изҳор намуд, ки бо мардуми Лаҳистон ҳамдард аст ва барои Качинскӣ дасти дуо мекушояд.Вазири умури хориҷаи Испания, ки раёсати даврии Иттиҳоди Аврупоро бар дӯш дорад, изҳор намуд, Иттиҳоди Аврупо дар ин лаҳзаҳои сангин Лаҳистонро танҳо нахоҳад гузошт. Раҳбарони Русия, Фаронса, Олмон, Паймони НАТО ҳам ба Варшава барқияҳои ҳамдардӣ ирсол кардаанд.
Дар Маскав мардум ба назди бинои сафорати Лаҳистон гул гузоштанд. Раисҷумҳури Русия ва сарвазири ин кишвар, Медведев ва Путин, ба мардуми Лаҳистон муроҷиати ҳамдардӣ карданд.
«Озодӣ»
Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/ravzanabajaxon/2094-2010-04-11-10-43-01.html